Сайре дар сарзамини ҷазз

Дар шаҳри Ню-Орлианси аёлоти Луизина, ки чун ватани ҷазз ном бурда мешавад, хиёбонҳои қадимае мавҷуд аст, ки тайи чандин сол чун маркази фарҳангиву дилхушӣ маъруф гаштаанд.
Яке аз ин хиёбонҳои маъруф, Бӯрбӯн стрит ном дорад. Дар Бӯрбӯн стрит даҳҳо клубҳои дилхушӣ ҷойгир ва дарҳояш ба рӯйи муштариён шабонарӯзӣ боз аст.

Шаҳри ширинкорӣ ва ҳунармандони хиёбонӣ

Аммо дар Ню-Орлианс, таваҷҷӯҳи саёҳонро бештар аз ин марказҳои дилхушӣ, ширинкории ҳунармандони хиёбонӣ ба худ ҷалб мекунад. Дар ин шаҳр хурду бузург мусиқии ҷазро дӯст медоранд ва аксарият хеле зебо онро менавозанд. Ҷазнавозони моҳир дар онҷо афро - амрикоиҳоянд. Ҷавонони сиёҳпӯст ба гурӯҳҳои аз 6 то 15 нафари ҷудо шуда, бо истифода аз асбобҳои мусиқӣ ба таври зинда оҳангҳои маъруфу дилраборо менавозанд. Роҳгузарон ҳунарнамоии онҳоро тамошо мекунанд, ҳар нафаре хост рақс мекунад, қарсак мезанад ва агар барояш ин оҳанг сахт писанд омад, ба қутии махсус маблағе барои ин ҷавонон ҳадя мекунад.

Агар дар Тоҷикистон сарояндаҳои туйгард зиёд бошад, дар Амрико ҳунармандони хиёбонӣ бисёр аст. Онҳо бо гурӯҳи худ асбобҳои мусиқӣ дар даст дар кӯчаҳо сайругашт мекунанд ва бо пайдо кардани ҷойи мувофиқу серодам, ба намоиши барномаи ҳунариашон шурӯъ мекунанд. Барои рангинтар сохтани ин барнома, онҳо дар баробари навохтани оҳангҳои ҷолиб, ба тамошобинон рақс, намоишҳои ҳаҷвӣ, ҳаракатҳо мураккаби варзишӣ, чашмбандию дигар ширинкориҳоро низ пешниҳод месозанд.

Ҳунари рассомӣ дар Ню - Орлианс

Дар майдони марказии Ню - Орлианс растаи дарози рассомон низ фаъолият мекунад. Дар онҷо рассомон расмҳои биноҳои таърихӣ ва ё образҳои тахаюлии худро меофаранд ва ба фурӯш мегузоранд.

Лора як рассомест, ки тайи панҷ сол аст маҳсули эҷоди худро дар хиёбонҳо ба фурӯш мегузорад ва бо ин васила зиндагиашро пеш мебарад. Хонум Лора гуфт, фаъолияти ӯ қонунӣ аст, зеро барои ин кор аз ҳукумати шаҳр иҷозатнома гирифтааст. Иҷозатнома барои фаъолияти рассомон барои 1 сол, 175 доллар арзиш дорад.

Ӯ меафзояд: «Ҳамагон медонанд, ки рассом будан чи гуна кори душвор аст. Зеро дар муқоисаи заҳматҳои эҷодии худ, барои аз назари молӣ устувор будан даромади камтар ба даст меоред. Аммо аз тамоми ҷаҳон ба наздатон меоянд ва шумо намоишҳои хеле зиёд метавонед дошта бошед. Ин хеле хуб аст, шумо имкони дидани одамҳои зиёд ва аз онҳо омӯхтани бисер чизҳоро пайдо мекунед. Одамон инҷо одатан расмҳои ҷойҳои таърихӣ ва рамзҳои Ню Орлиансро дӯст медоранд. Ҳамчунин мусаввараҳои ғизоҳои баҳриро хуб харидорӣ мекунанд. Саёҳон ба мусиқӣ ошиқанд ва мухлиси расмҳои ҷазнавозону асбобҳои ин навъи мусиқӣ ҳастанд. Умуман ҳар чизе, ки хоси Ню Орлианс ҳаст. Рассоми дар хиёбон аз он назар душвор аст, ки тамоми масрафоти худро аз ҳисоби даромади ба даст омада пардохт мекунед. Аммо аз назари озодӣ хеле хуб аст, чун худ барои худ раҳбаред».

