Чаро дар Тоҷикистон то кунун ҷиҳати бозбинии нақши “босмачиҳо” дар таърихи асри бистуми ин кишвар иқдоме ҷиддӣ нашудааст?
Ва оё феълан дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба нақши ин ҳаракати муқовимати зидди Шӯравӣ чӣ назар доранд?
БАНДЕРА – ҚАҲРАМОНИ НИМИ УКРАИНА?
Раисиҷумҳури пешини Украина Виктор Юшенко дар моҳи январи соли 2010, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз тарки ин мақом ба Степан Бандера, раҳбари Созмони миллатгароёни украин дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон унвони Қаҳрамони Украинаро эъто кард. Аммо додгоҳи маъмурии Донетск дар моҳи апрел бар асоси шикояти як шаҳрванд ҳукми Юшенкоро лағв кард.
Додгоҳи олии маъмурии Украина ахиран гуфт, тайи 9 моҳе ки гузашт, касе ҷиҳати бозбинии ҳукми додгоҳи Донетск муроҷиат накардааст ва ба ин далел қарори лағви унвони Қаҳрамонии Бандера ба ҳукми иҷро медарояд.
Тасмими Юшенко ҷиҳати ироаи унвони қаҳрамонӣ ба Бандера, нафаре, ки дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳам алайҳи нирӯҳои Олмони фашистӣ ва ҳам зидди нирӯҳои артиши Шӯравӣ меҷангид, ва ҳамин тавр, тасмими давлати ӯ ҷиҳати ироаи имтиёзҳои ҳамсанг бо собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ба онҳое, ки дар он солҳо алайҳи артиши шӯравӣ меҷангиданд, дар ҷомеаи Украина вокунишҳои зиддунақизеро ба вуҷуд овард ва онро амалан ду тақсим кард.
Аммо Олексий Гаран, таҳлилгари мактаби таҳқиқоти сиёсии Академияи Киев- Могилянск мегӯяд, сӯитафоҳумҳо дар ин замина аз таҳрифи воқеъиятҳои таърихӣ аз сӯи дастгоҳи таблиғотии Шӯравӣ бармеояд, вале набояд Степан Бандераву сарбозони дигареро, ки дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон барои истиқлоли Украина меҷангиданд, ҳамдасти фашистҳо шумурд: “Таблиғоти шӯравӣ мегуфт, Бандера ва Созмони миллатгароёни Украина, ки Артиши муқовимати Украинаро таъсис доданд, гӯё муттаҳидини фашистҳо бошанд. Ин дуруст нест. Дар асл, Артиши муқовимати Украина дар ду ҷабҳа меҷангид – ҳам зидди Олмони фашистӣ ва ҳам зидди Шӯравӣ. Онҳо барои Украина меҷангиданд, ки зери чархи ин ду низоми худкома монда буд. Вақте ҷанги дуввуми ҷаҳон оғоз ёфт, ин мардум умед дошт, ки Олмон ба истиқлоли Украина розӣ мешавад. Вале вақте тарафдорони Бандера истиқлоли Украинаро эълон карданд, Олмони фашистӣ бисёри онҳоро ба конслагерҳо андохт ва қатли оми онҳо шурӯъ шуд. Ва нафарони Бандера ҳанӯз дар замони истилои фашистҳо ба фаъолияти чирикӣ гузаштанд.”
БОЗНАВИСИИ ТАЪРИХ
Албатта, Украинаи аҳди Юшенко дар ин кор пешдасттар буд, вале ба сурати умум, бознигарии нақш ва саҳми афрод ва гурӯҳҳое, ки дар солҳои истиқрори низоми шӯравӣ ва ҳам дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳон алайҳи Шӯравӣ меҷангиданд, дар аксари кишварҳои шӯравии собиқ мушоҳида мешавад.
Дар Русия ҳатто дар бораи адмирал Колчак, фармондеҳи нирӯҳои мухолифи артиши сурх сериали тӯлоние ба навор гирифта, онҳоеро, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1920 алайҳи шӯравӣ меҷангиданд, акнун қурбониёни мошини “террори сурх” ба қалам медиҳанд.
