Хабаргузории "The Canadian Press" бо такя ба сомонаи Wikileaks як номаи 4 сол қабл ба Вошингтон фиристодаи сафири Амрико дар Узбакистон Ҷон Пурнеллро нашр кард, ки дар он дар иртибототи байни раҳбарони мафия ва мақомоти расмии Узбакистон сӯҳбат шудааст.
Бино бар ин нома, сафорат навори видеоии маросими фотиҳаи Сардор, писари Салим Абдувалиев, як раҳбари олами ҷиноии Узбакистон ва мулаққаб ба Салимбойбачаро дарёфт кардааст, ки дар ин маъракаи сирф занона дар моҳи июли соли 2005 ҳамсарони чанд вазири вақти он кишвар, бо шумули вазири дохила Баҳодур Матлубов, вазири адлия Буртош Мустафоев, вазири хориҷа Элёр Ғаниев ва вазири молия Рустам Азимов низ ҳузур доштаанд.
Гуфта мешавад, як намояндаи Салимбойбача ба занҳое, ки мерақсиданд, пулҳои саддолларӣ мечаспонд ва ҳар меҳмон аз Абдувалиев гарданбанди ҳазордолларӣ тӯҳфа гирифтааст. Тақрибан ҳамон вақт Салимбойбача зодрӯзи пуршукӯҳи ҳамсараш Шаҳлоро низ барпо кард, ки дар он аз ҷумла ҳамсари Элёр Ғаниев ва мансабдорони дигар ширкат варзидаанд. Аксари меҳмонон, бо шумули як сармоядори хориҷӣ ва як тоҷири маъруфи маҳаллӣ ба ҳамсари Салимбойбача 3 000-долларӣ пули нақд тӯҳфа кардаанд.
Дар бораи иртиботи раҳбарони аввали Узбакистон ва ҳатто фарзандони раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов бо сарони мафия, ба хусус бо афроде, чун Салимбойбача ва Ғафурбойбача, ки расман яке раҳбарии Федератсияи гуштии Узбакистон ва дуввумӣ раёсати Федератсияи бокси он кишварро дар даст доранд, аз пеш ҳам зиёд сӯҳбат мешуд ва ҳатто мегуфтанд, ки муомилае нонавишта байни Ислом Каримов ва ин ду, ба истилоҳ “шоҳ”-и мафия ҳам вуҷуд дорад, ки шароити “ҳусни ҳамзистӣ”-ро дар саҳнаи Узбакистон байни давлат ва сохторҳои мафиозӣ таъйин мекунад.
Салимбойбача дар соли 2007 ҳатто унвони ифтихории “Беҳтарин спонсори варзиши сол”-ро ба даст оварда буд. Аммо ин дар ҳолест, ки ҳам Салимбойбача ва ҳам Ғафурбойбача дар олами ҷиноии нафақат Тошканд, балки дар паҳнои Шӯравии собиқ аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдоранд ва иртиботи онҳо бо чунин мақомоти баландпояи узбак, табиист, ки ба обрӯ ва эътибори давлати Каримов латма мезанад.
Саид Музаффар, хабарнигори бахши узбакии РО дар бораи то куҷо воқеият доштани ин ҳама сарусадоҳо мегӯяд: