Тағйироти кадрӣ: интизориҳо ва пешбиниҳо

Бози давлат ба шонаи кӣ хоҳад нишаст ва аз шонаи кӣ хоҳад парид? Ин суолест, ки дар арафаи ҷаласаи навбатии солонаи ҳукумат дар маҳфилҳои Тоҷикистон ба таври густарда баррасӣ мешавад.
Ба интизори коршиносони тоҷик, ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки қарор аст 17 январ баргузор шавад, дигаргуниҳоеро ба думбол хоҳад дошт.

Коршинос: "Тамаркуз ба иқтисодиёт бошад."

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон, ин тағйиротро ба панҷсолаи саввуми асри 21, ки акнун шурӯъ шуд, рабт медиҳад. Вай гуфт, ин панҷсолаи таҳкими амнияти Тоҷикистон тавассути рушди иқтисодӣ хоҳад буд.

Ӯ афзуд: «Дар сурати набудани рушди босуръати иқтисодӣ, беҳтаршавӣ ва боло рафтани сифати зиндагии мардум мо наметавонем гӯем, ки талаботи Конститутсияро иҷро карда истодаем. Масъалаи амниятӣ ба ҷои аввал мебарояд, ки бояд бо натиҷаҳои иқтисодӣ тақвият дода шавад ва дар навбати худ натиҷаҳои иқтисодиёт ва сиёсат маҳз аз эътимоди амниятӣ ҳосил мешаванд».

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон
Оқои Сафаров афзуд, дар марҳалаи кунунӣ зарурат ба тағйири раҳбарияти ниҳодҳои амниятӣ вуҷуд надорад, зеро вазифаҳое, ки соли гузашта пеши онҳо гузошта шуд, ба пуррагӣ ҳалли худро ёфтанд, аммо раҳбарияти ниҳодҳои иқтисодӣ бояд таҷдиди назар шавад.

Эҳтимоли ислоҳот дар ниҳодҳои амниятӣ


Ноамниҳое, ки тобистону тирамоҳи соли 2010 дар Тоҷикистон рух доданд, мӯҷиби бадоҳатан аз вазифа сабукдӯш шудани раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Назаралӣ Пирназаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ниҳодҳои иқтисодӣ ба тағйирот ниёз надоранд, зеро мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон мушкилоти даврони гузор аст, ки маъмулан дарднок ва ба ҳамин шакли феълӣ ҷараён мегирад. Вай афзуд, ноамниҳои соли гузашта дар Тоҷикистон заъфи фаъолияти ниҳодҳои амниятӣ, бахусус Вазорати дифоъро ошкор кардаанд ва тағйирот аз ҳама пеш ин соҳаро дахл хоҳад кард..

Ӯ афзуд: «Бояд мансабдорон, манзур раҳбарияти вазорати дифоъ тағйир дода шавад, зеро дар кори онҳо камбудиҳои зиёд ошкор шуд. Ба назарам, вақти иваз кардани тамоми сохтори дифоии Тоҷикистон бояд тағйир дода шавад, зеро бояд зарфияти омодагии низомии кишвар боло бурда шавад, то ҳаводисе монанд ба Рашт такрор нашаванд».

«Дарозумрон» дар ҳукумат

Ахиран як қатор тағйирот дар сатҳи раҳбарияти навоҳӣ ва вилоёти кишвар низ ба вуқӯъ пайваст. Аммо иддае аз коршиносон ба аъзои «дарозумр»-и ҳукумати Тоҷикистон ишора мекунанд, ки эҳтимол дорад аз вазифа барканор ва ё ба вазифаи дигар «кӯч» банданд.

Оқил Оқилов, сарвазир, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Шералӣ Гулов, вазири саноату энержӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир ва иддае дигар аз мақомдороне будаанд, ки тайи 20 соли ахир тағйири вазифа карда, аммо барканор нашудаанд.

Сайфулло Сафаров мегӯяд, эҳтимоли аз вазифа барканор шудани онҳо дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад, аммо як эҳтимоли ҳатмӣ нест.

Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон
Тағйироти воқеӣ зарур аст


Аммо Давлат Усмон, вазири пешини иқтисод ва тиҷорат мегӯяд, ҳар инсон зарфияте дорад, ки эҳтимолан дар 5 то 10 сол сарф мешавад ва баъдан кам мешаваду ба ниҳоят ба поён мерасад.

Ӯ афзуд: «Баъд аз ин як оберо мемонад, ки дар як ҷой ҷамъ шудааст. Ҳар чизе, ки одам дошта бошад, дар ин муддат татбиқ ё сарф мекунад. Агар дар ҳамин муддат натавонист, дар кадом самте, ки набошад, як шахсияти нодаркор мешавад. Ба ҳамин хотир, агар тағйироти воқеӣ ояд, шахсиятҳои нав ва ботаҷриба рӯи саҳна оянд ва инҳо дар ягон ширкати давлатӣ мушовир ё раҳбар шаванд, яъне ҷойҳояшонро иваз кунанд, ба фикрам, хубтар аст, ҳам барои давлат ва ҳам мардум».

Ба ин тартиб, коршиносон эҳтимоли як кардани ниҳодҳои ҳамсони вазоратҳои кишварро низ баъйид намедонанд. Ба қавли онҳо, як кумита ё вазорати марбут ба муҳоҷират рӯи кор хоҳад омад ва низ сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи таҷдид хоҳад шуд, ба монанди хадамоти 001 дар Амрико ва 01 дар Русия.

Аммо тамоми коршиносон ҳукумат шомил шудани намояндагони аҳзоби мухолифро амри маҳол медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо дар як соли ахир аҳзоб натавонист аз ҳукумат ҳақталабӣ кунад, барои худ ҷойгоҳи сазовортаре пайдо кунад ва бо ин роҳ эҳтирому эътирофи интихобкунандаҳоро ба даст биёрад. Аз сӯи дигар ҳукумат низ ба намояндагони аҳзоби мухолиф эътимод нишон намедиҳад.