Дар аҳди шӯравӣ онҳое, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ алайҳи артиши сурх меҷангиданд, бо лақаби “босмачӣ” ёд шуда, дар китобҳо ва филмҳои он замон ҳам танҳо ба гунаи тӯдаҳои бесаводу ғаддор тасвир мешуданд. Киностудияҳои “Тоҷикфилм”-у “Узбакфилм”-ро ба маҳзи чунин филмҳо ҳатто “Басмачфилм” ҳам лақаб дода буданд.
Аммо акнун дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шояд танҳо дар Туркманистон таҷдиде ҷиддӣ дар мавриди арзёбии таърихи солҳои бистум ва нақши Ҷунайдхон, нафаре ки зидди артиши сурх бархост ва танҳо дар пайи таъсиси ҷумҳурии мустақили Туркманистон силоҳашро ба замин гузошт, сурат нагирифтааст. Вале раванди бознависии таърихи он даврон дар кишварҳои дигари минтақа, албатта, бо вусъат ва суръати мухталиф, вале ба ҳар сурат, аллакай шурӯъ шудааст.
ҲАТТО ШОҚАЙ САФЕД ШУД
Дар Қазоқистон аз ҷумла исми шахсиятҳое, чун Алихон Буқейхон, асосгузори Алаш-Ӯрда, нахустин давлати миллии қазоқҳо дар соли 1917 ва ҳатто Мустафо Шоқай, аз нахустин раҳбарони Легиони Туркистон, ки бо мусоидати Олмони фашистӣ ташкил шуда буд, на фақат сафед шудааст, балки акнун ба шарафи онҳо анҷуманҳои илмӣ барпо кардаву мактабҳову кӯчаҳову хиёбонҳоро ба номи онҳо мегузоранд.
Султонхон Юсуф, хабарнигор ва муаррихи қазоқ, ки дар бораи Алихон Буқейхон рисолаи докторӣ ва 7 ҷилд китоб навиштааст, мегӯяд: “Ному корномаҳои онҳо ба китобҳои дарсӣ ворид шуда, дар Қазоқистон як барномаи давлатӣ бо номи “Мероси фарҳангӣ” таҳия шудааст, ки ба гирдоварӣ ва нашри осори ин собиқ “душманони халқ” машғул аст. Як кӯчаи бузург дар Алма-Ато ва чанд кӯчаи дигару мактабу ҳатто донишгоҳҳо номи Аҳмад Бойтурсун, Алихон Буқейхон аз асосгузорони Алаш-Ӯрдаро доранд. На ба ин андоза, албатта, аммо Мустафо Шоқайро ҳам пурра сафед кардаанд. Вале дар бораи Шоқай як филми дусериягӣ ҳам бардоштаанд, ки солҳои зиндагии ӯ дар Порис ва чигуна ташкил шудани Легиони Туркистон дар Олмонро қисса мекунад.”
КӮЧАИ БА НОМИ ҚӮРБОШӢ
Дар Узбакистон, ки дар аҳди Ислом Каримов раванди бознависии таърих вусъате бесобиқа гирифта, амир Темурро ҳам қаҳрамони миллӣ эълон карданду Шайбониҳоро низ, акнун ба нақши онҳое, ки дар таърихи муосир ба унвони “босмачиҳо” ёд мешаванд, низ таҷдиди назар шудааст. Ва акнун дар ин кишвар исми қаҳрамонҳои замони шӯравиро аз номи кӯчаву макотиб хат зада, баракс номи афроде, чун кӯри Шермат ё Ҷӯрабек-қӯрбоширо зинда мекунанд, ки намунааш ба исми ин беки собиқ номгузорӣ шудани яке аз кӯчаҳои шаҳри Китоб аст.
Гога Ҳидоятов, муаррихи узбак мегӯяд, ҳаракати муқовимати солҳои бисту сӣ алайҳи шӯравӣ наҳзате бо ҳазор ранг буд ва наметавон он даврони пуршӯрро танҳо бо ду ранги сиёҳу сафед, ки идеологияи шӯравӣ мехост, тасвир кард: “Ман дар инки ҳокимияти шаҳри Китоб кӯчаеро ба номи беки собиқ Ҷӯрабек мондааст, чизи бадеро намебинам. Раванди бознигарии гузаштаи худ раванде дуруст аст, ки ҳам дар китобҳои нави таърих, ҳам дар барномаҳои телевизион ва ҳам дар номгузории кӯчаҳо зоҳир мешавад. Албатта, набояд кӯча ё хиёбонеро ба номи Анварпошо гузошт, ки аҷнабӣ буд. Вале дар миёни қӯрбошиён афроди мухталиф буд. Барои мисол, Мадаминбек, як нафари хеле фаҳмидаву донишманд ҳам қӯрбошӣ буд. Чаро як кӯчаро ба номи Мадаминбек нагузорем? Вале номи Иброҳимбек баринҳоро ман ба ягон кӯча намедодам.”
ТАЪРИХЧАИ МУҚОВИМАТ
Ҳаракати муқовимат алайҳи артиши сурх, ки дар таърихи расмии шӯравӣ ҳамчун ҳаракати “босмачиҳо” зикр шуда, бо талаби эҳёи аморати Бухоро то солҳои сӣ давом кард, дар Бухорои шарқӣ, қаламрави Тоҷикистони кунунӣ, барҷастатар буд, то дар дигар гӯшаҳои ин аморати собиқ. Дар соли 1921 муҷоҳидин ҳатто назорати аксари қаламрави Бухорои шарқиро ба даст оварда, гарнизони артиши сурх дар Душанбе ва мақомоти рӯ ба Маскави Ҷумҳурии халқии Бухороро маҷбур карданд, то онҳоро ба ҳайси нирӯи билқувва бишиносанд.
Рӯзи 12 августи соли 1921 дар рустои Калтачанор ҳатто қарордоде имзо шуд, ки бар асоси он фармондеҳи муҷоҳидини Дарвозу Қаротегин эшони Султон раиси кумитаи инқилобӣ, ё ревкоми Дарвозу Ғарм ва Давлатмандбий, аз туркҳои Балҷувон, раиси ревкоми Кӯлоб таъйин шуданд. Ва вақте Усмон Хоҷаев, яке аз раҳбарони Ҷумҳурии халқии Бухоро алайҳи шӯравиҳо шӯриш бардошт, гарнизони Душанбе аз Иброҳимбек, фармондеҳи “босмачиҳо” дар водии Ҳисор нома гирифт, ки омодааст, барои саркӯб кардани “ҷадидҳо” ба артиши сурх ёрӣ расонад.
Аммо то поёни соли 1926 мизони муқовимат хеле фурӯ нишаст ва артиши сурх аксари муҷоҳидинро ба он сӯи Омӯ танг кард. Амир Олимхон ва қӯрбошиҳояш дар ғурбат дар аҳди Амонуллоҳхон, подшоҳи вақти Афғонистон, мақоми як асири ифтихориро доштанд. Вале баъди исёни Бачаи Саққо, дасти онҳо бозтар шуд ва муҳоҷирон ба нирӯе билқувва дар саҳнаи Афғонистон табдил ёфтанд.
Нодиршоҳ, шоҳи нави Афғонистон ҳатто маҷбур шуд, соли 1930 дар ивази халъи силоҳ ба фармондеҳи муҳоҷирони лақай Иброҳимбек мақоми муовини волии Мазоришарифро пешниҳод кунад. Иброҳимбек аммо халъи силоҳи сарбозонашро тавтеъае ба суди Русияи болшевикӣ хонда, саркашӣ кард ва наздики 10 моҳ дар паҳнои бузурге аз Маймана то Бадахшон ҷанге сар зад, ки дар таърихи он кишвар бо номи “Ҷанги лақай” ёд мешавад.
