Додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав имрӯз раҳбари пешини ширкати “Юкос” Михаил Ходорковский ва коршарики ӯ Платон Лебедевро дар ғорати пулҳои давлатӣ айбдор донист.
Қозӣ Виктор Данилкин зимни қироати ҳукм гуфт, “додгоҳ муқаррар кард, ки Ходорковский ва Лебедев бо истифода аз мақоми худ ва машварати пешакӣ бо гурӯҳи одамон даст ба ғорати моли бегона заданд”.
Ҳарчанд қироати ҳукм ҳоло чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард, аммо аз ҳоло гуфта мешавад, ки баъди анҷоми мӯҳлати кунунии зиндонаш, ки соли оянда фаро мерасад, Михаил Ходорковский боз чандин соли дигар паси панҷара хоҳад монд.
Маҳбуси сиёсӣ
Ин дуюмин мурофиаи додгоҳии соҳибкори маъруф аст, ки аз нигоҳи мунаққидон сирф ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ҳукми додгоҳ сару садо ва интиқодҳои зиёдро дар дохил ва хориҷи Русия ба бор овард.
Баъди он ки қозӣ ҷумлаҳои аввали ҳукми додгоҳро қироат кард, ба боқӣ суханронии ӯ на Ходорковский, на Лебедев дигар таваҷҷӯҳ нишон надоданд. Маряна Торочешникова, хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ, ки дар толори додгоҳ ҳузур дошт, мегӯяд: “Чунин ба назар расид, ки Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев баъди садо додани калимаҳои аввали Виктор Данилкин дигар таваҷҷӯҳро ба он чи ки дар мурофиа мегузашт, аз даст доданд”.
Бархе дигар хабарнигорҳо диданд, ки падари муҷрим Борис Ходорковский аз ноумедӣ бо сари хам менишаст.
Рӯзи 27 декабр Виктор Данилкин, қозии додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав дар ҳукми худ гуфт, Ходорковский ва Лебедев миллиардҳо доллар пули ширкати нафтии худро ба ғорат бурдаанд. Ин дуюмин мурофиаи додгоҳии сарватманди 47-сола аст, ки аз соли 2003 инҷониб дар зиндон ба сар мебарад. Ӯро барои напардохтани молиёт ва тақаллуби молӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум карда буданд.
Ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки оё Ходорковскийро ин навбат чанд сол зиндонӣ хоҳанд кард, аммо аксарият мутмаинанд, ки ӯ ҳадди аққал то интихоботи нави раёсатҷумҳурии соли 2012 паси панҷара хоҳад монд. Додситонӣ дар айбномаи худ тақозои 14 соли зиндонро карда буд.
Тазоҳуроти тарафдорони Ходорковский
Рӯзи душанбе ҳудудан яку ним ҳазор тарафдори Ходорковский пушти дарҳои додгоҳ зидди ҳукми нави ӯ эътироз мекарданд. Онҳо дар даст акс ва шиорҳои танқидкунандаи давлати Русия доштанд. Полис тақрибан 20 нафарро боздошт кард.
Бархе гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки парвандаи дуюми Ходорковский пур аз иштибоҳ аст. Аз ҷумла раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Human Rights Watch Рэчел Дебнер дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт, омӯзиши парвандаи дуюми Ходорковский иштибоҳҳои хеле зиёдро ба намоиш гузошт ва собит кард, ки ин таъқиб бештар “як шикори сиёсӣ”-ро мемонад.
Вай мегӯяд, Ходорковскийро дар мӯҳлати байни солҳои 1998-2003 ба ғорати нафт айбдор мекарданд, аммо таҳқиқот нишон дод, ки ин миқдор нафт хеле бештар аз тамоми миқдори нафте будааст, ки дар ин муддат аз ҷониби ЮКОС истеҳсол шудааст.
Илова ба ин, аз рӯи парвандаи аввал Ходорковский дар напардохтани молиёте айбдор шудааст, ки аз фурӯши нафт дар ҳамон марҳила ба даст омадааст. Дар натиҷа, мегӯяд вай, ӯро “ду маротиба аз рӯи иттиҳоми зидду нақиз” айбдор мекунанд.
Мурофиа ё «мазҳака»?
Максим Дбар, сухангӯи тими мудофеони Ходорковский гуфт, ки хулосаҳои додгоҳ “як мазҳака” аст.
