Шабакаи радиоии «Садои Ховар» роҳандозӣ мешавад

Хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» ба зудӣ шабакаи нави радиоиеро зери номи «Садои Ховар» роҳандозӣ хоҳад кард.
Садриддин Шамсиддинов, раиси хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РО ин хабарро таъид кард ва гуфт, ин иқдом дар чаҳорчӯби омодагиҳо барои таҷлили 20 -умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сурат мегирад ва ҳадаф аз таъсиси ин шабака, ки давлатӣ аст, таъмини фазои иттилоотии кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ҷаноби Шамсиддинов, ҳоло омодагиҳои фаннӣ ва эҷодӣ барои роҳандозии ин шабака дар хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» ҷараён дорад ва ин радио дар остонаи иди миллии мардуми тоҷик- Наврӯз ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Ҷаноби Шамсиддинов афзуд, «Садои Ховар», шабакаи хабарӣ ва тафреҳӣ хоҳад буд ва барномаҳоро ба таври шабонарӯзӣ пахш хоҳад кард.

Аммо дар қадами аввал қарор аст, ки доираи пахши ин шабака шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро фаро бигирад ва дар оянда ба гуфтаи дастандаркорони он, талош хоҳад шуд, то барномаҳои он дар тамоми қаламрави Тоҷикистон пахш шаванд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки «Садои Ховар» шабакаи давлатӣ хоҳад буд, дастандаркорони он умедворанд, ки дар роҳи роҳандозии ин шабака, мушкилоти молие пеш нахоҳад омад.

Аммо раиси хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири фаъолияти ҳирфаӣ доштани ин шабака ва таъмини умури фаннии он, аз нерӯи мутахассисон ва кормандони радиои Тоҷикистон истифода хоҳад шуд ва ҳамкорӣ бо дигар шабакаҳои радиои маҳаллӣ ва мустақил низ сурат мегирад.

Роҳандозии шабакаи радиоии «Садои Ховар» тавассути хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон - «Ховар» дар ҳолест, ки чанде қабл аз фаъолияти ин оҷонсии иттилоотӣ 85 сол пур шуд.

«Ховар» аз нахустин оҷонсиҳои иттилоотии давлатӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз замони шӯравии пешин фаъол аст. Зимнан дар ин хабаргузорӣ 70 нафар аз кормандон ва хабарнигорон фаъол ҳастанд.