Дар Наврӯзи соли 1931 Иброҳимбек билохира маҷбур шуд, дубора пой ба оби Омӯ андозад ва ба Тоҷикистон баргардад, то баъди чанд моҳи набардҳои пароканда бо артиши сурх бо дасти саисаш Муқим Султонов асир шуда ва бо ҷамъе аз ёронаш муддате баъд бо ҳукми трибунали ЧК дар Тошканд эъдом шавад.
80 СОЛИ ҶУДОӢ ДАР ДУ СӮИ ЯК ДАРЁ
Бино ба маъхазҳои таърихӣ, дар солҳои бисту сӣ ҳамроҳ бо “босмачиҳо” аз тарси истибдоди артиши сурх ва ҳам дар пайи колхозсозӣ танҳо аз ҷануби Тоҷикистон чаҳоряки ҷамъияти якмиллионнафарии ин минтақа ба Афғонистон гузашт. Ва мардум дар ду сӯи Омӯ дар тӯли даҳсолаҳо хабаре аз пайвандони худ надоштанд.
Мирзоватан Миров, оҳангсози шинохтаи тоҷик мегӯяд, дар он солҳо асосан қишрҳои давлатманду босавод тарки ватан кард, зеро ҳаркӣ бой буд ё мулло, кушта мешуд ё бадарға. Ӯ аз ҷумла аз амакаш Сангинмад қисса мекунад, ки ибтидо ба Сибир бадарға шуд, вале фирор кард ва ҳамроҳ бо бародари хурдиаш Саидмаҳмад маҷбур шуд ба Афғонистон ҳиҷрат кунад ва дар улусволии Кишм макон бигирад.
Ба гуфтаи Мирзоватан Миров, амакҳояш дар он сӯи Омӯ дар ҳамагӣ 200 километр аз ватани бобоии худ –Даштиҷум ба сар мебурданд, вале қариб 80 сол гузашт, то дида дигарбора ба дидор бирасад: “Амаки калонии мо дар синни 110 вафот кард ва дуввумӣ - дар синни 95, вале то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мо чандон маълумот аз онҳо надоштем. Падари мо ҳизбӣ буд ва намегуфт, ки бародаронаш ҳастанд. Вақте дар солҳои 80-ум аз он тараф мактуб омад, қатъиян розигӣ надод, ки онро ҳатто кушоем, то ки ба мо осебе нарасад ва мо дар ҷое кор карда битавонем. Агар мефаҳмиданд, ки мо дар Афғонистон хеш дорем, на падарам як кори дуруст ёфта метавонист ва на мо. Балки як умр зери истинтоқи амният мемондем. Бисёр сахт буд. Як нафар, ним нафар ва он ҳам одамоне, ки қаторӣ буданд ва вазифае надоштанд, хешҳояшон аз он сӯ меомад, вале он ҳам пинҳонӣ.”
БОСМАЧӢ КӢ БУД - РАҲЗАН Ё ҒОЗӢ?
Бо ин вуҷуд, ки аз суқути Шӯравӣ 20 сол мегузарад, дар Тоҷикистони кунунӣ то ҳол дар мавриди бозбинии нақши ба истилоҳ “босмачиҳо” дар таърихи навини ин кишвар ба сурати ҷиддӣ ва расмӣ таҷдиди назар нашудааст. Албатта, ба истиснои чанд китобе дар ин замина ва ҳам баҳсҳое матбуотӣ, ки дар авоили солҳои 90 “Чароғи рӯз” ва ахиран ба сурате густарда “СССР” доманаш зад. Ин дар ҳолест, ки ба бовари маҳофил ва муаррихон, зарурати чунин бозбинӣ кайҳо пеш омадааст.
Камолиддин Абдуллоев, муаррихи шинохтаи тоҷик ва муаллифи китоби пурсарусадои “Аз Шинҷон то Хуросон. Аз таърихи муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар асри ХХ” мегӯяд, бо тағйири шароити сиёсӣ ва дастрас шудани манбаъҳои бештари омӯзиш бояд ин корро кард, вале набояд дар ин амр боз ҳам илмро ба сиёсат омехт ва ба зиёдаравиҳо роҳ дод: ”Ин ҳам ҷиҳати таърихӣ дорад ва ҳам сиёсӣ. Аз нигоҳи сиёсӣ дар Узбакистон ин корро кайҳо сар кардаанд, вале оқибаташ ба кандани ҳайкали генерали шӯравӣ Собир Раҳимов овард. Ҳамин хел шуд, ки қаҳрамони замони шӯравиро бадном карданд ва ба ҷои онҳо Кӯри Шермату Эргашу инҳоро нишонданд. Одамонеро ки аз нигоҳи умумибашарӣ сазовори номи қаҳрамонӣ нестанд.”
