Охирин толибилмон ба ватан бозоварда мешаванд

Дар ҳоле, ки баррасии лоиҳаи «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбиси фарзанд» дар ҷомеаи Тоҷикистон ҷараён дорад, раисиҷумҳур бори дигар мавзӯи баргардондани донишҷӯён аз мадрасаҳои ғайрирасмии кишварҳои хориҷиро матраҳ кардааст.
Вай дар машварат бо масъулони ҳукумат, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳои кишвар дастур дод, ки бақия донишҷӯёнеро, ки дар мактабҳои динии кишварҳои хориҷӣ ба таври ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба ватан баргардонанд. Ин дар ҳолест, ки масъулони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд муддати чанд моҳи ахир беш аз 1175 нафар донишҷӯ аз мактабҳои динии Эрон, Миср ва дигар кишварҳои исломӣ ба ватан баргардондаанд.

Донишҷӯён ихроҷ хоҳанд шуд

Ба ин тартиб ҳудуди 300 тани дигар аз донишҷӯёне боқӣ мондаанд, ки ба гуфтаи масъулони Кумитаи дин, ба таври ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил доранд. Вазорати хориҷии Миср низ қаблан гуфта буд, ки агар донишҷӯёни тоҷик то 15 декабр довталабона барнагарданд, онҳо ба таври маҷбурӣ ихроҷ хоҳанд шуд.

Аммо ба иллати фаннӣ на ҳама донишҷӯён тавонистанд, ки аз Миср ба ватанашон баргарданд. Ба ин далел сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира бо вазорати хориҷии Миср тавофуқ кардааст, ки донишҷӯёни боқимонда то охири соли ҷорӣ ба ватан баргардонда хоҳанд шуд.

Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон қар бораи ҳадафи ин барномаи ҳукумат мегӯяд, «танҳо инҷо ҳадаф ба танзим даровардани таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар аст. Ҳамин аз бенизомӣ бисёре аз ин бачаҳои тоҷик рафта ба доми баъзе ифротгароҳо дучор шуданд. Онҳо паспорту ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифта пинҳон карданд ва ин ҷавононро бандӣ карда, дар ҳамон мадрасаҳои хусусӣ ба корҳои ифротӣ тавҷеҳот, яъне таълим доданд».

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ, мегӯяд, таҳсил дар мадрасаҳои Эрон ва Миср хатаре надорад
Эҳсоси хатар ё гашти сиёсӣ?


Ин дар ҳолест, ки иддае аз соҳибназарон низ ба ин нукта таъкид мекунанд ва мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд давлати Тоҷикистон хатареро дар ин росто эҳсос кардааст ва ё паёмеро дарёфтааст, ки мумкин аст, ки амнияти кишвар мавриди таҳдид қарор бигирад.

Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили порлумон, ин иддаоро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, «баргардондани донишҷӯён бештар аз мактабҳое сурат гирифтааст, ки онҳо ба эътидолу ба мӯътадилӣ маъруфанд. Дар ин донишгоҳҳо ягон хел хатаре вуҷуд надорад. Масалан аз донишгоҳҳои Эрон ва Миср. Албатта як миқдор хатароте, ки ҷаҳон ҷор мезанад аз Покистону Афғонистон аст. Вале аз Покистон овардани ягон донишҷӯ шурӯъ нашудааст».

Аммо тибқи бархе гузоришҳо, дар як ҳафтае пеш 15 донишҷӯйи тоҷик, ки дар мадрасаҳои исломии Афғонистон омӯзиши маҳзабӣ мегирифтанд, низ ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Бар илова, моҳи гузашта сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов гуфта буд, ки беш аз 200 толибилими тоҷикистонии мадрасаҳои ғайрирасмии ин кишвар ба ватанашон бозгардонда шуданд ва ин раванд идома дорад.

Сарнавишти норушани толибилмон


Ҳоло ин суол ҳам матраҳ мешавад, оё давлат тавони ба таҳсил фаро гирифта ҳамаи онҳоро хоҳад дошт ё хайр? Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дин ба ин бовар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин чиз қодир аст ва ба гуфтаи вай ба ин манзур коммиссиюни вижае дар вазорати маориф низ таъсис дода шудааст. Аммо Хуршед Зиёев, раиси хадамоти назорат дар соҳаи маориф дар вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд то ҳол шумораи ба таҳсил фаро гирифта шудани ин донишҷӯён дақиқ нест.

Ӯ афзуд: «Дар бораи миқдори ба таҳсил фарогирфтани донишҷӯёни баргашта маълумоти аниқ нест, зеро на ҳамаи онҳо муроҷиат кардаанд. Аммо ҳоло фурсат аст. Чунки то охири моҳи декабр мӯҳлат додаанд ва тамоми ҳуҷҷатҳои онҳо то январ қабул карда мешавад ва аз нимсолаи дуввум ба таҳсилро давом хоҳанд дод».

Ин дар ҳолест, ки бархе аз донишҷӯёне, ки нахустин шуда ба Тоҷикистон довталабона баргаштанд, ҳамакнун дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил доранд. Абдусамад, яке аз онҳост, ки донишҷӯи шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ мебошад. Вай мегӯяд, «вақте, ки президенти кишвар даъват карданд, ман бо 120 нафари дигар довталабона ба Тоҷикистон омадам ва ҳоло дар курси дуввум таҳсил дорам».

Ҷалби муҳассилин ба сафи артиш


Аммо гуфта мешавад, на ҳамаи муҳассилин ва донишҷӯёни баргашта метавонанд ба осонӣ таҳсили худро дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон идома диҳанд. Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, ки ахиран писари 12 солааш ба ватан баргаштааст, ба мушкилоти зиёде дар яке мактабҳои шаҳри Душанбе ворид кардааст.

Ӯ гуфт: «Фарзанди 12-солаи маро, ки аз хориҷа омад, бо машаққатҳо ва душвориҳо дар яке аз литсейҳо қабул карданд. Хулоса, ки ба таҳсилаш идома дода истодааст. Аммо аксарияти онҳое, ки синну солашон 18, 19, 20-сола буданд, вақте, ки омаданд, онҳоро ба хизмати аскарӣ гирфтанд».

Зимнан, бозгашт ва баргардондани донишҷӯёне, ки дар мадрасаҳои исломии хориҷ таҳсил мекунанд, дар пайи суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар охири моҳи август оғоз шуд. Зеро президент Раҳмон, аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.

Ҳамакнун бештари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пас аз бозгашти ин ҷавонон давлат бояд шароити мусоидро барои таҳсили онҳо дар мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон фароҳам кунад. Зеро ба андешаи ин таҳлилгарон дар акси ҳол ин вазъ метавонад мушкилот дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар кунад.