Кор дар мавсими тобистон барои ин ҳунармандон душвор арзёбӣ мешавад, зеро дар ин вақт саёҳон кам ба Ню Орлианс мераванд. Лора мегӯяд, дар Ню Орлианс танҳо рассомон бояд соҳиби иҷозатномаи махсус бошанд, бар ивази он давлат ба онҳо ҳаққи фаъолияти эҷодӣ дар ҷойҳои муайянро медиҳад. Аммо барои мусиқинавозон, сарояндаҳову фолбинҳо ҳеҷ гуна санад лозим нест. Зеро онҳо дар асоси озодии дин ва озодии баён фаъолият мебаранд. Аммо бар ивази ин имконот, онҳо набояд барои хизматрасонии худ ҳаққи заҳмати муайян дошта бошанд. Заҳмати онҳо аз ҳиммати муштариёнашон бояд вобаста бошад.

Ширинкорон ин ҷо маҳбубанд

Роан 20 сол дорад. Ӯ дар вақтҳои холӣ барои ба даст овардани маблағ дар хиёбони марказӣ муҷассама мешавад. Бо ранги махсус дасту рӯяшро ранг мекунад ва либоси махсус мепӯшад ва ҳаминтавр ба мисли муҷассамаи воқеъӣ беҳаракат меистад. Аммо агар роғгузарон ба қутияш маблағ гузоранд, барояшон ягон ҳаракоти хандаовар хоҳад кард:

«Ин кор низ дар аввал душвор аст, аммо баъдан одат мекунед. Ман алакай якчанд сол аст, аз худ муҷассама месозам. Бо ин васила шумо ҳам маблағ ба даст меоред ва муҳити шаҳрро ҷолибтар месозед. Ин беҳтар аз нафаре вобаста будану маблағ пурсидан аст. Дӯстони ман мусиқанавозанд, дар як рӯз то даҳ соат намоиш мегузоранд ва маблағи хуб ҳам ба даст меоранд. Ман одатан дар як рӯз на бештар аз се соат метавонам чун муҷассама бошам, дар ин муддат то 100 долар маблағ ҷамъ медорам».


Иддае аз лӯхтакбозӢ касби маош мекунанд

Кейлин лӯхтакбоз аст ва мегӯяд ҳоло ба аёлоти мухталифи Амрико сафар мекунад ва дар кӯчаҳо саҳнаҳои гуногуни лӯхтакҳоро намоиш медиҳаду ба ин васила хараҷоти сафарашро пардохт мекунад. Лӯхтакҳои ӯ намуди аҷиб доранд ва ӯ ҳамаи онҳоро худаш аз бозичаҳои партофта шуда ба шакли дилхоҳ таҳия мекунад. Кейлин дар рӯзҳои истироҳат то 300 доллар метавонад, даромад ба даст орад.

«Намоишҳои ман махсусанд. Саҳнаҳо низ маъмулӣ нестанд. Дар он намодҳои ғайриоддӣ ҳузур доранд. Ман дар як вақт ҳам бо лӯхтакҳо бозӣ мекунам, ҳам сухан меронам ва ҳам мусиқӣ менавозам. Ҳамаи ин лӯхтакҳо аз партов сохта шудаанд. Ман ин пешаамро тайи чанд соли дигар идома хоҳам дод. Дар ҷавонӣ ба ин кор машғул будан беҳтар аст».


Тафовут ва шабоҳат бо Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон низ чунин ҳунармандони хиёбонӣ низ будаанд. Зеро агар ба адабиёт классикӣ назар афканем дар вақти тасвири муҳити бозор аз ин ҳунармандон низ ёдовар мешаванд.

Дар ин замина адабиётшинос Шамсиддин Муҳаммадиев гуфт, одатан дар хиёбонҳо на мардуми таҳҷоӣ, балки лӯлиҳо ҳунарнамоӣ мекарданд. Аммо Шамсиддин Муҳаммадиев меафзояд, ҳунармадони касбӣ бештар дар тӯю маъракаҳо дорбозию чашмбандӣ мекарданд.