ФУЗАЙЛ МАХСУМ ВА ЧИНОР ИМОМОВ
Аммо Ҷонибеки Асрориён, муаллифи китоби “Босмачӣ -душмани болшевизм” мегӯяд, дар баробари муборизаҳои Нусратуллоҳ Махсуму Шириншоҳ Шотемур ва Чанор Имомов барин шахсиятҳо аз як сӯ, аз сӯи дигар муқовимати сарсахтонаи зери 200 гурӯҳи муҷоҳидин дар паҳнои бузурге аз Фарғонаву Масчоҳ то Кӯлобу Қаротегин ва Дарвоз ҳам буд, ки Маскав мавҷудияти қавме бо номи тоҷикро эътироф ва алорағми хости Узбакистон ба таъсиси ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом кунад: ”Вақте мо давлатмардии Эшони Султон, Фузайл Махсум, Шермуҳаммадбек ва амсоли онҳоро мегӯем, хайёл мекунанд, ки мо рӯи Чинор Имомову Нусратуллоҳ Махсум ва ҳамсафони онҳо хати бутлон мекашем. Чунин нест. Ҳар кадом онҳо бо тариқи худ мубориза кардааст. Чанор Имомов ва онҳое, ки расман қаҳрамони миллат эълон шудаанд, тавонистанд миллати тоҷикро аз несткунии русҳо эмин бидоранд. Қаҳрамонҳои ҳарду ҷонибро бояд шинохт. Худи муборизаи онҳо барои хок як қаҳрамонист. Дар ҳамон давра пайдо шудани Ҷумҳурии Балҷувон ё Ҷумҳурии Масчоҳ ҳокист, ки онҳо он қадар мардуми беандеша ва дур аз сиёсат набуданд.”
Вале Камолиддин Абдуллоев нақши муқовимат дар таъсиси Тоҷикистонро муҳим ё асосӣ намедонад. Ба ақидаи ин муаррих, надоштани созмон ва ташкилоти сиёсӣ ва ҳам заъфи зарфиятҳои интеллектуалӣ аз омилҳоест, ки дар ниҳоят боиси шикасти муҷоҳидин шуд: “Дар он давра ҷадидҳо буданду босмачиҳо, вале онҳо як набуданд, ки як ҳаракати умумихалқӣ созмон диҳанд. Муллоҳо мегуфтанд, ки ин ҷиҳод аст ба зидди истилогарон. Ва аксар барои дифоъ аз қабилаву аз қишлоқи худ силоҳ гирифта буд ва касе фикри дифоъ аз манфиатҳои умумимиллиро надошт. Агар онҳо ҳамроҳ бо интеллектуалҳои он замон як ҳаракат месохтанд ва зӯроварӣ шеваи асосии кори онҳо намешуд, гапи дигар буд. Вале аксар зӯроварӣ буду кушокушӣ. Барои ҳамин, мо онро ҳаракати миллӣ-озодихоҳии халқи тоҷик номида наметавонем.”
МАЪНОИ “БОСМАЧӢ” ЧИСТ?
Вожаи “босмачӣ”, ки решааш аз калимаи туркии “басмақ” ва ба маънои ҳамла кардан аст, тамғае буд монанди вожаи “душман”, ки Шӯравӣ дар солҳои 80 ба пешонии муҷоҳидини афғон зада буд, вале худи онҳо ба худ муҷоҳид ё ғозӣ мегуфтаанд.
