Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ 50 сол аст бо садои "лутфи Худо" ва таронаҳои нав ба нав ҳамрозу дамсози мардуми худ аст.
Вай дар ин муддат зиёда аз 2000 тарона сурудааст ва ба зиёда аз 400 матн оҳанг бастааст. Чанд насли мардуми Тоҷикистон бо сурудҳои Ҷӯрабек Муродов бузург шудааст, ӯ аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки дар саросари Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳаводорони худро дорад.
Мусиқишиносон мегӯянд, ба шарофати садои вижааш -- "баритони лирикӣ" ва омезиши сабкҳои классик бо мусиқии мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов тавонист, роҳи махсуси хешро дар олами ҳунар пайдо кунад. Ин роҳ дертар ба мактабе табдил ёфт, ки даҳҳо овозхони дигар дар он нумӯъ карданд. Вижагии мактаби ӯ дар он аст, ки баъдан шогирдони ин мактаб услуби Ҷӯрабекро идома дода ва аз он хориҷ нашуданд.
Шӯҳрати ӯ, ки дар замони шӯравӣ ба авҷи хеш расида буд, Ҷӯрабекро ба сиёсат кашонд. Вакили парлумони Тоҷикистон буд, дар рақобатҳои сиёсии ҷомеа ширкат дошт, аммо мегӯяд ба ин роҳ ғайриихтиёр ворид гашт ва дилсард шуд, чун сиёсатро аз дарун шинохт.
Аммо сиёсатомезияш низ Ҷӯрабек Муродовро натавонист аз саҳнаи ҳунар дур кунад. Ҳарчанд имрӯз бештари вақташро бо наберагонау наздиконаш мегузаронад, таронаҳои нав месозад ва маҳфилҳоро меорояд. Вай ҳамчунин ҳунари хешро ба шогирдонаш меомӯзонад. Аз чаҳор писари Ҷӯрабек Муродов кучактарин, Ҷонибек пайрави падар шудааст, ки низ имрӯз миёни мардуми Тоҷикистон маъруф аст. Гоҳе онҳо ҳамроҳ тарона мехонанд.
Нашри навбатии "Ситораборон" ба ин устоди ҳунар бахшида шудааст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад