Раҳим Масов, таърихшинос ва донишманди шинохтаи тоҷик, ҳукумати Тоҷикистонро барои ба Чин додани як ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави кишвар интиқод кард. Ӯ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ таслими 3 дар сад аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро, иштибоҳи дипломатҳои тоҷик хонд, ки ба гуфтаи ӯ бо олимон машварат намекунанд:"Онҷо терротирияи муқимии қадимии тоҷикон аст, на замини хитоиҳо. На манзилгоҳ на нишонии таърихии онҳо дар ин қаламрав нест. Мо инро исбот карда навишта ва ба аъзои ҳукумат додем. Як кас аъзои комиссия буд, гуфт "хай ҳамин кӯҳ будай да, додан гиред. Наваду се фоизи Тоҷикистон кӯҳ аст, баъд додан гирем, баъд чӣ мемонад ба мо." Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 12 январ қарордод миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи вогузории қисмате аз қаламрави ин кишвар ба Чинро ба тасвиб расонд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин санад ба баҳси марзии миёни ду кишвар хотима дод.