Маҷлиси қонунгузори Қазоқистон аз баргузории назархоҳии умумимардумӣ дар масъалаи тамдиди даври раёсатҷумҳурии президент Нурсултон Назарбоев то соли 2020-ум пуштибонӣ кард. Ин иқдом имкон медиҳад, ки Назарбоев аз интихоботи соли 2012-ум ҷилавгирӣ кунад. Назарбоеви 70-сола беш аз 20 сол инҷониб раҳбари Қазоқистон аст. Рӯзи ҷумъа ҳар ду палатаи парламенти Қазоқистон ин ислоҳи Қонуни асосии кишварро дастгирӣ намуда, аз референдум пуштибонӣ карданд. Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон мегӯяд, “ташаббуси мардумӣ” ба хотири баргузории назархоҳӣ беш аз 5 миллион имзо ҷамъ овард, ки 55 дар сади шумораи умумии раъйдиҳандагони ин кишварро ташкил медиҳад. ИМА ин барномаро “таназзули демократия” номидааст.