Сайфуллоҳ Муллоҷонов, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, ба инки таърихи солҳои бисту сӣ ба таҳрире куллӣ ниёз дорад, ҷои тардид нест ва ба бовари ӯ, ин бознигарӣ бояд аз худи ҳамин лақаби “босмачигарӣ” шурӯъ шавад, ки душманаш – ҳукумати шӯравӣ додааст. Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ҳатто дар китобҳое, ки дар солҳои истиқлол чоп шуд, бештари муаррихони мо то ҳол ҳамон номи қадимаи “босмачигарӣ”-ро ба он илҳоқ мекунанд ва бе он ки ин ҷунбишро таъйид кунанд ё накунанд, истилоҳи “ҳаракати муқовимат”-ро қабул надоранд, ки иллаташ ҳам он насли муҳофизакори муаррихонест, ки ба таъбири ҳамсӯҳбати мо, “ҳарфи таърих то ҳол дар даҳони онҳост ва қаламрави таърихнигориро низ ҳаминҳо банд кардаанд.”: “То имрӯз дар бораи ин ҳаракат фақат дар матбуот чизҳое навиштанд, ки ғайриҳирфаиянд, яъне ҷанбаи илмӣ надоранд ва фақат кори журналистианд. Чунки, мутаассифона, мо бо насле ки байни муаррихони пиру ҷавони мост, ба далели ҷангу тарбия нашудани кадрҳои миллӣ каме қафотар мондем. Аслан мо дар ин масъала таъхирро ҳам раво доштем. “
БАҲСИ ҶАНБАИ МИЛЛИИ МУҚОВИМАТ
Ҷанбаи миллӣ надоштани он ҳаракат, ба гуфтаи Сайфуллоҳ Муллоҷонов як далели дигари пойфишории насли кӯҳнаи муаррихон ба арзёбиҳои замони шӯравӣ дар қиболи нақши “босмачиҳост”: “Бештари муаррихони собиқ коммунистии мо мегӯянд, ки ҳаракати муқовимат ҳам ҷанбаи миллӣ надошт ва ҳам аксари фармондеҳонаш ғайритоҷик буданд. Пешвои ин ҳаракат Иброҳимбеки лақай. Ё он гумоштаҳое, ки аз Туркия омада буданд, ба мисли Анварпошову Салимпошо. Ё Давлатмандбӣ дар Кӯлоб, ки аз туркҳои Балҷувон буд. Инҳо аввалан, тоҷик набуданд ва идеяи давлатдорӣ надоштанд, ки матраҳ кунанд. Ҳатто Фузайл Махсум. Танҳо ҳаракати муқовимат дар Масчоҳ истисност, ки ҳарчанд ба сурате соддаву примитив, вале ба ҳар сурат, аз давлати Шӯравӣ талабе карданд, ки давлати онҳоро дар қаламрави Масчоҳ ба расмият бишиносад.”
Бархе муаррихони дигар низ ба далели аз қабилаҳои узбак будани бештари фармондеҳони муқовимат ва ҳам ҳадафаш, ки эҳёи аморати Бухоро ва ба тахт боз овардани Олимхони манғит буд, ба ҷанбаи тоҷикии он ҷунбиш шакк меоранд. Вале Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, ин ҳаракат умдатан ҷунбиши тоҷикҳо буд: “Мадаминбек, аз шахсиятҳои муҳими он даврон буд. Шермуҳаммадбек, ки тоҷики Фарғона буд. Ё Ҷумҳурии Масчоҳ, ки 5 сол дошт дод. Зиёда аз 200 гурӯҳи дигар буд, ки ҳамагӣ тоҷик буданд. Дар Самарқанд чанд гурӯҳ буд. Фузайл Махсум, ки 5 000 лашкар дошт, тоҷик буд. Давлатмандбий аз туркҳои Балҷувон буд, вале аз 1800 саворааш аксар тоҷикони Кӯлоб буданд. Ҳарчанд босмачӣ истилоҳи туркист, вале ҳаракати муҷоҳидин баромад ва қувваҳои асосиаш сирф тоҷикист.”
БОЯД АРҶГУЗОРӢ ШАВАНД!
Ҷонибеки Асрориён мегӯяд, дар Тоҷикистон дар баробари асосгузорони давлати Шӯравӣ, ки расман қаҳрамон шинохта шудаанд, бояд барои гиромидошти ёди он ҳазорон нафаре, ки ба хотири ин хок бо нирӯи қавие, чун Шӯравӣ, набард кардаанд, низ иқдомҳое сурат бигирад: “Ман сад дарсад тарафдори онам, ки ин мардум – на як ё ду нафараш, балки кулли онҳо- қаҳрамон шинохта шаванд. Нафақат худи онҳоро аз байн бурданд, балки шумори бузурги ақрабову авлоди онҳо дар ҷангалҳои Русия то соҳилҳои рӯди Об нест карданд. Ва баъдан ҳам то солҳои шасту ҳафтод пайвандони онҳо ба маҳзи фарзанди “душмани халқ” будан ҷабр диданд. Ва ба хотири гиромидошти арвоҳи эшон, эътои унвони қаҳрамонӣ ба онҳо шарт ва зарур аст. Гузоштани муҷассамаҳо барои муҷоҳидини он солҳоро низ аз қарзҳои мардуми тоҷик мешуморам.”
Бо ин ҳол, таърихшиносон бар пайомадҳое низ меандешанд, ки аз ин мавҷи бузурги фирори мағзҳо дар солҳои бисту сӣ ба бадани генофонди миллати тоҷик расид. Муаррихи маъруф Камолуддин Абдуллоев аз ҷумла мегӯяд, фақат дар нимаи дуввуми солҳои бист ва танҳо аз ҷануби Тоҷикистон чаҳоряки аҳолӣ, ё тақрибан 250 000 нафар ба он сӯи Омӯ рафт ва умдатан қишри босаводу донишманд, ки баъди чанде элитаи Афғонистони он давронро ташкил дод.
…ВА БАРГАРДАНД
Оҳангсози маъруф Мирзоватан Миров мегӯяд, ахиран дар матлабе дар ҳафтаномаи “СССР” аз раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кард, то ҳадди ақал авлоди онҳоеро, ки дар солҳои бистуму сиюм маҷбур ба тарки ватан шуданд, баргардонанд ва дар Тоҷикистон макон бидиҳанд. Ӯ мегӯяд: “Онҳоро калонтарҳояшон нестанд дигар, вале фарзандони онҳо зиндаянд ва хоҳиши омадан доранд. Масалан, дар як сӯҳбат ба ман гуфтанд, ки агар барои мо дар Бешкент ҳадди ақал ҷо диҳанд, мо бо нӯги белу бо каланд ободаш мекунем. Вале як роҳеро биёбед, ки мо аз ин мулк кӯчида, ба ватани бобоии худ биравем. Онҳоро бо вуҷуди гузашти даҳсолаҳо дар Афғонистон ба унвони муҳоҷир мешиносанд ва аслан бештари онҳо дар дари хонаи бойҳои афғон чоряккорӣ мекунанд ва ҳуқуқи чандоне надоранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, мисли қазоқҳову узбакҳо, мо ҳам онҳоро биорем. Барои ин парлумон бояд қарори махсусе қабул кунанд. Хоҳишмандони бозгашт зиёданд.”
МАЗОРИ ДАВЛАТМАНДБИЙ
Ин ҳама баҳсҳо дар атрофи нақшу саҳми ҳаракати муқовимати солҳои бисту сӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд муҷассамаву нимпайкараҳои 44 нафар аз шахсиятҳои шинохтаи таърихиву фарҳангии мардуми тоҷикро дар гулгаштҳои байни сохтмонҳои ҷадиди Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ баланд кунанд. Албатта, хеле баъид аст, ки дар ин гулгаштҳо ба кадоме аз ин “босмачиён” ҷо диҳанд.
Танҳо иқдоме расмӣ дар ин замина то ҳол аз сӯи ҳукумати ноҳияи Балҷувон шудааст, ки барои бунёди оромгоҳи Давлатмандбӣ назари вазорати фарҳангро пурсидааст.