Ҷилавгирӣ аз як қасди ҳамлаи террористӣ дар Дания

Мақомоти пулиси Данияву Шветсия мӯътақиданд, ки аз як қасди ҳамлаи террористии тундравони исломӣ пешгирӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ҳадафи ҳамла дафтари рӯзномаи "Jyllands-Posten", ки 5 сол қабл тасвирҳои танзомези паёмбари Исломро нашр карда буд, дар Копенҳаген будааст.
4 гумонбар дирӯз дар канори пойтахти Дания ва нафари панҷум дар Шветсия дастгир шуданд. Ҳамаи боздоштшудагон решаи арабӣ доранд.