Маҳкумияти Насрин Сутуда ба 11 сол зиндон

Вакили мудофеъи маъруф Насрин Сутуда, ки бештар аз парвандаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи инсон ҳимоят мекард, ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Ризо Хандон, шавҳари Насрин Сутуда гуфт, бар асоси ҳукме, ки ба вакили мудофеъи Сутуда иблоғ шуд, ҳамсари ӯ ҳамчунин барои 20 сол аз ҳаққи фаъолият ба ҳайси вакили мудофеъ маҳрум мешавад.
Вале оқои Хандон гуфт, вакилони мудофеъи ҳамсараш қасд доранд аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар ҳатман шикоят бубаранд.

Насрин Сутуда дар иқдом алайҳи амнияти миллӣ, таблиғи зидди низоми Ҷумҳурии исломӣ ва узвият дар Маркази мудофеъони ҳуқуқи башар муҷрим шинохта шуд. Раҳбарии ин марказро барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ бар ӯҳда дорад. Хонум Ибодӣ ҳукми Сутударо ғайриодилона хонда гуфт, аз шуниданаш бисёр мутаассиф шудааст.

Гуфта мешавад, далели ифтитоҳи парванда алайҳи Насрин Сутуда мусоҳибаҳоест, ки ӯ бо расонаҳои хориҷӣ пиромуни сарнавишти он муваккилонаш, ки дар пайи интихоботи пурбаҳси якуним сол пеши раёсатҷумҳурии Эрон дастгир шудаанд. Ӯ аз моҳи сентябр ба ин сӯ таҳти боздошт қарор дорад. Ризо Хандон ва Насрин Сутуда ду фарзанд – як духтари 11-сола ва як писари сесола доранд. Ризо Хандон мегӯяд, азоби ҷудоӣ аз модар бахусус барои писари кӯчаки онҳо хеле сахт аст, ки тайи ин 4 моҳ ба ҷуз аз чанд дафъаи ангуштшумор ва онҳам барои муддати хеле кӯтоҳ тавонистаанд ба аёдати модар бирасанд.

Ҳукми Сутуда мояи интиқодоти шадиди ҳомиёни ҳуқуқи башар шуд. Маъракаи байналмилалӣ барои ҳуқуқи башар дар Эрон, яке аз чунин гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон аст, ки ҳукми насрин Сутударо “иштибоҳи бузурги додгоҳӣ” унвон кард. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ аммо мегӯяд, далели аслии чунин ҳукми сангин тарси Ҷумҳурии исломӣ аз вакилони ҳуқуқи башар аст, ки дар намунаи парвандаи Насрин Сутуда ба сурате барҷаста зоҳир мешавад. Ба бовари хонум Ибодӣ, ҳукми Сутуда ҳушдорест барои боқӣ вакилон, ки дар амри дифоъ аз муттаҳамини сиёсӣ мувозиби ҳоли худ ҳам бошанд.

Додгоҳ Сутударо ҳамин тавр барои 20 сол аз ҳаққи хуруҷ аз Эрон маҳрум кардааст. Вале Ширин Ибодӣ ин нуктаи ҳукмро ба масхара кашида мегӯяд, оё қозӣ мӯътақид аст, ки вазъи Эрон он қадар хароб ва заҷровар аст, ки будан дар ин кишвар бояд ба манзалаи муҷозот талаққӣ шавад?