Дар остонаи музокироти барномаи ҳастаии Эрон ИМА саъй дорад, бо кишварҳои муттафиқ татбиқи таҳрими СММ-ро арзёбӣ кунад.
СММ бо нигаронӣ аз паҳлӯҳои норӯшани барномаи ҳастаии Эрон бар зидди ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардааст. Оё ин таҳрим воқеан Теҳронро ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ маҷбур хоҳад кард? Оё мардуми одии ин кишвар аз таҳрим азияте нахоҳад дид?
Радиои Озодӣ дар ин робита бо Дейвид Коҳен, ёвари вазири молияи ИМА, сӯҳбате анҷом дод. Ҷаноби Коҳен гуфт: “Дар матбуоти Эрон шарҳу тафсири зиёде нашр шудааст, ки дар он раҳбарони ҷумҳурии исломӣ бо нодидагирии таҳрим танқид шудаанд. Мисолҳои дигаре низ ҳастанд, ки шаҳодати ташвиши раҳбарияти Эрон аз таъсири иқтисодии таҳрим мебошад. Эрониҳо чандин дафъа барномаи ислоҳоти ёрона ва ё ба истилоҳ субсидияро ба таъхир гузоштанд, вале акнун маҷбуранд, ки иҷрои онро оғоз намоянд. Ба фикрам таъхири ин ислоҳот бо он марбут буд, ки ҳукумати Эрон намедонист, ки ба назорати болоравии нархҳо дар шароити таҳрим қодир хоҳад буд ё не? Хуллас, чандин ишора аст, ки таъсири таҳрим эҳсос мешаваду раҳбарони Эрон онро ҷиддӣ мегиранд.”
Суол: -Даври навбатии музокироти барномаи ҳастаии Эрон дар Истанбул доир мешавад. То ҷое медонем дар СММ, Туркия бар зидди тавсеаи таҳрими Эрон садо баланд кард ва ҳоло ҳам ширкатҳои Туркия бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд.
Дейвид Коҳен: “Ба фикрам суол бояд ин тавр гузошта шавад, ки оё Туркия барои Эрон ба як даричаи фирор аз таҳрими байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт ё не? Мо воқеан чунин назар надорем. Мо бо муттафиқони туркиамон дар тамоси наздик ҳастем ва ин мушкилиро баҳс мекунем. Ниҳодҳои молии Туркия хеле ҳам бо эҳтиёт буда, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молии Эронро канор мегузоранд. Ба фикрам бояд миёни паёмҳои мардумӣ ва амалкардҳои хусусӣ фарқе гузошта шавад.”
Суол: -Ҳадафи ниҳоӣ аз таҳрим чист? Бисёре аз эрониҳо бар ин ақидаанд, ки зарбаи асосии таҳрим ба онҳо рост меояд.
Дейвид Коҳен: “Мо манфиатдорем, ки таҳрими ҳадафмандонаи мо ҳаддалимкон дақиқ бошаду ба ҳамон афрод, ширкатҳо ва ниҳодҳое таъсир расонад, ки бо фаъолиятҳои берун аз муқаррарот машғул ҳастанд. Мо ниҳодҳое ташхис кардаем, ки бо таъмини молии барномаи мушакҳои ҳастаии Эронс ару кор доранд. Мо ниҳодҳои молиеро муайян намудем, ки дар чорчӯби сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо пуштибонии молии барномаи ҳастаии ҷумҳурии исломӣ ва дар чорчӯби нерӯи Қудс аз терроризм пуштибонӣ мекунанд. Мо дарк мекунем, ки ҳатто таҳрими ҳадафмандона ба ваҷҳи умум рӯи мардуми Эрон таъсир мегузорад. Вале ба фикрам ин масъаларо бояд бо ҳукуматъи Эрон дар миён гузошт”.