Чаҳор сол дар ҷустуҷӯи писар

Дурахшон Абдулмадудов

Абдукарим Абдулмадудов, як сокини ноҳияи Темурмалик, мегӯяд, чаҳор сол аст, ки фарзанди 29-солаи худро ҷустуҷӯ дорад, вале то ҳанӯз дар бораи мурда ва ё зинда будани ӯ иттилое пайдо накардааст.
Дурахшон-писари Абдукарим Абдулмадудов, соли 2002 ба ҷурми дуздӣ ба зиндони воқеъ дар ноҳияи Ёвон, ҷануби Тоҷикистон, интиқол ёфта, бояд соли 2010 аз он ҷо берун меомад.

Дурахшон куҷост?

Аммо Далер Абдулмадудов, бародари Дурахшон, мутмаин аст, ки ҳоло бародараш дар қайди ҳаёт нест, агар не, дар тӯли чор соли гузашта аз ӯ хабаре дарёфт мешуд. Вай ва хонаводааш акнун аз мақомот талаб доранд, ки Дурахшони онҳоро, агарчӣ мурда ҳам бошад, ба онҳо бисупоранд.

“Ба додситонии кулл муроҷиат кардем, ягон хел чора надиданд. Кофтукоб ҳам нашудааст. Бино бар ин, мо ба расонаҳо муроҷиат мекунем, ки қазияи додарамро баррасӣ кунанд. Агар мурдааст, мурдаашро ба мо бидиҳанд, то мо ӯро дар назди модарамон гӯронем”,-афзуд ӯ.

Вале чаҳор соли пеш, ҳамон тавре ки мақомоти расмӣ дар посух ба номаи хонаводаҳои Абдулмадудовҳо навиштаанд, Дурахшон дар пайи авф аз зиндон раҳо шуда, ба Душанбе омадааст.

Додситонӣ: "Дурахшон чаҳор сол пеш озод шудааст"

Дар як посухи додситонии кулл ба номаи Далер Абдулмадудов ҳам навишта шудааст, ки “Бародаратон Абдулмадудов Дурахшон аз 18-уми августи соли 2006 аз адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии воқеъ дар ноҳияи Ёвон озод карда шудааст. Инчунин, муқаррар гардид, ки Абдулмадудов баъд аз озодшавӣ аз ноҳияи Ёвон ба самти Душанбе равон шудааст, ки инро маводи санҷишӣ тасдиқ мекунад.”

Ҳанӯз дар авохири соли 2009, Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам ба номаи падари Дурахшон посух навиштааст, ки “аризаи шумо барои оғоз намудани парвандаи кофтукобӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвон ирсол карда шуд”.

Дар идомаи ин нома гуфта шудааст, ки аз натиҷаи тафтишоти шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон ба хонаводаи Абдулмадудовҳо иттилоъ дода хоҳад шуд. Коре, ки ба гуфтаи Далер Абдулмадудов то ҳол анҷом нашудааст.

“Ба вазорати умури дохилӣ муроҷиат кардем. Дар ҷавоб ба мо гуфтанд, ки мо тавони тафтиши муассисаи раёсати зиндонҳоро надорем. Метавонед ба додситонии кулл муроҷиат кунед, ки онҳо ба тафтиши ин қазия амр медиҳанд”,-илова кард ӯ.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, беному нишон шудани Дурахшон Абдулмадудов, агар берун аз зиндон рух дода бошад, дар ин сурат айб ба дӯши маъмурони зиндон ва мақомоти интизомӣ нахоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, маъмурони зиндон муваззаф нестанд, маҳбусеро, ки дар пайи авф ба озодӣ баромадааст, ба манзилаш бирасонанд ва ё шахсан ба дасти наздиконаш бисупоранд.

Раёсати зиндонҳо изҳори бехабарӣ мекунанд

Аммо барои дарёфти ҷузъиёти бештаре дар бораи қазияи Дурахшон Абдулмадудов ба Баҳром Абдулҳақов, муовини раҳбари раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, занг задем.
Оқои Абдулҳақов аз қазияи Абдулмадудовҳо огоҳ буд, ки ба суоли мо бо суол посух дод:

“Худи шумо хонаводаи Абдулмадудовҳоро мешиносед? Якеашро аз зиндони Ёвон раҳо карданд, вале бо ҳамин бедарак шуд. Вай дар муассисаи ислоҳӣ нест.”

Бо ин ҳол, хонаводаи Абдулмадудовҳо мегӯянд, ба ин осонӣ домони маъмурони зиндонҳо ва мақомоти Тоҷикистонро сар нахоҳанд дод, то замоне, ки Дурахшони онҳо пайдо нашавад. Коре, ки тӯли чор соли гузашта идома додаанд ва омодаанд, ки то чанд соли дигар ҳам идома диҳанд.