Имрӯз аз даргузашти хабарнигори Радиои Озодӣ, нависандаи тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар як сол сипарӣ шуд. Ҳамкори зиндаёди мо шоми якшанбе 3-юми январи соли 2010 дар шаҳри Тулаи Русия, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 57-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз соли 2001 то дами маргаш хабарнигори радиои "Озодӣ" дар Маскав буд ва бо вуҷуди беморӣ, талош мекард хабарҳои муҳими Русияро дар барномаҳо ва соманаи мо пӯшиш бидиҳад.
Ёди падар
«Чанаи моҳтобро кӣ кашола мекунад, моҳтоб ҳам дада дорад? Не надорад, гуфтӣ. Дилам ба ҳоли моҳтоб сӯхт. Моҳтоби бечора чӣ тавр метавонад тани танҳо роҳ биравад? Имрӯз ман ҳам мисли моҳтоб бечораам. Бе шумо дар рӯи замин роҳ меравам ва аз ин кӯчаҳо бадам меояд. Аз кӯчаҳое, ки дар кудакӣ ҳамроҳи шумо сайругашт мекардам, бадам меояд. Чунки дигар ҳамроҳи ман дар онҳо қадам намезанед».
Ин сатрҳо аз дафтари хотироти Фарзона, духтари Муҳаммадраҳими Сайдар аст. Фарзона мегӯяд, орзу дорад мисли падар маҳорати нависандагӣ дошта бошад, то кори ӯро давом бидиҳад.
Ӯ мегӯяд: «Ин як сол барои мо бисёр сахт гузашт. Ман вақте навиштаҳои падарамро то охир хондам, фаҳмидам, ки чӣ дардҳоеву чӣ сузҳоеро дар дилаш ниҳон доштааст ва онҳоро ба мо намегуфтааст, то моро нороҳат накунад. Мехоҳам мисли падарам каме ҳам бошад маҳорати нависандагӣ дошта бошам ва корашро давом диҳам. Ҳарфҳои ногуфтаашро бигӯяму бинависам. Чӣ қадар меҳрубон буд падарам, ки вакте ману Маҳина дар кудакӣ чанг мекардем ва ман ба падарам мегуфтам, Маҳинаро ҷанг кунед, вай фақат бо шухӣ ба Маҳина рӯ оварда «ҷанг» мегуфт. Ҳаргиз ба мо ҳарфи сахт нагуфта буд».
«Як соли бе ӯ басо сахту сангин буд»
Инак 3-юми январ аз даргузашти Муҳаммадраҳими Сайдар як сол гузашт. Дӯстону пайвандон, ҳамкорон дар ин рӯз ҷамъ омада, дар манзилаш маҳфили хоксоронае баргузор карда, ёде аз ин марди шарифу боҳунар карданд.
Ҳамсари Муҳаммадраҳим хонум Шарофат ва духтаронаш Фарзонаву Маҳина мегӯянд, таҳаммули бе ӯ будан барояшон тайи ин як сол басо сахту сангин будааст.
Хонуми Шарофат бо арзи сипос аз Радиои Озодӣ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар нашри китоби Муҳаммадраҳим дасти кумак дароз кардаанд, гуфт, Муҳаммадраҳим нисбат ба эҷодиёти худ ниҳоят сахтгир буд ва сабаби ба ин дери чоп шудани навиштаҳояш ҳам ҳамин будааст, ки ҳар як сатрро, ба истилоҳ, аз ҳалоҷии андешаву зеҳн борҳо мегузаронд, то онро арзандаи нашр бубинад.
Хонум Шарофат мегӯяд, ӯ ки то андозае таҳриру ба нашр омода кардани китоби Муҳаммадраҳимро бар уҳда доштааст, кӯшиш кардааст, ки дар иҷрои ин кор маҳз аз сабки эҷод, талабот ва нозукандешиҳои худи Муҳаммадраҳим кор бигирад.
Ӯ гуфт: «Вақте як бор ба Душанбе омада буд, ба ӯ гуфтам, ки худат вақт надорӣ ва ба замми ин бемор ҳастӣ, биё ман китобатро ба чоп омода кунам. Розӣ нашуд. Гуфт, «ин китоб ҳоло кори зиёд мехоҳад ва ман худам бо дасти худам онро таҳрир ва ҳуруфчинӣ мекунам». Бисёр серталаб буд нисбати худ».
«Дардманди дардҳои Ватан»
Ӯ афзуд: «Як сол аст, ки Муҳаммадраҳим дар миёни мо нест, вале дар ҳар маҳфил номи ӯ ва сабки эҷоди ӯ сари забонҳост. Ба назари ман Муҳаммадраҳим ва истеъдоди нотакрори ӯ мисли як кургиреҳи нокушода дар панҷаи бодҳои ҷанги шаҳрвандӣ монд. Ман шод аз онам, ки пешниҳоде, ки мо як соли пеш карда будем, амалӣ шуд. Ва мактабе ки дар ноҳияи Рашт онро Муҳаммадраҳим хатм карда буд, ба номи ӯ гузошта шуд».
Яке аз дӯстони айёми кӯдакии Муҳаммадраҳими Сайдар Мизробшоҳи Муҳаббат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ӯ ҷойи Муҳаммадраҳим на танҳо ҳамчун як дӯсти қадрдон, балки ҳамчун як инсони наҷибу некдил ва хоксору меҳрубон холист.
«Ман албатта дӯстони дигар дорам, вале мисли Муҳаммадраҳим инсони некдилу пок ва меҳрубон дигар надорам. Ва мисли ӯ инсонҳо кам ёфт мешаванд. Руҳаш шод ва хонаи охираташ обод бошад», -афзуд ӯ.
Дардошнои муҳоҷирон
Муҳаммадраҳими Сайдар, ҳамкори зиндаёди мо, рӯзи 3-юми январи соли 2010 дар синни 57-солагӣ дар шаҳри Тулаи Русия пас аз бемории шадиди диабети қанд даргузашт. Ӯ аз соли 2010 то рӯзҳои маргаш ба ҳайси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав фаъолият мекард. Вай бо вуҷуди бемории шадид кӯшиш мекард ҳамеша дар ҷойи ҳодиса бошад ва аввалин шуда, рӯйдодҳои муҳими вобаста ба ҳаёт, буду бош ва ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро гузориш кунад ва ё мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор бидиҳад.
Аз Муҳаммадраҳими Сайдар китоби ҳикоёт бо номи «Гавҳораи ноз» ва чандин ҳикояву қисса ва очеркҳо дар шакли пароканда нашршуда ба мерос мондааст. Солҳои ахир Муҳаммадраҳим ба тарҷумаи асарҳои адибони хориҷӣ машғул буд.
Инак баъди як сол аз даргузашти Муҳаммадраҳими Сайдар китоби «Гаҳвори ноз»-и ӯ иборат аз 15 ҳикоя, повесту қиссаҳо, мақолаҳои ӯ, ки дар Радиои Озодӣ пахш шудаанд ва низ хотироти дӯстону пайвандони ӯст, дар дасти чоп аст. Ёдаш ба хайр!
Дар рӯзи ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар гузоре кунед ба сафҳаи вижаи ёдномаи ӯ.
Ёди падар
«Чанаи моҳтобро кӣ кашола мекунад, моҳтоб ҳам дада дорад? Не надорад, гуфтӣ. Дилам ба ҳоли моҳтоб сӯхт. Моҳтоби бечора чӣ тавр метавонад тани танҳо роҳ биравад? Имрӯз ман ҳам мисли моҳтоб бечораам. Бе шумо дар рӯи замин роҳ меравам ва аз ин кӯчаҳо бадам меояд. Аз кӯчаҳое, ки дар кудакӣ ҳамроҳи шумо сайругашт мекардам, бадам меояд. Чунки дигар ҳамроҳи ман дар онҳо қадам намезанед».
Ин сатрҳо аз дафтари хотироти Фарзона, духтари Муҳаммадраҳими Сайдар аст. Фарзона мегӯяд, орзу дорад мисли падар маҳорати нависандагӣ дошта бошад, то кори ӯро давом бидиҳад.
Ӯ мегӯяд: «Ин як сол барои мо бисёр сахт гузашт. Ман вақте навиштаҳои падарамро то охир хондам, фаҳмидам, ки чӣ дардҳоеву чӣ сузҳоеро дар дилаш ниҳон доштааст ва онҳоро ба мо намегуфтааст, то моро нороҳат накунад. Мехоҳам мисли падарам каме ҳам бошад маҳорати нависандагӣ дошта бошам ва корашро давом диҳам. Ҳарфҳои ногуфтаашро бигӯяму бинависам. Чӣ қадар меҳрубон буд падарам, ки вакте ману Маҳина дар кудакӣ чанг мекардем ва ман ба падарам мегуфтам, Маҳинаро ҷанг кунед, вай фақат бо шухӣ ба Маҳина рӯ оварда «ҷанг» мегуфт. Ҳаргиз ба мо ҳарфи сахт нагуфта буд».
«Як соли бе ӯ басо сахту сангин буд»
Инак 3-юми январ аз даргузашти Муҳаммадраҳими Сайдар як сол гузашт. Дӯстону пайвандон, ҳамкорон дар ин рӯз ҷамъ омада, дар манзилаш маҳфили хоксоронае баргузор карда, ёде аз ин марди шарифу боҳунар карданд.
Ҳамсари Муҳаммадраҳим хонум Шарофат ва духтаронаш Фарзонаву Маҳина мегӯянд, таҳаммули бе ӯ будан барояшон тайи ин як сол басо сахту сангин будааст.
Хонуми Шарофат бо арзи сипос аз Радиои Озодӣ ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар нашри китоби Муҳаммадраҳим дасти кумак дароз кардаанд, гуфт, Муҳаммадраҳим нисбат ба эҷодиёти худ ниҳоят сахтгир буд ва сабаби ба ин дери чоп шудани навиштаҳояш ҳам ҳамин будааст, ки ҳар як сатрро, ба истилоҳ, аз ҳалоҷии андешаву зеҳн борҳо мегузаронд, то онро арзандаи нашр бубинад.
Хонум Шарофат мегӯяд, ӯ ки то андозае таҳриру ба нашр омода кардани китоби Муҳаммадраҳимро бар уҳда доштааст, кӯшиш кардааст, ки дар иҷрои ин кор маҳз аз сабки эҷод, талабот ва нозукандешиҳои худи Муҳаммадраҳим кор бигирад.
Ӯ гуфт: «Вақте як бор ба Душанбе омада буд, ба ӯ гуфтам, ки худат вақт надорӣ ва ба замми ин бемор ҳастӣ, биё ман китобатро ба чоп омода кунам. Розӣ нашуд. Гуфт, «ин китоб ҳоло кори зиёд мехоҳад ва ман худам бо дасти худам онро таҳрир ва ҳуруфчинӣ мекунам». Бисёр серталаб буд нисбати худ».
«Дардманди дардҳои Ватан»
Гулрухсор, шоираи саршиноси тоҷик, мегӯяд, аз он шод аст, ки мактабе дар ноҳияи Рашт ба номи Муҳаммадраҳими Сайдар гузошта шудааст.
Шоири саршиноси тоҷик Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, адибе мисли Муҳаммадраҳим нуктасанҷу тозабаён ва дардманди дардҳои Ватанро, кам дидааст.Ӯ афзуд: «Як сол аст, ки Муҳаммадраҳим дар миёни мо нест, вале дар ҳар маҳфил номи ӯ ва сабки эҷоди ӯ сари забонҳост. Ба назари ман Муҳаммадраҳим ва истеъдоди нотакрори ӯ мисли як кургиреҳи нокушода дар панҷаи бодҳои ҷанги шаҳрвандӣ монд. Ман шод аз онам, ки пешниҳоде, ки мо як соли пеш карда будем, амалӣ шуд. Ва мактабе ки дар ноҳияи Рашт онро Муҳаммадраҳим хатм карда буд, ба номи ӯ гузошта шуд».