А. Раҳмонов аҳзоби мухолифро ба телевизион мехонад

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гуфт, телевизион омодааст, таҳаввулоти аҳзоби мухолифро пайгирӣ кунад ва барои намояндагони ҳизбҳои мухталиф минбар фароҳам оварад.
Аммо, афзуд ӯ, ҳеҷ як аз ҳизбҳои кишвар барои ҳузур дар барномаҳои телевизионӣ муроҷиат накардаанд. Ҷаноби Асадуллоев, ки рӯзи ҷумъа бо хабарнигорон мулоқот дошт, гуфт, ки дари телевизиони давлатӣ ба рӯи дигарандешон низ боз аст ва онҳо метавонанд аз ин минбар истифода кунанд.

Назари раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба мавзуи озод набудани фаъолияти телевизионҳо дар ҳоле пахш шуд, ки аҳзоби сиёсӣ ва рӯшанфикрон шабакаҳои телевизиониро барои баррасиҳои якҷониба ва таблиғу мадҳу санои мақомот пайваста интиқод мекунанд.

Ба гуфтаи танқидгарон, ин далел, ки шабакаҳои давлатӣ ба ҷойи пайгирии таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии дохили кишвар, ба пахши ахбори байналмилалии сабтшуда аз шабакаҳои дигар тарҷеҳ медиҳад, мояи нороҳатии ҷомеа шудааст.

Ин гурӯҳҳо мегӯянд, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, ки бо молиёти шаҳрвандон сармоягузорӣ мешаванд, рисолати аслии худ, яъне пахши ахбори сарвивақтӣ ва беғаразонаро ба хубӣ иҷро намекунанд ва бештар ба тарғибу таблиғи сиёсатҳои ҳукумат машғуланд.

Ифрот дар истифодаи аксу садои президент


Истифодаи аксу садои раисиҷумҳур дар оғози барномаҳои хабарӣ баҳси дигарест, ки ба назари аксари таҳлилгарон таъсири баръаксро ба бор овардааст.

Аммо Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд, ки истифодаи сӯҳбатҳои раисиҷумҳур дар барномаи хабарӣ як бозёфти ҳунарӣ аст, ки телевизион онро ба роҳ мондааст.

Ӯ афзуд: «Ин як бозёфти коргардон аст. Ин як даъват аст. Даъвати раисиҷумҳур барои дӯстӣ ва ваҳдат аст. Ҳеҷ ҷои шубҳа надорад».

Шабакаҳои давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, яъне аз ҳисоби маблағи молиёти шаҳрвандон, сармоягузорӣ мешаванд. Аммо афзоиши теъдоди зиёди моҳвораҳо дар боми хонаҳо гувоҳи он аст, ки сокинон барои дарёфти ахбор шабакаҳои дигарро ҷустуҷӯ мекунанд.

«Рӯйхати сиёҳ»-и Кумитаи радио ва телевизион

Шӯҳрат Қудратов, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, бо ишора ба ҳиссаи мардум дар сармоягузории шабакаҳои давалатӣ мегӯяд, ин телевизионҳо ӯҳдадоранд, ки дар баробари нашру пахши ахбори расмӣ андеша ва назарҳои гурӯҳҳои дигари сиёсиро низ инъикос кунанд.

Ӯ гуфт: «Баъзе вақтҳо моро ба телевизион роҳ медиҳанд. Моро ҳам сабт мекунанд. Аммо дар вақти барнома сабти анҷомшударо нишон намедиҳанд. Аз рӯи маълумотҳое, ки мо дорем, дар кумитаи телевизион рӯйхати шахсони алоҳидае ҳастанд, ки ба телевизион даъват нашаванд ва аз оинаи нилгун нишон дода нашаванд».

Аксаран шоҳиданд, ки бори охир чеҳраи раисони аҳзоби мухолифро моҳи феврали соли гузашта дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дида буданд. Он ҳам на ба андозаи имконоти ҳизби ҳоким, ки намояндагони он ба таври фаровон дар шабакаҳои телевизионӣ ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи бархе аз нозирон, баъзан ходимони телевизион аз нишастҳои муҳим бо ширкати чеҳраҳои саршиноси кишвар гузориш сабт мекунанд, аммо ин гуна гузоришҳо маъмулан таҳрир мешаванд ва акси аҳли назар аз онҳо бурида мешавад.

А. Раҳмонов: Мо ягон монеа эҷод накардаем

Аммо раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ба ин мавқеъ, ки телевизион дидаву дониста аҳли назарро ба студияҳо роҳ намедиҳанд розӣ нест.

Ӯ мегӯяд: «Касе, ки муроҷиат мекунад, мо ягон бор монеа ва қайчӣ накардаем. Агар мо онҳоро, ҳамон андешаҳои ҳизбҳои сиёсии гуногунро пахш кунем, ба фоидаи ҷомеа аст. Мо ягон бор сарфи назар накардаем.»

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт ёд надорад, ки тӯли шаш соли вакилӣ шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ барои сӯҳбат ба ӯ муроҷиат карда бошанд. Баръакс муроҷиатҳои батакрори онҳоро барои инъикос ва ба дастраси мардум қарор додан масъулони ин шабакаҳо сарфи назар кардаанд.

Ӯ гуфт: «Чанд маротиба дар чорабиниҳои ҳизб мо даъватҳое аз телевизионҳо карда будем. Мутаассифона, шояд ба далели серкорӣ ё банд будан дар ҷойҳои дигар онҳо ташриф наоварданд».

Хабарҳои телевизион – садама ва ҳодисаи табиӣ

Аз сӯи дигар танҳо ин шахсият ва гурӯҳҳои сиёсӣ нестанд, ки аз инъикоси якҷониба ва тавсифҳои ноҷои мақомоти аввал дар телевизионҳои давлатӣ ибрози нигаронӣ мекунанд. Сокинони кишвар низ мегӯянд, бештар барномаи телевизионҳои дигарро тамошо мекунанд. Зеро гузоришу барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон аз воқеияти имрӯзии кишварҳо хеле фосила доранд.

Ин сокинон мегӯянд, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз кушта шудани як нафар бар асари садамаи нақлиётӣ дар ин ё он кишвари дур ва ё бар асари ҳодисаи табиӣ зарар дидани сокинони минтақае хабар медиҳанд, аммо аз эътирози сокинони Ҳушёрӣ алайҳи пулакӣ шудани роҳ чизе намегӯянд ва афзун бар ин кори ширкати пулчинии хориҷиро тавсиф мекунанд.

Аз ин рӯ мегӯянд ин сокинон, телевизионҳои давлатӣ ончиро нишон медиҳанд, ки дар бораи онҳо дастур гирифтаанд, на он воқеиятҳоеро, ки дар зиндагии ҳамарӯза мушоҳида мешавад.