Баҳси доғи соли 2010

Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

Баҳси тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бо вуҷуди як баҳси забонӣ буданаш аз баҳсҳои доғе дар тӯли соли 2010 буд. Тарҳи мазкур аз сӯи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон таҳия шуда, ба мухолифати шадиде аз сӯи як гурӯҳи забоншиносону адибон ва хабарнигорон, бахусус ба сари ҷойгоҳи “ӯ” дар забони тоҷикӣ рӯбарӯ шуд.
Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, ниҳоде, ки масъулияти таҳияи тарҳи нави имлои забони тоҷикиро бар дӯш дорад, мегӯяд, тарҳи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ бар асоси меъёрҳои илмиву таърихӣ сохта шудааст, на бар пояи меъёрҳои гӯиши кадоме аз минтақаҳои алоҳидаи тоҷикзабон.

Ин дар ҳолест, ки ӯ қаблан мегуфт, бояд забони Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон асоси забони адабӣ қарор бигирад.

Профессор Додихудо Саймуддинов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур феълан дар дасти баррасӣ ва омӯзиши бахшҳои забоншиносии донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои кишвар қарор дошта, ба муҷарради расидани хулосаи ин ниҳодҳо, барои тасвиби ниҳоӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ироа хоҳад шуд.

Ӯ мегӯяд, бар асоси меъёрҳои илмиву таърихӣ ва бо маслиҳати ҳамагон бояд чунин як имлое сохт, ки баъди чанд соли дигар зарурати бозбинии дубораи он пеш наояд: