Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, то донишҷӯёни боқимондаеро, ки дар мадрасаҳои исломии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, ба ватан баргардонанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора шоми душанбе зимни машварат бо аъзои ҳукумат сухан гуфтааст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки то поёни моҳи равон беш аз 300 донишҷӯи боқимондаи тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии хориҷӣ таҳсил мекунанд, низ ба ватан баргардонида хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи мақомот, онҳо дар бораи таҳсили 1432 ҷавони тоҷик дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ маълумот доранд ва бояд то охири моҳи декабр ҳамаи онҳо оварда шаванд.
Идибек Зиёев, мудири шӯъбаи таҳсилоти динии Кумитаи дин гуфтааст, то имрӯз аз чунин мадорис ҳудуди 1000 тан пас оварда шудаанд.
Қаблан вазорати умури хориҷа хабар дода буд, ки аз ин шумор, тақрибан 600 нафарашон ба Тоҷикистон ва боқӣ ба кишварҳои дигари муштаракулманофеъ ва умдатан ба Русия баргаштаанд.
Даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашти муҳассилин
Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.
Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.
Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.
Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти динӣ мегиранд
Тарҳи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон фикри мубориза бо ифротгароӣ миёни ҷавононро дар сар доранд. Ҳоло як гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон тарҳи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ дар миёни ҷавононро таҳия кардааст.
Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, онҳо тарҳи Консепсияро ба Кумитаи кор бо ҷавонон пешниҳод кардаанд ва он ба зудӣ мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.