Таҷаммӯи норозиён дар назди шаҳрдории Душанбе

Даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллаи "Ипподром"-и шаҳри Душанбе аз шаҳрдорӣ талаби манзилҳои беҳтар карданд.
Далели таҷаммӯъи ин занон тахриби маҳаллаи онҳо тавассути шаҳрдорӣ ва бунёди Наврӯзгоҳ ва роҳи калони мошингузар дар ҷойи зисти онҳо будааст.

Ба гуфтаи бархе аз ин занон, ҳукумати шаҳри Душанбе бо сокинони маҳал дар ин замина сӯҳбат карда ва мардум низ розигии худро додаанд. Аммо ин занон мегӯянд, шаҳрдорӣ дар ивази тахриби манозилашон, ба хонаводаҳое, ки иборат аз се оила ҳастанд, хонаҳои се ҳуҷрагӣ медиҳад, ки онҳоро қонеъ нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, шаҳрдории Душанбе барои 57 хонаводаи маҳаллаи Ипподром дар ивази тахриби манозилашон дар маҳаллаҳои Зарафшон, Мардон ва Дӯстӣ, хонаҳоеро аз биноҳои баландошёна ваъда кардааст.

Ҳамакнун занони таҷаммӯъкарда аз шаҳрдории Душанбе талаб доранд, ки ҳадди ақал барои ҳар оилаи як хонавода, як хонаи якҳуҷрагӣ диҳад, то онҳо тавонанд, бо фарзандонашон зиндагӣ кунанд.

Дар чанд соли ахир шаҳрдории Душанбе ба хотири иҷрои плани генералӣ ва ободу зебо гардондани пойтахти Тоҷикистон, мардуме, ки дар маркази шаҳр зиндагӣ доранд, ба ҷойи дигар аз канори пойтахт кӯч медиҳад.

Аммо дар муқоиса ба солҳои пеш, шеваи интиқоли аҳолӣ аз марказ ба канори он ба таври осуда ва бо таъмини хонаҳо сурат мегирад.