Шаби чаҳоршанбеи 12 январ дар Тоҷикистон барои бори аввал дар фасли зимистони имсола барф борид. Ба иттилои масъулони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, қабати барф дар водиҳо то 1 сантиметр ва дар кӯҳҳо аз 2 то 7 сантиметрро ташкил додааст.
Ин дар ҳолест, ки солҳои гузашта қабати барф дар кӯҳҳо аз 50 сантиметр то ба 1 метр расида буд. Резиши ками барфи аввал боиси хушҳолии сокинон шуд, аммо бештари онҳо таваққӯи онро доштанд, ин барф, ки дер боз мунтазираш буданд, кучаву хиёбон ва боми хонаву муассисаҳоро пур хоҳад кард. Ба хусус кишоварзони тоҷик орзуи онро доранд, ки барф бештар биборад ва ин заминаро барои ҳосили фаровони маҳсулоти маврид ниёз бароварда кунад.
Хушҳолии сокинони пойтахт
Пас аз интизориҳои зиёд сокинони шаҳри Душанбе дар шаби сешанбе шоҳиди резиши барфи аввал дар фасли зимистон шуданд. Аммо барф хеле кам ва он ҳам чанд соати шабона борид. Бо ин ҳам аксари сокинон, аз ҷумла Фотимахола, аз маҳаллаи Сариоиё, хушҳолии худашро аз боридани барфи аввал чунин баён кард:
«Шукрона, ки бар борид. Мо мунтазири зиёд будем. Ҳарчанд кам борид, аммо то андозае бемориҳоро, ки ҳоло сокинони шаҳру ҷумҳуриро гирифтор кардаанд, аз байн мебард. Умедворем боз барф борад, баҳри дилмон рӯшан шавад ва ин беамориҳоро аз байн бибарад».
Ин дар ҳолест, ки дар муддати чанд моҳи ахир теъдоди гирифторони зуком ва ё грипп ва дигар бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон бештар шуда ва мардум низ сабаби ин амрро ба беборонӣ ва бебарфӣ марбут медонанд.
Аммо резиши барфро аз ҳама бештар кӯдакон дӯст медоранд. Хосса дар ин шабу рӯзе, ки ҳама хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе ва саротосари Тоҷикистон дар таътили зимистона қарор доранд. Дар кӯчаи Айнӣ бо чанд тан аз кӯдакон рӯ ба рӯ шудам ва аз онҳо пурсидам, ки оё онҳо тавонистаанд, ки бо ҳам барфбозӣ дошта бошанд? Дар посух яке аз онҳо чунин гуфт, «не, зеро, ки барф кам борид ва зуд замин аз барф пок шуд. Орзу дорем, ки барф борад, мо кӯдакон барфбоз, лижаронӣ ва дигар бозиҳоро карда бошем».
Барфнома дар моҳи январ
Дар нахустин боре, ки барф меборад, як расме то ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мондааст, ки духтарону писарон ва умуман одамон ба ҳамдигар барфинома менависанд. Дар ин барфиномаҳо бар иловаи он ки ҳамдигарро бо барфи аввал табрик мегӯянд, ҳамчунин хостори ҳадя ва ё зиёфате мешавад. Касе, ки барфинома менависад, ҳатман онро бояд ба ҷайби дӯсташ бигзорад ва ё ба хонааш партояд, то фарди барфиномагир ҳамон лаҳза дарак наёбад.
Робиа, ки шоир аст, ва ин орзуро ҳамеша мепарварад, дар нахустин маротибаи резиши барф муяссараш шудааст, ки танҳо як барфиномаро ва он ҳам ба ҳамкораш Фирӯза бинависад. Ӯ мегӯяд: «Барфе, ки шоми гузашта меборид, бисёр хуб меборид ва бисёр мехостам, ки ҳамин хел биборад ва пагоҳаш, ки замин сафед шавад, барои чандин дӯстон барфинома бинависам. Фақат тавонистам барои Фирӯза барфӣ бинависам, ки «Зарра— зарра барф меборад, сафед, Як зиёфат аз шумо дорад умед». Аммо фардо дидам барф тоза шудааст. Хайр Худот кунад, ки барф рӯзҳои оянда зиёд шаваду орзуҳои барфии мо дар диламон намонад ва барои дӯстонамон бинависем».
Кишоварзони муштоқи борону барф
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки дар урфият барфро кӯрпаи замин медонанд, кишоварзони тоҷик ҳамеша муштоқи резиши борону барф ҳастанд. Зеро мехоҳанд, кишти кардаашон барбод наравад ва ҳосили фаровоне ба даст оваранд.
Чанде пештар Алимаҳмад Раҳмоналиев, як сокини ноҳияи Хуросон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори ташвиш кард, ки ба сабаби наборидани барфу борон кишти маҳсулоти ғалладонаи деҳқонони ин минтақа метавонад талаф ёфбад. Зеро аз беборишӣ ва бебарфӣ аз як тараф донаҳои кишткардаи гандум пӯсида ва аз тарафи дигар паррандагон онҳоро хӯрдаанд.
Ҳамакнун пас аз резиши борон ва барфи аввал тариқи телефон вазиятро пурсон шадам, ки мегӯяд: «Шаб ва саҳар кам-кам борид. Лекин ҳозир бас кардаст. Он қадаре, ки барои зироат зарур аст, ҳолӣ наборидаст. Ҳозир ҳаво абрӣ аст ва ин тарафам, ки рӯшан бошад, тарафи қибла сиёҳ аст ва мисле, ки ҳамин ҳаб меборад. Ҳама мардум умед доранд, ки биборад».
Пешгӯиҳои ҳавошиносон
Дар ҳамин ҳол тибқи пешгӯии маркази ҳавошиносии Тоҷикистон тайи ду рӯзи оянда низ дар Тоҷикистон резиши барф дар назар аст. Ҷамила Байдуллоева, сардори ин марказ гуфт: «Рӯзҳои 13 ва 14 январ резиши барф дар қаламрави Тоҷикистон, ҳам дар водиҳо ва ҳам дар минтақаҳои кӯҳӣ дар назар аст. меборад ва ҳарорати ҳаво низ дар ин рӯзҳо хунук хоҳад шуд».
Аммо бо ин ҳам масъулони маркази ҳавошиносӣ мегӯянд, мизони барф зиёд нахоҳад буд ва дар шаҳри Душанбе 1 ва дар мантақаҳои кӯҳӣ аз 2 то 7 сантиметр хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта қабати барф дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 50 сантиметр то 1 метрро ташкил дода буд.