Як гурӯҳ афроди ришдор дар Душанбе мегӯянд, бозпурсии пайдарҳами онҳо аз сӯи мақомоти умури дохилӣ ба зиндагӣ ва тиҷораташон латма задааст. Мирзо Шамолов, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунад, гуфт, дар пайи чунин рафтори мақомот, баъзе аз ҳамкорони тиҷорияш робита бо ӯро қатъ кардааанд.
“Баъзе аз бародарон, ки ҳамроҳи мо тиҷорат мекарданд, ба ҳамкории худ хотима бахшида, моро зери шубҳа қарор доданд, ки ягон дуздем ё роҳзанем, ки пулис ҳамеша ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебарад. Вазъ то ин дараҷа расидааст, ки дигар одамон ҳамроҳи ришдорон ҳамкорӣ кардан намехоҳанд.”
Мирзо Шамолов мегӯяд, ҳамсояву наздикон низ дигар ба ӯ бо назари шубҳа менигаранд ва ин ҳама ба рӯҳияи аҳли хонадонаш бетаъсир намондааст.
Ҳоло ӯ ва афроди дигари ришдор аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳанд, то ба мушкили онҳо расидагӣ карда, “мӯйро аз хамир ҷудо кунад.”
“Илтиҷо мекунем, ки ҷараёни тафтиши ришдоронро ба низом дароранд. Ҳоло бисёр ҳуқуқи мо поймол мешавад. Барои мисол, вақте дар кӯча ҳамроҳи оилаат меравӣ, туро меқапанд. Мо хоҳиш дорем, чуноне ки дар Қонуни асосӣ давлат кафолати озодии шаҳрвандонро додааст, зиндагии мо ҳам мувофиқи ҳамин Қонуни асосӣ бошад”, афзуд Шамолов.
Яке дигар аз ришдорон, ки худро Зайниддинзода муаррифӣ кард, бовар дорад, ки як гурӯҳ худсарона ришдоронро “шикор” намуда, ихтилоф дар ҷомеаро ба по мекунанд.
Вай мегӯяд, бояд мақомоти болоии Тоҷикистон асли қазияро таҳқиқ намуда, мавқеи расмии худро низ рӯшан бикунанд, ки то куҷо боздошти ришдорон қонунӣ ва то куҷо ғайриқонунист.
Зеро ба гуфтаи Зайниддинзода, вақте онҳо аз мақомоти умури дохилӣ амр ё дастури расмӣ дар бораи риш надоштанро пурсидаанд, онҳо гуфтаанд, ки “фармон аз болост”.
“Эҳсос мекунам, гоҳо худсарона ин корҳоро мекунанд. Чун на ҳама ришдор террорист аст. Онҳое, ки террорист ва душмани миллатанд, ба ҳама маълуманд. Баъд, як одамро як бор санҷиш мекунанд. Намешавад, ки дар як рӯз се бор як нафарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ баранд”, илова кард ӯ.
Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, бозпурсии афроди ришдор дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ набуда, балки барои дақиқ кардани ҳуввияти нафаронест, ки ба ифротгароӣ ва узвият дар созмонҳои террористӣ муттаҳам мешаванд.
Додситони кулли Тоҷикистон дар охирин сӯҳбати худ бо хабарнигорон гуфт, ки “риш мондан мамнӯъ нест, аммо боздошт ва бозпурсии ришдорон аз тадобири амниятӣ аст, ки аз сӯи мақомот рӯи даст гирифта шудааст.”
Абдураҳим Холиқов, раҳбари Кумитаи умури дини Тоҷикистон ҳам мегӯяд, риш бояд ончунон гузошта шавад, ки ҳам зебо бошаду ҳам дигаронро ба шубҳа наандозад.
Вай гуфт: “...ҳанӯз дар лойбозиянд ҷавонони мо. Ришро агар зебо монанд, бигузор мондан гиранд. Лекин ришмонӣ ҳам санъату зебоӣ дорад. Агар мо мехоҳем, ки исломро зебову хубтар нишон диҳем, бояд бо маънавиятамон, бо тарзи гуфтору зиндагии осудаамон муаррифӣ кунем, беҳтар аст.”
Боздошт ва бозпурсии афроди ришдор дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи пеш, дар пайи ноамниҳои шарқи Тоҷикистон ва фаъол шудани ҳаракату созмонҳои тундраву террористӣ дар шимоли кишвар оғоз ёфт.
Ҳоло ришдорон мегӯянд, “умед аст, ки раиси ҷумҳур ба мушкили онҳо расидагӣ карда, нахоҳад гузошт, то барои як кайк шуда, пӯстинро бисӯзонанд.”