Бугаев: Дар Душанбе трамвай ба ҳаракат медарояд

Владимир Бугаев-сармеъмори ислоҳи нақшаи умумии Душанбе-пойтахт гуфтааст, икон дорад дар оянда дар кӯчаву хиёбонҳои аслии Душанбе трамвайҳои баландсуръат ва нақлиёти монорелс ба ҳаракат дароянд. Оқои Бугаев ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, чунин кор метавонад мушкили аҳолии Душанберо бо нақлиёт ҳал кунад. Вай афзудааст, Душанбе дар минтақаи зилзилахез қарор дорад ва бунёди метро дар ин шаҳр аз имкон берун аст.