Ӯ афзуд: “Дар делои ҷиноятӣ муҳимтарин чиз, яъне арзёбии худи ҷиноят намерасад. Бо гузашти бист моҳ аз баррасии ин парванда ҳанӯз ҳам ҳеҷ кас намедонад, ки Ходорковский чӣ гуноҳ кардааст”.
Мурофиаи мазкур боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеаи байналмилалӣ ва матбуоти ғарбӣ шуд. Аз назари мунаққидон, даъвои Ходорковский барои курсии президентӣ сабаби аслии асабонияти нахуствазир Владимир Путин ва мавриди таъқиби мақомоти ҳифзи қонун қарор гирифтани ин марди сарватманди Русия гардид.
Дар мусоҳибаи ахири телевизиониаш зимни посух додан ба саволи як сокини Русия, ки “чаро Ходорковский бояд як умр дар зиндон монад”, раҳбари ҳукумат Путин гуфт, ки “дузд бояд дар зиндон бошад”. Ин изҳороти ӯ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳуқуқи башар чун “фишор болои додгоҳ пеш аз содир шудани ҳукм” арзёбӣ ва мавриди интиқоди шадид қарор гирифт.
Худи Ходорковский рӯзи ҷумъа дар як матлабе, ки дар “Независимая газета” чоп шуд, Путинро гунаҳгори аслии бадабхтиҳои худ ва мардуми Русия номид. Вай дар ин матлаб дар муроҷиат ба нахуствазири Русия гуфтааст: “…ман дар остонаи идҳо ба шумо хайрхоҳиву таҳаммулпазириро таманно мекунам, бигузор аз шумо натарсанду дӯстатон доранд, бигузор на ҳама ва на фақат сагҳо, самимона ва беғараз ба шумо муҳаббат дошта бошанд…”.
Вале бархе, бо нигоҳ ба талошҳои президент барои эҷоди як давлати ҳуқуқбунёди Русия мегӯянд, ҳукми Ходорковский пеш аз ҳама барои Дмитрий Медведев як имтиҳон аст, ки то куҷо ӯ воқеан ҳам тавон ва қударту нирӯе дорад, ки ба тааҳҳудоташ вафодор монад. Ҳукми имрӯзаи додгоҳ аз ҷониби Комиссиюни ҳуқуқи башари Олмон ва як идда созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Афви байнулмилал интиқод шудааст.
Вокунише аз Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳам маҳфилҳои сиёсиву хабарнигорӣ аз мурофиаи соҳибкори маъруфи рус назорат мекунанд. Аз назари бархе коршиносон, қазияи Ходорковский ва дар фишори ҳамешагӣ барои мӯҳлати тӯлонӣ дар зиндон нигоҳ доштани ӯ намунаи бадест барои бархе давлатмардон дар кишварҳои мисли Тоҷикистон, ки аз бисёр ҷиҳат шеваи сиёсии кор дар Русияро нусхабардорӣ мекунад.
Бархе мегӯянд, таъқиб, мусодираи комили пулу дороӣ, маҳрумият аз озодӣ ва бо ин роҳ комилан бесилоҳ кардани нафарие аз назари сиёсӣ барои бархе дар ҳукумат хатарнок, шояд муносибтарин шеваи бархӯрд бо як рақиби сиёсӣ дониста шавад. Аз Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон пурсидем, назари ӯ ба ингуна андешаҳо чист.
Ӯ гуфт: “Албатта, дар фазои пасошӯравӣ низоми судии мустақилро кофтан худаш нодуруст аст, чунки аз рӯи анъана ҳамин чиз пеш меравад ва ба он дараҷае, ки барои мардум лозим аст, барои қонуни асосӣ лозим аст ва барои демократия лозим аст, ба ингуна сатҳ мо нарасидаем. Ва аз ин сабаб ҳам ингуна ҳодисаҳо рух медиҳанд, ки аз нуқтаи назари мантиқи на қонунӣ ва на сиёсӣ ба ягон чорчӯба намеғунҷад”.
Оқои Сафаров гуфт, “Ба мисли он ки ҳоло мегӯянд, ришвахоронро ҷазои садкарата диҳем, давлати Русия ҳам метавонист ҳамингуна як ҷараёнро пеш гирад ва он шахсиятҳои навро, ки тавонистанд иқтисодиёти Русияро ба як маҷрои нав ворид кунанд, зиндонӣ накунад”.