Wikileaks таҳдид кард, ки номи сиёсатмадорони сармоядори оффшорро фош хоҳад кард. Оё дар ин миён номе аз Тоҷикистон низ фош хоҳад шуд?
Як бонкдори собиқи Швейтсария ё Суис бо номи Рудолф Елмер бастаи иттилотеро роҷеъ ҳисобҳои бонкии ҳудуди ду ҳазор нафар аз сиёсатмадорони кишварҳои мухталифро, ки бо истифода аз сиррӣ будани фаъолияти бонкӣ аз пардохти молиёт сарфи назар кардаанд, дар ихтиёри Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори сомонаи Wikileaks қарор додааст. Ҷулиан Ассанҷ гуфтааст, ки то ду ҳафтаи дигар ин номҳоро мунташир хоҳад кард.
Оё номҳое аз Тоҷикистон ифшо хоҳанд шуд?
Рудолф Елмер зимни тақдими ду диски компютерӣ ба Ассанҷ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ин иттилоот номҳои миллионерҳо, ширкатҳои бузург, сандуқҳои сармоягузорӣ ва сиёсатмадоронро фаро мегирад. Аммо оё номҳое аз Тоҷикистон низ зимни ин ифшогариҳо рӯи саҳифаи Wikileaks хоҳад омад.
Фошкориҳои сомонаи интернетии Wikileaks дар поёни соли гузашта, дар чанд маврид ба Тоҷикистон низ робита мегирифт ва розҳоеро аз гуфтугӯҳо ва муносиботи раҳбарони кишвар ҳувайдо кард. Агарчанд ба рағми дигар кишварҳо, ки ба фошкориҳои Wikileaks вокуниҳои мухталифе нишон доданд, роҳбарони Тоҷикистон ҳамчунон маълумотҳои роҷеъ ба худро тайид ё такзиб накардаанд.
Акнун суол ин аст, ки ин навбат низ дар фошкориҳои Wikileaks роҷеъ ба ҳисобҳои бонкӣ, исме аз Тоҷикистон рӯи об хоҳад омад? Агарчанд аз ҳамин ҳоло маълум аст, ки агар исме ҳам аз Тоҷикистон бурда шавад, хоби касеро ба истилоҳ нороҳат нахоҳад кард.
Аммо аксари коршиносоне, ки дар ин маврид изҳори назар кардаанд, мегӯянд, ки бештар аз ҳама кишварҳои ҷаҳони севвум ва худкомае назири Тоҷикистон ва ҷамоҳири дигари Осиёи Марказӣ бояд нигарон аз ин фошкориҳо бошанд. Ба ақидаи ин коршиносон, агар ин фошкориҳо сурат бигирад, номҳое аз Тоҷикистон низ ҳатман рӯи об хоҳад омад.
Иқтисоди пинҳон ва ошкори Осиёи Миёна
Бархе коршиносон мегӯянд, ки иқтисоди пинҳонии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз иқтисод ошкорои онҳо ба маротиб зиёд аст ва манбаи аслии даромади пинҳонӣ, аслан фасод аст. Ва ба ин далел, сармояҳои бо роҳи ғайри қонунӣ ба даст омада дар кишварҳои минтақа, умдатан дар минтақаҳо оффшор нигаҳдорӣ мешаванд. Ва ба ин далел аст, ки бояд интизори рӯи об омадани номҳое аз Тоҷикистон низ бошем.
Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон мегӯд: «Иқтисоди пинҳони кишварҳои фасодзада аз иқтисоди расмии онҳо зиёдтар аст. Ва ин ба пул робита дорад, ба молиё робита дорад. Ин пулҳо дар дохил нигаҳдорӣ намешаванд, зеро дар дохил бояд манбаъи даромад нишон дода шавад, молиёт супурда шавад. Ба ин хотир ин пулҳо ба кишварҳои хурди аврупоӣ, назири Швейтсария, Қибрис, Лихтенштейн, Сан-Марино ва монданди инҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Аз ин хотир миллиардҳои кишварҳои фасодзада дар ин кишварҳо ҷамъ шудааст. Ва албатта дар сурати ошкор шудан таъсир хоҳад дошт.»
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик низ шубҳае надорад, ки дар миёни асноде, ки Wikileaks нашр хоҳад кард, ҳатман номе аз Тоҷикистон зикр хоҳад шуд.
Ба гуфтаи профессор Умаров таҷрибаи як соли охир бо ширктаи IRS, ки ба пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд машғул аст нишон дод, ки пули зиёде аз Тоҷикистон ба минтақаҳои офшор меравад, аммо ҳамчунон ҷомеъаи Тоҷикистон натавонистааст бифаҳмад, ки молики ин ширкат ва ин пулҳо кӣ ҳаст. Вале ба делели он, ки номи молики ширкат пинҳон дошта мешавад, коршиносон ҳадс мезананд, ки ин шахс метавонад аз раддаҳои ҳокимияти сиёсӣ бошад.
Пайомади манфии фошгӯиҳо
Оқои Умаров мегӯяд, дар сурати ошкор шудани номҳои аз ҷумлаи сиёсатмадорони Тоҷикистон дар миёни пулдорони минтақаҳои оффшор, расвоии он як тарафи кор аст, аммо пайомади манфии он барои ҷомеаи кишвар тарафи дигар масъала.
Профессор Умаров мегӯяд: «Дар шароити камбизоатии шадиди мардум, бархе аз роҳбарони давлат пулҳои худро ба ҳамин ҳисобҳои оффшор гузаронида истодаанд. Дар сурати ошкор шудани ин кор, як шармандагии калон дар Тоҷикистон мешавад. Ман гумон мекунам, ки як таъйироти мусбат ва манфӣ ба вуҷуд оварданаш мумкин аст. Мисли кунд шудани равандҳои демократӣ ва зиёд шудани элементҳои диктаторӣ дар ҷомеъа».
Сомонаи Wikileaks дар поёни соли гузашта низ роҷеъ ба Тоҷикистон матолибе, аз ҷумла мухбирномаҳои сафири собиқи ИМА дар Душанберо роҷеъ ба раҳбарони Тоҷикистон, оидоти иқтисоди кишвар ба суди як гурӯҳи хос ва мавзеъгириҳои Тоҷикистон ва мақомоти он дар моварои сиёсатҳои Русия ва Амрико нашр карда буд. Инчунин маълумоте ҳам роҷеъ ба фаъолияту гуфтугӯҳои ошкору пинҳони чанд вазир аз ҷумла вазирони дифоъ ва хориҷа нашр карда буд, ки ҳаргиз роҷеъ аб ҷузъиёти он изҳори назар ё вокуниш сурат нагирифт.
Гуфта мешавад, эҳтимолан то ду ҳафтаи дигар ин иттилои марбут ба ҳисобҳои офшор дар шабакаи интернетӣ пахш шавад. Ин навбат низ коршиносон рӯи саҳифаи Wikileaks омадани номҳое аз сиёсатмадорони сармоядори Тоҷикистонро рад намекунанд, аммо ҳамчунон баъид медонанд, ки ин ифшогарӣ вокунише ва ё тағйироте дар пай дошта бошад. Мисле, ки профессор Умаров мегӯяд, имкон дорад ин ифшогарӣ баръакс боиси афзоши саркӯбӣ ва худкомагӣ дар кишварҳои минтақа ба манзури ҳифзи қудрат шавад.