Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони ҳукумати Тоҷикистон хостори шомил кардани намояндагони худ ба ҳайати Гурӯҳи корие шудаанд, ки қарор аст мизони зиён ва таъсири антена ё пахшкунандаҳои ин ширкатҳоро ба муҳити атроф мушаххас кунад.
Анҷумани ширкатҳои ироакунандаи хадамоти телефони мобилӣ дар Тоҷикистон дар ин номаи худ гуфтааст, ки бояд дар ҳайати ин комиссия шахсони мутахассис ва огоҳ аз таҷрибаи фановариҳои навин бошанд. Масъулини вазорати роҳ ва мухобироти Тоҷикистон даъво доранд, ки вуҷуди пахшкунандаҳои ширкатҳои мобилӣ дар бомҳои биноҳои пойтахт ба саломатӣ ва муҳити атроф зиёновар аст ва бархе аз ин антенаҳо хилофи қонун насб шудаанд ва аз ин ҷиҳат бояд онҳо интиқол шаванд.
Таҳқиқи зиёни антеннаҳои ширкатҳои мобилӣ
Гурӯҳи кории таъсиснамудаи ҳукумати Тоҷикистон бояд зиёни пахшкунандаҳои ширкатҳои мобилӣ ва риояи муқаррароти қонун дар насби ин антенаҳоро мушаххас намояд ва бар асоси хулосаи ин комиссиюн тасмими аз шаҳр хориҷ кардан ё боқӣ мондани ин пахшкунандаҳо гирифта хоҳад шуд. Вазорати мухобироти Тоҷикистон, ки даъво дорад, пахшкунандаҳо зиёоваранд ва бояд ба атрофи шаҳр мунтақил шаванд, мегӯяд, ба ҳузури намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар гурӯҳи кории ҳукуматӣ мухолиф нестанд ва онҳо ҳузур хоҳанд ёфт.
Бек Зуҳуров, муовини вазири мухобирот ва нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд: «Албатта намояндагони онҳо ширкат хоҳанд кард. Ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Ҳоло комиссия кор бурда истодааст. Вақте кори худро анҷом дод ва масъаларо аниқ намуд, мо онро эълон мекунем».
Аммо Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, то кунун аз намояндагони ширкатҳои мобилӣ барои ширкат дар кори ин ҳайат даъват нашудааст. Ба ҳар ҳол, масъулини ширкатҳои мобилӣ умедворанд, ки дар таҳқиқи мизони зарари пахшкунандаҳо ба саломатӣ сокинони атроф ва қонунӣ будани насби онҳо дар дохили шаҳр ширкат кунанд.
Оқои Эркаев мегӯяд: «Мо дар хости худро ба Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон супурдем, аммо то кунун посух нагирфтаем. Вале умедворем, ки бар ҳар сурат онҳо ба даъвати мо гӯш фаро хоҳанд дод. Зеро дар таҳқиқи ин қазия ба коршиносон ва мутахассисон ниёз доранд. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дастгоҳҳои панхшкунандаи худро аз тавлидкунандагони фановариҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ дарёфт мекунанд ва аз стандарти давлатии Тоҷикистон низ гузаштаанд. Ва мизони ташаъшу дар онҳо аз ҳадди ақал ё муҷоз таҷовуз намекунанд».
Нигаронии ширкатҳо аз тасмими мақомот
Масъулини ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, пахшкунандаҳои ширкатҳои мобилӣ, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ҳастанд ва зиёне ба муҳити атроф намерасонанд. Дигар ҳам ин, ки агар комиссюни ҳукуматӣ тасмим бигирад, ки онҳоро аз шаҳр хориҷ кунад, ширкатҳои мобилӣ аз нигоҳи молӣ хисороти зиёде хоҳанд дид.
Аммо вазорати мухобироти Тоҷикистон бар асоси хулосаи бунгоҳи санитарӣ ва беҳдоштӣ ва шикояти сокинон, ки мегӯянд, пахшкунандаҳо ба муҳити атроф ва саломатӣ зиёнборанд, ҳамчунон дар мавқеъи худ барои берун кардани ин антенаҳо аз болои сохтмонҳои бисёрқабатаи шаҳр ба канораҳои он пофишорӣ мекунад.
"Дар хонаи мо мурча ва таракан нест"
Сокинони бархе аз биноҳои бисёрқабатаи Душанбе низ мегӯянд, аз ҳафт сол ба ин ҷониб барои аз болои ин биноҳо гирифтани пахшкунандаҳо талош мекунанд, аммо то ҳол муваффақ нашудаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар таҷрибаи худ дидаанд, ки ин антенаҳо ба мавҷудоти зинда таъсири манфӣ мерасонанд.
Сайидҷаъфар Исмонов, сокини яке аз биноҳои нуҳқабатӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, мегӯяд, ӯ ва сокинони дигар ин сохмтон борҳо барои ҳалли ин масъала ба додситонӣ ва ҳукумати шаҳр муроҷиъат намудаанд. Аммо муваффақ ба барчидани антенҳо аз болои боми худ нашудаанд. Оқои Исмонов, ки дар гузашта мудири маркази техникӣ ва пахши барномаҳои ТВТ низ будааст, роҷеъ ба зиёни ин пахшкунандаҳо мегӯяд:
«Мо борҳо ба ҳукумати шаҳр, ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати алоқа ва додситонӣ муроҷиат намудем. Аммо ҳар бор мегуфтанд, ки ба суд муроҷиат кунед. Акнун бубинем ин комиссияи ташкилшуда чӣ кор мекунад. Дар бораи зарар, намояндагони ширкатҳо мегӯянд, ки мавҷ зарар надорад. Дуруст вақте мавҷ мегузарад, зарар надорад, аммо манбаи мавҷпаҳнкунӣ ҳатман зарар дорад. Зеро майдони магнитӣ ба вуҷуд меорад. Дар ҳудуди сад метр як чанги электромагнитӣ ба вуҷуд меояд. Фишорро баланд мекунад, сардард мекунад, ба саломатӣ зарар дорад. Дар ҳамин хонаҳои мо не мурча аст, не таракан. Ягон таракан намеёбед. Агар ёфтед мо сад доллар мехарем. Кафтару парандаҳо инҷо намешинанд. Барои чӣ? Барои он ки радиатсияро ҳашароту ҳайвонот пештар аз ҳама ҳис мекунанд».
Барчидани антеннаҳо чӣ мушкил пеш хоҳад овард?
Аммо дар сурате, ки тасмим гирифта шавад, то ҳамаи пахшкунандаҳо аз болои биноҳои дохили шаҳр хориҷ карда шаванд, чӣ иттифоқе пеш хоҳад омад ва оё муштариёни ширкатҳои мобилӣ зиён хоҳанд дид?
Оқои Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, мегӯяд: «Агар тасмим гирифта шавад, ки ин пахшкунадаҳо барчида шаванд, дар ҳар сурат ҳараҷу мараҷи пеш хоҳад омад. Барчидан ва насби дубораи ин антенаҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар иҷозаи дубора гирфитан барои насби онҳо дар ҷои дигар ба вақт ва пули зиёд ниёз хоҳанд дошт. Аз нигоҳи дигар фарз кунед, ки чунин тасмим гирифта шавад ва мо ҳатто яке аз ин пахшкунандаҳоро барои даҳ дақиқа хомӯш кунем, чӣ иттифоқ пеш хоҳад омад? Аммо аз ин ҳам муҳимтар, агар қарор шавад, ки ин антенаҳо хориҷ шавнад, барои чанд муддат густариши шабакаҳои мухобиротии телефон ва интернет дар кишвар ба ақиб хоҳад уфтод. Зеро дар он сурат ширкатҳо хоҳанд буд пулеро, ки барои бахши густариши шабака дар манотиқи дигар масраф намоянд, барои барчидан ва ҷои дигар бурдану насб кардани пахшкунандаҳо масраф намоянд».
Баҳси ширктаҳо мобилӣ ва вазорти мухобирот аз як сӯ ва аз сӯи дигар сокинони бархе аз баландошёнаҳо ба ҳамин тартиб идома дорад. Баъд аз таъкиди раиси ҷумҳур дар мавриди оидоти ин ширкатҳо дар соли гузашта, нахуст паёмҳои таблиғотии ин ширкатҳо аз расонаҳои давтаӣ ва ҷодаҳо нопадид шуданд ва баъд ҳам бо вуҷуди мухолифати ҳатто ниҳодҳои молии байналмилаӣ давлат молиёти аксизии 3 фоизиро барои истифода аз телефони мобилӣ ҷорӣ намуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамаи ин, баъид аст, ки ширкатҳои мобилӣ дар ин баҳс низ баранда шаванд.