Парванда алайҳи 19 вакили маҷлиси вилоятӣ ва маҳаллӣ дар Хатлон

Дар як соли ахир нисбати 19 вакили маҷлиси вилоятӣ ва маҳаллӣ дар вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ бозшуда ва додситонӣ ин афродро дар даст доштан дар як қатор ҷиноятҳо муттаҳам медонад.
Генерал Абдураҳим Раҳимов, додситони вилояти Хатлон, гуфт, дар миёни ин афрод як нафар вакили маҷлиси вилоятии Хатлон ва бақия вакилони маҷлиси ноҳиявӣ ҳастанд. Вай афзуд, афроди муттаҳам дар баробари вакили маҷлис будан ҳамзамон мансабдори давлатӣ низ будаанд ва ҷиноёти кори дасти онҳо пас аз санҷиши риояти қонунгузории замин дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ошкор шудааст.

Ӯ афзуд: “Натиҷаи санҷиши ҳолати риояи қонунгузории замин ҳамин буд, ки дар асоси 141 санҷиш 1203 эътироз, 583 амр ва 227 пешниҳод оварда, 1003 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 114 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 75 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 187 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбат ба мансабдорон оғоз карда шудааст.”

Саҳлангор, ришватхор, фасодкор.
..

Тибқи иттилои додситонии вилояти Хатлон, парвандаҳо нисбати вакилони мардумӣ асосан ба иттиҳоми саҳлангорӣ дар ифои вазифа, сӯйистифода аз мансаби давлатӣ ва даст доштан дар ришвахорӣ ва фасодкорӣ боз шуда, таҳқиқи ин парвандаҳо идома дорад. Аммо даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ, назири тақсиму фурӯши замин, аз ҷиноятҳоест, ки аксари ин вакилон дар он айбдор мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, ҳанӯз ки аз интихоботи ахири вакилони парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ як соли пурра сипарӣ нашуда, аз ифтитоҳи парванда алайҳи 19 вакили мардумӣ хабар дода мешавад, мақомотро ин масъала бисёр нигарон кардааст.

Таҳлилгари маҳаллӣ Ясриби Каримзод мегӯяд, ҳизбҳоро лозим аст, бар сари шоистагии номзадҳои худ ба мақоми вакилӣ бештар мутаваҷҷеҳ бошанд. Ба гуфтаи ӯ, интихоботи ахир нишон дод, ки раъйдиҳандаҳо дар мавриди ҳуввияти номзадҳои худ хеле кам огаҳӣ доштанд, ё тақрибан онҳоро намешинохтанд.

Ӯ мегӯяд: “Агар гуноҳи онҳо дар додгоҳ исбот нашавад, ҳам бояд чунин вакилон аз ҳаққи вакилӣ ва аз мақомҳои худ дар ҳукумат барканор карда шаванд. Зеро эътимоди мардум ба онҳо коста мешавад.”

Ҷаноби Каримзод афзуд, як иштибоҳи аслии ҳизбҳо ин аст, ки дар аксари маврид ба вакилии мардумӣ кормандони масъули ҳукуматҳо ва мансабдоронро пешбарӣ мекунанд. Афроди мансабдор, ба гуфтаи коршинос, асосан барои он вакил мешаванд, ки аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ барои 5 соли давраи вакилӣ бархурдор гарданд.

Аксари муттаҳамон аъзои ҲХДТ-анд?

Додситонӣ мегӯяд, аксари кулли вакилоне, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, узви Ҳизби ҳокими халқии демократӣ будаанд. Ва аммо масъулони созмони хатлонии ҳизби мазкур аз сӯҳбат дар мавриди парвандаҳо алайҳи намояндаҳои ин ҳизб дар маҷлисҳои маҳаллӣ худдорӣ мекунанд. Дар созмони хатлонии ҳизб танҳо гуфтанд, ки қазияи мазкурро пайгирӣ доранд ва дар оянда назари расмии худро доир ба ин масъала баён хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир тақрибан 80 дарсади курсиҳои маҷлиси вилоятӣ ва маҳаллии вакилони мардумиро дар вилояти Хатлон аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки раисии онро президент Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад, соҳибӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳизб дар маҷлисҳои маҳаллӣ танҳо 7 намоянда дорад ва то имрӯз мавриди олудагии ин вакилон ба фасоду ҷиноёт сабт нашудааст.

Ӯ афзуд: “Вакилони мо, иншоаллоҳ, шахсиятҳои озмудаву арзанда, бонангу ор, фарҳангӣ ва донишманд ҳастанд. Маъмулан, мо номзадҳои худро бештар аз назари собиқаи ҳизбиашон, ахлоқ, тавоноии идорӣ, шунидани сӯҳбати мардум ва мусоидат дар ҳалли мушкили онҳо интихоб карда, аввал дар миёни номзадҳои дигари ҳизб мисли қуръапартоӣ меозмоем, баъдан ба номзадӣ пешбарӣ мекунем.”

Ҷаноби Ваҳҳобов афзуд, агар ҳизби сиёсӣ натавонад кафили шоистагии номзадҳои худ ба вакилии мардумӣ бошад, ҳаққи маънавии ширкат дар интихоботро надорад.

Ба гуфтаи коршиносон, ифтитоҳи парванда алайҳи вакилони мардумӣ, ки аксаран кормандони масъули ҳукуматҳои маҳаллӣ ва узви ин ё он ҳизби сиёсӣ мебошанд, ба ваҷҳи умум, ба обрӯ ва нуфузи ҳизб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъсири манфӣ расонида, нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба шоистагии вакилони дигари ҳамин ҳизб эҷод мекунад.