Соли 2010 дар тасвирҳо

Дар оғози соли 2010 дар Дубай - пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб баландтарин бино дар ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт. Баландии ин бино 800 метр аст ва "Бурҷи Дубай" ном дорад.

Заминларзаи бесобиқа дар оӯзи 12 январ пойтахти Ҳаитиро тақрибан ба хок яксон кард. Бар асари ин ламинларза 270 ҳазор кушта ва 3 миллион нафар осеб диданд.

Моҳи январи имсол шадидтарин зимистон дар даҳсолаҳои ахир дар Кобул буд ва боиси марги даҳҳо нафар шуд.

Дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ вакилони ҳизби ҳокими ҲХДТ аксари кулли курсиҳоро соҳиб шуданд.

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳини дидор аз намоишгоҳи навовариҳои фаннӣ дар Теҳрон, 7-уми феврал.

Хушнудии ҷонибдорони номзади русиягаро Виктор Янукович аз пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии Украина, 10-уми феврал.

Таркиши маргбор дар метрои Маскав дар моҳи март ҷони 39 нафарро рабуд.

Тазоҳуроти мухолифони Қурмонбек Боқиев, президенти Қирғизистон, дар моҳи апрели имсол боиси сарнагуншавии режими ӯ шуд.

Дар моҳи апрел давлати Тоҷикистон барои аввалин бор истифода аз роҳро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пулакӣ кард.

Маросими имзои паймони нави коҳиши силоҳи ҳастаӣ миёни раисони ҷумҳури Русия ва Амрико, 8 апрел.

Дуди оташи вулқон дар Исландия дар моҳи апрел низоми парвози ҳавопаймоҳо дар кишварҳои Аврупоро ба ҳам зад.

Баҳси ҳузури нерӯҳои дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳ боиси ҷанҷоли вакилони парлумони Украина шуд, 27 апрел.

Бархӯрди тазоҳургарон - мухолифони барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат бо нерӯҳои пулиси Юнон, 5 май.

Обхезиҳо дар моҳи май дар шаҳри Кӯлоб ҷони даҳҳо нафарро гирифт ва беш аз ду ҳазор хонаводаро бесарпаноҳ монд.

Гирдбоди шадид дар шаҳри Агатаи кишвари Гватемала сурохи бузургеро аз худ боқӣ гузошт, 1-уми июн.

Хуруҷи 4,9 миллион бушкаи нафт ба обҳои халиҷи Мексика аз чоҳи нафти сӯрохшудаи Deepwater Horizon бузургтарин фалокати зистмуҳитӣ дар таърихи Амрико хонда шуд, 4-уми июн.

Лаҳзае аз маросими ифтитоҳи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Ҷумҳурии Ҷанубии Африқо баргузор шуд, 11 июн.

Дар пайи низоъҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон дар моҳи июн садҳо ҳазор узбактаборон манзилҳои худро тарк карданд.

Ёдбуди қурбониёни қатли омми мардуми мусалмони Сребренитсаи Босния дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияи собиқ. 8000 сокини мусалмони шаҳраки Сребренитса дар соли 1995 аз сӯи нерӯҳои серб қатли ом шуданд. 9-уми июл.

Бар асари обхезиҳои бесобиқаи моҳи июл дар Покистон беш аз 20 миллион нафар зарар дидааст.

Гармиҳои имсола сӯхторҳои бешумор дар Русияро дар пай дошт, ки садҳо ҳазор гектор ҷангалзорҳои ин кишварро ба коми он рафт, 29 июн.

Оғози хуруҷи неруҳои Амрико аз Ироқ, 15-уми август.

Таҳлилгарон ҳодисаи фирори 25 маҳбус аз зиндони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷориро «фирори аср» номидаанд.

Истиқболи мардуми Туркия аз натоиҷи мусбати ҳамапурсӣ дар мавриди вуруди тайғирот ба Қонуни асосии ин кишвар. Ин тағйирот қонунҳои Туркияро бештар демократӣ ва ба меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ кард, 12-уми сентябр.

Мири шаҳри Маскав Юрий Лужков моҳи сентябр ғайричашмдошт бо фармони раисиҷумҳури Русия аз вазифа барканор шуд.

Ҳамлаи интиҳории рӯзи 3 сентябр ба шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд дастикам 4 кушта ва 26 захмӣ ба ҷо гузошт.

Дар пайи ҳамлаи гурӯҳи номаълум ба нерӯҳои вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар дараи Камароб чархболи Горди миллӣ 6 октябр суқут кард. Бар асари суқути чархбол 28 нафар, аз ҷумла 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви “Алфа” ва инчунин халабонони он кушта шуданд, 7уми октябр.

10-уми октябр дар Қирғизистон интихоботи парлумонии таърихӣ баргузор шуд, ки низоми давлатдорӣ дар ин кишварро аз ҷумҳурии президентӣ ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил дод.

Нахустин нерӯгоҳи барқи ҳастаии Эрон дар шаҳри бандарии Бушер ба кор сар кард, 26-уми октябр.

Ҷулиан Ассанж, муассиси пурсарусадотарин тарҳи интернетии "WikiLeaks". Фошкориҳои ин торнамо дипломатияи байнулмилалиро ба бӯҳрон рӯбарӯ кард.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ҳини дидор аз ҷазираҳои баҳсбарангези Курил. Ҷопон баъди ин сафари Дмитрий Медведев сафираш дар Русиярофаро хонд. 1-уми ноябр.

Зоирони мусалмон дар кӯҳи Ал-Нури Макка, 9-уми ноябр.

Александр Лукашенко, барои бори чаҳорум ба мақоми раисиҷумҳури Беларус интихоб шуд, 20-уми декабр.