Дар ҷомеаи тоҷик баҳсҳо атрофи лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст, ҷараён дорад.
Ба ин манзур дар телевизиони Тоҷикистон як барномаеро ҳам таҳти унвони «Микрофони Озод» ташкил дода ва тариқи он дар ҳамаи манотиқи кишвар афкору андешаи мардум дар нисбати «дурустӣ» ва «саривақтӣ»-будани ин тарҳ пахш мешавад. Масъулин ва коршиносони наздик ба давлат мегӯянд, ки ин қонун басо муфид буда, шароитро барои парвариш ва камолоти як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ фароҳам мекунад.
Аммо бархе аз коршиносон ва андешамандони тоҷик таҳия ва қабули чунин қонунро як амали бемаънӣ ва нодуруст меҳисобанд. Аз тарафи дигар дар бархе аз банду аслҳои ин тарҳи қонун, дар радифи ӯҳдадориҳои волидон дар баробари фарзандон, бархе аз шароите пеш гузошта шудааст, ки ба бовари коршиносон бо анъана ва суннати миллӣ ва мазҳабӣ мухолифат дорад. Бар изофа мегӯянд ин донишмандон, қабули ин тарҳи қонун ба озодиҳои мазҳабӣ ва динии ҷомеа маҳдудиятҳо эҷод мекунад.
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода-қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон ва аз рӯҳониёни мӯътабари кишвар оид ба паҳлӯҳои мухталифи ин қонун гуфт:
Ҷавоб: Ба ин фикр ҳастам, ки дар Тоҷикистон барои қабули чунин қонун ҳеҷ зарурат набуд. Зеро ҳар як падар ва ё модар фарзанди худро дӯст медорад. Дӯст доштани фарзанд ин як ғаризаи инсонӣ аст. Ва ҳар падару модар инро дорад. Масъала масъалаи эҳтироми фарзанд ба падару модар, бояд мебуд, ки кори душвор аст. Агар мо тибқи қонунгузорӣ фарзандҳоро маҷбур мекардем, ки падару модарони худро эҳтиром кунанд, онҳоро ба хонаҳои пиронсолон нафиристанд, бепарастору кӯмаки моддӣ нагузоранд, аз сӯҳбати худ маҳрум накунанд ва барои ин корҳо агар, ки мо масъулият таъйин ва ҳатто ҷазо медодем, ин беҳтар буд. Аз тариқи қонун падару модарро маҷбур кардан, ки фарзандатро дӯст бидор, ин як кори бефоида аст ва ҳатто ба таъбири тоҷикӣ гӯем, ғайриоқилона аст. Зарурат бар ин надорад.
Ва дигар инки дар моддаи 12-и тарҳи ин қонун дар бораи ҷавобгарии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд гуфта мешавад ва онҷо зикр мешавад, ки дар ҳолати иҷро накардан ё ба тариқи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар Тоҷикистон ҳудуди як миллион муҳоҷири корӣ дорем, ки бештари вақт дар манзил нестанд. Дар Русия ҳастанд. Онҳо имкон надоранд, ки фарзандони худро назорат кунанд. Пас, ҷавобгарӣ ба гардани кӣ меафтад? Қонун гуфтааст, ки ё падар ва ё модар. Яъне ҳатман ин масъулият болои модар меафтад. Модари бечора, ки машғули пайдо кардани ризқ барои ин фарзанд аст. Агар фарзанд дуруст нахонад, агар фарзанд фарз кардем, ки масҷид меравад, зеро ин қонун аз ҷумла чунин гуфтааст, ки фарзандони то 18 сола бояд масҷид нараванд пас, падару модар ҷавобгар аст? Фарз кардем, ки фарзанд масҷид рафт, падару модарро чи гуна ҷавобгар мекунанд? Яъне бояд ҷаримааш кунанд? Аз куҷо онҳо ин қадар маблағи ҷаримаро ёфта пардохт мекунанд?
Суол: Фикр мекунед ин қонун то куҷо ба арзишҳои милливу мазҳабии мо созгор аст?
Ҷавоб: Он чизе ки ин қонун талаб мекунад воқеан як дахолати ошкоро ба ҳаёти шахсии афрод аст. Моддаи 1-и лоиҳаи ин қонун ноболиғ гуфта фарзанди то 18- соларо дар назар дорад. Яъне фарзанде, ки ба синни 18 нарасидааст агар масҷид рафта намози панҷвақта хонад, намози таровеҳ ва ё намози ҷумъа ва намози ид хонад, барои чунин кор падару модар ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Табиист, ки қабули ин қонун ихтилофи шадид байни фарзанду падар, байни ҳукумат ва ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон эҷод мекунад. Тибқи талаби шариати исломӣ, падару модар вазифадор аст, ки агар фарзанд даҳсола шуд, ӯро намозхон кунад ва ба масҷид бибарад. Ва ягон нафар ҳам аз масъулини масҷидҳо имому хатиб ҳақ надорад, ки ҷавони аз даҳсола болоро аз намоз дар масҷид манъ кунад. Қонун талаб мекунад, ки имомҳову домуллоҳо фарзандони аз 18 сола поёнро ба масҷид қабул накунанд. Худо мегӯяд, ки билъакс аз даҳсола болоро аз ибодат манъ накунед, на танҳо манъ накунед, билъакс онҳоро ба масҷид оваред, даъват кунед. Падару модарро вазифадор мекунад, ки фарзандатро ба масҷид бибар.
Суол: Пешниҳоди Шумо чӣ аст? Чи бояд кард?
Ҷавоб: Бояд ин қонун қабул нашавад. Агар қабул ҳам шавад он чанд банде, ки ба масъалаи иштироки ҷавонҳо дар масҷид тааллуқ дорад, бекор карда шавад ва низ аз гирифтани маълумоти ибтидоии динӣ мардумро маҳрум насозанд. Худо накарда агар ин қонун қабул шавад, акси садои ин баъд аз чанд сол маълум мешавад. На танҳо норозигии ҷомеа зиёд мешавад, балки насли наврасе, ки аз дин дур мешавад, он насли наврасе, ки ба худо бовар надорад, ба рӯзи қиёмат ва дӯзаху ҷаннат бовар надорад, масъулиятшинос нест, баъд мебинед, ки он ҷавонҳо ба сари падару модар ва ба сари мансабдорҳо чиҳо меоранд дар оянда. Ҷавонҳое, ки бедин астанд, ҷавонҳое, ки аслан ҳеҷ гуна муқаддасот надоранд, онҳо тавре тарбия меёбанд, ки барои ҷомеа хатарноктарин нафарон хоҳанд шуд.