Раиси Ҳизбуттаҳрири Ҷалолобод боздошт шудааст

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, раиси ҷунбиши ғайриқонунии Ҳизбуттаҳрир дар вилояти Ҷалолобод боздошт шудааст. Ин манбаъ гуфтааст, як марди 47-сола, ки аз вай ном бурда намешавад, дар ноҳияи Сузаки ин вилоят бо 300 адад китобу варақаҳои дорои мазмуни мундариҷаи тундгароёна ба даст афтодааст. Вай ҳоло дар зиндоне дар Ҷалолобод нигаҳдорӣ мешавад.