Дар Маскав, пойтахти Русия, бо вуҷуди сардии тоқатфарсои ҳаво, раҳпаймоии "Русия барои ҳама" ҷараён гирифт. Ин раҳпаймоӣ эътирозе буд ба тазоҳуроти миллатгароёни рус дар 11-уми декабр аст, ки бо шиори "Русия барои русҳо" ба майдонҳо рехта, ғайрирусҳоро латтукӯб карданд.
Раҳпаймоён тазоҳуроти асосии худро дар майдони Пушкин, дар пояи пайкараи шоири машҳури рус баргузор карданд ва шиорҳои зидди фошистӣ сар доданд.
Рӯшанфикрони рус алайҳи нажодпарастӣ
Хабарнигори Бахши русии Радиои Озодӣ, Мӯъмин Шокиров мегӯяд, чандин ҳазор нафар аз сокинони Маскав ба ин раҳпаймоӣ пайвастанд, ки дар он асосан зиёиён, нависандагону ҳунарпешагон, олимон, ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон пешсаф буданд. Онҳо рӯҳияи бегонаситезӣ ва нажодпарастии қисме аз ҷавонон ва наврасони Русия ва камбуди таҳаммулпазирӣ дар баробари ақаллиятҳои миллӣ дар ин кишварро маҳкум карданд.
Ташаббускори ин гирдиҳамоӣ, нависандаи рус, Виктор Шендерович аст, ки ҳанӯз аввали ин моҳ мардуми Маскавро ба як тазоҳуроти зидди афзоиши бегонабадбинӣ даъват карда буд. Даҳҳо чеҳраи саршинос, аз ҷумла овозхон Алексей Кортнев, адиб Мариетта Чудакова, навозанда Владимир Спиваков, кайҳонннавард Магомед Талбоев ва ҳунарпеша Чулпон Ҳамадова аз ин ташаббус пуштибонӣ карданд.
Чудакова дар паёмаш ба издиҳом дар майдони Пушкин гуфт, ин фурсатест, бояд ошкоро гуфта шавад, ки дар ҷомеаи Русия набояд фошизм ҷои пое дошта бошад. Шендерович аз мардуми Русия даъват кард, бо рехтан ба кӯчаву хиёбонҳо садои худро алайҳи бегонаситезӣ ва инсонбадбинӣ дар Русия баланд кунанд.
"Агар шумораи онҳое, ки ин ҷо ҷамъ омадаанд, даҳ баробар бештар мебуд, эҳтимол аз фардо мо шоҳиди дигаргунӣ мешудем, зеро шумо медонед, ки сиёсатмадорон аз пайи ом мераванд."
Ғулғулаи сафороии миллатгароён фурӯ нанишастааст
Шендерович ҳамчунин паёми Елене Боннер, ҳомии саршиноси ҳуқуқи инсонро қироат кард, ки худро дар ин нома "маскавагии, яҳудӣ ва аз миллатҳои Қафқоз" номидааст. У аз азиятҳои хонаводаи худ дар солҳои 37 ва талошҳои худ барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Русия ёдовар шуда ва гуфтааст холо дигар намедонад, ки ватанро чӣ гуна ҳимоя кунад.
Даъват ба гирдиҳамоӣ дар ҳоле садо дод, мақоми давлатӣ, раиси "Роспотребнадзор"-и Русия, Геннадий Онишенко аз мардуми Маскав даъват карда буд, бо сабаби сардии ҳаво ва яхбандони шадид, аз хонаҳои худ набароянд.
Бо вуҷуди паёми қавияш, тазоҳуроти майдони Пушкин ғулғулаи сафороӣ ва тахрибгариҳои миллатгароёни рус дар 11-уми декабрро, ки чанд кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошта буд, фурӯнишин накардааст.