Яккатозии ширкатҳои "имтиёздор"-и бозорҳои Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, 77 дарсади маҳсулот ба кишвар дар соли 2010 бо имтиёзҳои махсус ворид шудааст.
Неъмат Раҳматов, муовини аввали сардори хадамот дар як нишасти хабарӣ дар мавриди номгӯи маҳсулоте, ки пурра ва ё қисман аз пардохтҳои гумрукӣ озод шудаанд, гуфт: «Воридоти молҳо ҳамчун кӯмакҳои башардӯстона, маводи сохтмонӣ барои иншоотҳои махсусан муҳим, мол барои пурра кардани захираҳои давлатӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва боз як қатор маҳсулоти дигаре ҳаст, ки тибқи қонунгузорӣ аз супоридани молиёт озоданд».

Имтиёз, ё гурез аз андозҳо?

Тибқи иттилои хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли 2010 аз 2 миллиарду 650 миллион доллар маҳсулоте, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, 2 миллиарду 40 миллионаш аз имтиёзҳо бархӯрдор буданд. Ба қавли оқои Раҳматов, ин ҳол ба вазъи ҷамъ овардани пардохтҳои гумрукӣ таъсир расондааст.

Тибқи омор, воридоти кишвар 4 дарсад ва содирот, ки 1 миллиарду 200 миллион доллар ташкил медиҳад, 24 дарсад афзудааст. Аммо мақомоти гумрук мегӯянд, дар қиёс бо солҳои пешин ин нишондиҳанда мусбат нест ва дар соли 2010 омилҳое, чун бӯҳрони молӣ, ноамниҳои Қирғизистон ва мушкили вагонҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон боиси коҳиши суръати рушди воридот ва содирот шудаанд.

«Имтиёзҳои ғайрирасмӣ»

Аммо коршиносон мегӯянд, нуктаи баҳбарангез ҳамоно аз имтиёз бархӯрдор будани 77 дарсади маҳсулоти воридотист, ки падидае дар таҷрибаи ҷаҳонӣ камназир аст.

Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ин рақами тааҷҷубангез далели мавҷудияти имтиёзҳои ғайрирасмӣ барои қишри сарватманди ҷомеа аст.

Ӯ гуфт: «Имтиёзҳои ғайрирасмӣ ин ҷузъи «иқтисоди пинҳонӣ» мебошанд. Дар ин ҷо садҳо вуҷуд доранд ва кадом имтиёзе, ки набошад, бояд расмӣ бошанд. Азбаски мақомот танҳо арқомро мегӯянд, хулосаи дақиқтар бароварда намешавад. Мақомот бояд гӯянд, ки ин чӣ имтиёзҳо ва барои кадом ширкатҳо ҳастанд. Ҳамон гандуму воситаҳои техникиро ҳам кадом як ширкат ворид мекунад. Ин ширкатҳо аз киҳоянд ва чӣ хизмате барои беҳбудии зиндагии мардум карданд?»

Ҳомиёни ширкатҳо

Бархе коршиносони дигар мегӯянд, иддае аз ширкатҳои дохиливу хориҷӣ бо истифода аз пуштибонҳои қавӣ дар ҳукумати Тоҷикистон тавонистаанд барои моли тиҷорати худ низ имтиёз гиранд, то фоидаҳои бузург ба даст оранд.

Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, вақте сухан дар бораи ворид кардани таҷҳизот барои нерӯгоҳҳо, маводи аз лиҳози стратегӣ муҳим ё таҷҳизоти компутар меравад, имтиёзҳоро асоснок кардан мумкин аст.

Ӯ афзуд: «Аммо ба ин гуна амвол маводе низ ворид мешаванд, ки бояд пардохтҳои гумрукиро супоранд. Масалан, баллонҳо барои мошинҳои нерӯгоҳи Роғун. Кӣ гуфта метавонад, ки онҳоро ба бозор ворид намекунанд? Ё маводи сохтмонӣ метавонад ба номи Роғун, аммо ба коми бозор ворид шавад. Ҳар моли барои нерӯгоҳҳо, ки ворид мешаванд, аз пардохтҳои гумрукӣ озоданд. Ин ба назарам, дуруст нест» .

Бозори «наҳангҳо»

Оқои Абдуллоев мегӯяд, ворид шудани афроди оддӣ ба чунин тиҷоратҳои бузург бидуни мусоидати пуштибонҳои қавӣ дар сатҳи болоии ҳукумат имкон надорад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон аз ироаи феҳристи ширкатҳое, ки барои нерӯгоҳҳо таҷҳизот ворид мекунанд ё бо тиҷорати маводи ниёзи аввал машғуланд, ҳамеша худдорӣ кардаанд. Танҳо чанд маротиба аз имтиёзҳои ширкати Талко сӯҳбат шудааст, ки корхонаи муҳимтарини саноатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аммо дар нишасти охирини хабарии худ Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон дар мисоли инҳисори воридоти маводи сӯхт ба Тоҷикистон гуфт, ки ин соҳаро Русия монополия кардааст, ки ин ба амнияти кишвар таҳдид мекунад.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, дар ин тиҷорат низ бархе аз мақомоти фасодзадаи Тоҷикистон шарики ширкатҳои русӣ ҳастанд. Ба қавли ӯ, тамоми тиҷоратҳои бузург таҳти назорати афроди баландмақом қарор доранд, ки тавассути афроди мӯътамад ва ё пайвандони чунин мақомдорон идора мешавад. Ва дар ҳоле ки Душанбе барои иҷрои барномаҳое, чун мубориза бо фақр ва ҳимояти буҷа аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ дархости кӯмак мекунад, як манбаъи муҳими такмили хазинаи давлатро, ки боҷу хироҷи гумрукист, ба дасти имтиёзҳо супурдааст. Имтиёзҳое, ки дар бисёри кишварҳои ҷаҳон назир надоранд.