Профессорро дар Кӯлоб боздошт карданд

Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", Саидамир Амакиев-корманди Фарҳангистони улум дар Кӯлоб барои авомфиребӣ боздошт шудааст. Сарҳанг Абдулваҳоб Икандаров-раиси пулиси Кӯлоб гуфтааст, сокини 56 солаи деҳаи Сариосиёб барои дохил кардани довталабон ба донишгоҳҳо миёнҷигарӣ мекардааст ва аз онҳо барои ин "хидмат"-и худ аз 500 то 700 доллар ришва мегирифтааст. Чунин рафтори вай замоне ифшо шудааст, ки вай 15 ҳазор доллар ҷамъ кардааст, вале натавонистааст довталабонро ба донишгоҳҳо дохил кунад.