Рӯзи байнулмилалии шукргузорӣ

Як сол қабл СММ 11-уми январро ҳамчун Рӯзи байнулмилалии шукргузорӣ пазируфт. Бо вуҷуди он, ки ба ин муносибат дар Тоҷикистон ҳамоиш ва ё нишасте сурат нагирифтааст, вале мардум ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карданд.
Ба назари равоншиносон, ташаккур кардан ва ташаккур шунидан то андозае ба дунёи ботинии инсон таъсири мусбат мегузорад.

Сайфиддин Расулов, мутахассиси кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд: «Калимаи «ташаккур» то андозае тобиши эмотсионалӣ дошта, ба зершуури инсон таъсир мегузорад ва дар инсон ҳисси қаноатмандӣ, хушҳолиро ба вуҷуд меорад. Ҳангоме, ки нафаре аз шумо ташаккур мекунад, новобаста аз он, ки шумо таваҷҷӯҳ мекунед ё не, ба муносибати мусбати ду тараф таъсир мегузорад».

Оё Шумо дар роҳ ба касе ташаккур мегӯед?


Бархе аз мардум мегӯянд, ки агар ташаккур накунӣ ва изҳори миннатдорӣ нашунавӣ, мисли ин аст, ки зиндагӣ берангу дилбазан аст ва дар як ҷомеаи сард ба сар мебарӣ.

Воқеан вақте аз хиёбонҳои Душанбе мегузаред, мебинед, ки мардум саросема ва бо сари хам ба ҷонибе шитоб доранд ва ба рӯи якдигар такрибан назар намекунанд. Ба қавли ҷомеашиносон, ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ, мушкили иҷтимоӣ, гирифториҳои рӯзгор мардумро бераҳм кардааст ва дар муомила бо якдигар лоқайд кардааст.

Ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, ки дар миёни мардум дар нисбати 10-15 соли пеш ҳоло калимаи «ташаккур»-ро кам шунида мешавад. Як омӯзгор мегӯяд, ки солҳои ахир мардуми Тоҷикистон аслан ташаккурро фаромуш кардаанд.

Ба қавли равоншиноси тоҷик Сайфиддин Расулов, гирифториҳо мардумро ба ҳадде пойбанд кардааст, ки ҳангоми кумаку ёрӣ ва некӣ дидан тавони ташаккур кардан ва фарҳанги ташаккур карданро гум кардаанд.

Фарҳанги «шукргузорӣ»-и тоҷикҳо

Дар замони бостон мардуми тоҷикнажод дар канори хислатҳои наку ташаккур ва сипосгузорӣ карданро ба фарзандони худ меомӯзонданд.
Бо омадани арабҳо ба ин сарзамин вожаҳое аз «ташаккур», «муташаккир», «раҳмат» ва калимоти дигари сипосгузорӣ изофа шуданд.

Мисли ин, ки дар замони шӯравӣ дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ калимаи «спасибо» ба маънои «спаси бог», ки дар асри 16 дар забони русӣ пайдо шуда буд, маъмул шуд.

Аммо ба ҳар ҳол равоншиносон роҳҳои боло бурдани ин фарҳангро қабл аз ҳама дар бархурди неки падару модар ба фарзандон медонанд. Марҳилаи баъдӣ навҳаи таълим дар мактаб дониста мешавад, ки бо вуҷуди ҷорӣ будани дарси одоб дар макотиби имрӯзи Тоҷикистон таъсири он рушан ба назар намерасад.

Вожаи «ташаккур» дар ҳамаи забонҳои дунё вуҷуд дорад, вале истифодаи чигунагии он фарҳанги ҷомеаи ҳар кишварро нишон хоҳад дод.