Интиқоли таҷҳизоти Сангтӯда-2 аз Эрон тариқи ҳавопаймо

Барои нахустин дафъа, 75 тонна бор, ки шомили таҷҳизот барои корҳои сохтмонии тарҳи «Сангтӯда -2» мебошад,тариқи ҳавопаймо аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе бо таъйиди ин хабар гуфт, ин иқдом рӯзи гузашта сурат гирифт.
Ба гуфтаи вай, кулли таҷҳизот, ки шомили васоили электроник ва барқӣ барои тақвияти корҳои сохтмонии нерӯгоҳ ҳастанд, ба маҳалли нерӯгоҳ расонида шудаанд ва ин амр метавонад замина барои иҷрои ин тарҳҳро ҳар чӣ бештар фароҳам созад.

Интиқоли таҷҳизоти сохтмонӣ аз Эрон ба Тоҷикистон аз тариқи ҳавопаймо то ҳол собиқа надоштааст ва ба гуфтаи ҷаноби Шеърдӯст, ин амр ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар навъ мушкилот дар ҷиҳати интиқоли таҷҳизот тавассути роҳи заминӣ сурат гирифтааст.

Зеро ба таъкиди сафири Эрон дар Душанбе, дар гузашта интиқоли таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ тариқи роҳи қатор тавассути кишварҳои муштаракулманофе, хосса дар қамламрави Узбакистон ба душворӣ анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки иқдоми ҷониби Узбакистон дар заминаи боздошти беш аз 2 ҳазор қатори бору колои Тоҷикистон ба умури сохтмонии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ асар гузошт. Зеро дар миёни қаторҳое , ки дар қаламрави Узбакистон банд монданд, вагонҳои таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои тарҳи «Сангтӯда -2» низ буданд.

Ин буд, ки ширкати Роҳи Оҳани Эрон дар тобистони соли ҷорӣ ба ҷониби Узбакистон ҳушдор дод, ки дар сурати раҳо нашудани вагонҳои бору колои Тоҷикистон, қаторҳои Узбакистонро қабул нахоҳад кард. Пас аз ин иқдоми Эрон, ҷониби Узбакистон теъдоде аз вагонҳои бору колои Тоҷикистонро раҳо кард, ки гуфта мешуд дастикам 20 вагони он масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот барои иҷрои тарҳи «Сангтӯда -2» будаанд.

Турбинҳо низ аз тариқи ҳавопаймо оварда мешаванд

Ҳамакнун, ки нахустин ҳавопаймои борӣ тавонистааст 75 тонна борро аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол бидиҳад, Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе мегӯяд, ба зудӣ дар ҳафтаҳои оянда ду трансформатор ва ё муҳаррикҳои барқии нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», ки ҳар кадом 140 тонна вазн дорад низ тавассути бузургтарин ҳавопаймои борбари тамғаи «Мариантонов» аз Эрон ба Душанбе оварда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ҷаноби Шеърдӯст мегӯяд, ба дунбол, турбинҳои нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», ки дар Чин сохта шуда ва ҳоло ба Бандар Аббоси Эрон ҳамл шудаанд, тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон таҳвил хоҳанд шуд.

Сангтӯда - 2 дар соли 2011 фаъол мешавад

Ба ин тартиб масъулони сафорати Эрон дар Душанбе мегӯянд, ҳадафи аслӣ он аст, ки то таҷҳизот ва масолеҳи зарурии нерӯгоҳи «Сангтӯда — 2» бидуни мушкил ва бо амнияти комил ба маҳалли сохтмони ин тарҳ бирасанд ва аз сӯи дигар тавофуқе, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисони ҷумҳур дар заминаи баҳрабардории нахустин турбини нерӯгоҳ кардаанд, ҷомаи амал пӯшад.

Дар охирин мулоқоти миёни Раҳмон ва Аҳмадинажод, дар ҳошияи нишасти сарони ЭКО ё Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар шаҳри Истанбуди Туркия дар ду ҳафтаи қабл, тавофуқ шуд, ки нерӯгоҳи «Сангтӯда — 2», дар нимаи дуввуми соли 2011 фаъол шавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ҳоло кор дар маҳалли ин сохтмон ба таври шабонарӯзӣ ҷараён дорад ва роҳандозии нахустин турбини ин нерӯгоҳ дар остонаи таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ки қарор аст моҳи сентябри соли 2011 доир шавад, тӯҳфаи бузурге хоҳад буд барои мардуми Тоҷикистон.

Корҳои сохтмони зербинои тарҳи «Сангтӯда -2» воқеъ дар 100 км -и ҷануби шаҳри Душанбе дар аввали соли 2008 бо сармояи давлати Эрон шурӯъ шуда буд. Ширкати эронии «Сангоб» корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳро бар ӯҳда дорад. Ҷониби Эрон барои иҷрои ин тарҳ маблағи 180 миллион доллар тахсис медиҳад ва 40 миллион доллари дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт хоҳад кард.

Зимнан, нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 яке аз силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш хоҳад буд, ки тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва Эрон маҳсуб мешавад. Зарфияти он 220 меговот аст, ки дар сурати роҳандозии комили ин нерӯгоҳ, мушкилоти марбут ба камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон то андозае рафъ хоҳад шуд.

Пас аз бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ҷониби Эрон муддати дувоздаҳуним сол молики он хоҳад буд ва сипас он ба Тоҷикистон вогузор хоҳад шуд.