Ҳазорон нафар аз мардуми Тоҷикистон аз Соли нави мелодӣ, таҷлил карданд. Маросими аслии таҷлили Соли нави мелодӣ ба таърихи 31-уми декабр аз соати 19 то 21 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо ширкати сарояндагону ҳунармандон ва овозхонони тоҷик баргузор шуд.
Ҳамчунин ба ҳангоми вуруди соли нави мелодӣ, ҳафт дақиқа дар осмон оташбозии солинавӣ доир гашт.
Дар остонаи ҷашни Соли нав раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми идона мардуми кишварро табрик гуфт. Ӯ аз соли 2010 ҳамчун "соли бобарор" ёдовар шуд ва гуфт, дар соли нав татбиқи се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардум аз авлавиятҳои сиёсати давлати Тоҷикистон хоҳад буд.
Иди Соли нави мелодӣ , ки пас аз вуруди русҳо ба минтақа дар қарни гузашта ҷорӣ шуд, дар тӯли ҳафтод соли пойбарҷоии Шӯравӣ ба як ҷашни ҳамагонӣ табдил ёфтааст. То ҳоло дар шаби соли нав, аксар сокинони Тоҷикистон дар хонаҳои худ арчаи солинавӣ оро медиҳанд, дастурхони пурнозу неъмат густурда ва хурсандӣ мекунанд.
Дар бештари хонаводаҳо ҳамроҳ бо қаҳрамонҳои ин ид - Бобои Барфӣ ва Барфак ин идро таҷлил мекунанд, ки рамзи муҳими Соли нав маҳсуб мешавад.
Дар рӯзи Соли нав дар Тоҷикистон корхонаҳо кор намекунанд ва сокинон бошад, бо пайвандони худ барои тамошо ба боғҳо мебароянд ва барои ҳамдигар соли хубу хуш орзу мекунанд. Дар Тоҷикистон солшумории соли милодӣ ҷорист ва таҷлил аз ин сол ба расмият даромадааст.
Оё Қонуни танзими расму ойин дар Соли нав муроот мешавад?
Зимнан, бо мақсади таҷлили Соли нави мелодӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе масъулони вазорату муассисаҳо ва куллия ниҳодҳои пойтахтро муваззаф карда буд, ки сохтмон ва биноҳоро ба ҷашн ороиш бидиҳанд. Масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр низ дастур гирифтаанд, ки дар шабу рӯзи ҷашни Соли нави мелодӣ амнияти шаҳрвандонро таъмин созанд.
Чунин омодагии шаҳрдории Душанбе барои таҷлили Соли нави масеҳӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки муддати чанд соли ахир дар ин мавзӯъ сару садоҳои мухталиф вуҷуд дорад.
Ба дунболи қабули Қонун « Дар бораи танзими расму ойин ва маросимҳо» дар ду соли пеш, шаҳрдории Душанбе хост, то ҷашни Соли навро ба танзим дарорад ва аз баргузории бархе аз барномаҳои фароғатии сермасраф дар шаби Соли нав парҳез кунад. Ин буд, ки соле пеш масъулони шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки консерти бошукӯҳи солинавӣ доир нахоҳад шуд. Аммо баъдан тасмим дигар шуд ва Соли нав бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Наврӯз ва ё Соли нави мелодӣ?
Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст. Вале пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва ба хусус таҳкими ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ, пешниҳодҳое низ ҷой доранд, ки ҷашни Соли нав таҷдиди назар шавад.
Аксари мардум ҳамакнун Наврӯзро, ки ба 21 март рост меояд, ҷашни муҳим ва оғози сол арзёбӣ мекунанд. Мақомот низ дар чанд соли ахир бештар ба таҷлили ин иди ниёгон таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.