Раҳбари дарозумри Беларус Александр Лукашенко барои бори чорум барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон шуд. Инак баъди 16 сол ӯ барои мӯҳлати навбатии панҷсола салоҳиятҳои президентии ин кишварро ба ӯҳда мегирад.
Раиси комиссиюни марказии интихоботҳо Лидия Ермошина зимни эълони натиҷаҳои даври аввали интихобот гуфт, ки ба тарафдории Лукашенко наздики 80 фоизи мардум овоз додаанд. Вале таҳлилгарони масоили сиёсӣ мегӯянд, интихобот дар Беларус олуда ба фасод ва тақаллуб буд.
Ҳамлаи пулис ба эътирозгарон
Пас аз эъломи натоиҷи интихобот ҳудудан 20 ҳазор нафар ба нишони эътироз аз тақаллубу сохтакориҳои натиҷаҳои расмии интихобот ба майдони марказии Минск рехтанд. Агарчи гирдиҳамоии мухолифии Лукашенко хеле орому сулҳомез сурат гирифт, вале дар ниҳоят онҳо ҳадафи ҳамлаи хушунатбори полис ва нирӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд. Эътирозгарон мақомотро дар тақаллуби раъйҳо айбдор мекарданд.
Журналистоне, ки рӯйдодҳои майдонро ба навор мегирифтанд, аз ҷумла наворбардори бахши беларусии радиои Озодӣ, мавриди латту кӯби полис қарор гирифтанд.
Аммо бархе аз сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки бидуни тақаллуб ҳам шонси Лукашенко барои бурдани интихобот кам набуд. Сиёсатшинос ва профессори донишгоҳи Беларус Кирилл Шевченко мегӯяд, пирӯзии Лукашенко ҳарчанд пешгӯишаванда буд, вале бозгӯкунандаи хостҳои бахши аксари мардуми ин кишвар аст.
Мизони маҳбубияти Лукашенко дар Беларус
Кирилл Шевченко гуфт, ки таҳқиқоти афкори умуми пешазинтихоботии ғарбӣ ва ҳам дохилӣ ҳокӣ аз он буд, ки мизони маҳбубияти Александр Лукашенко аз 30 то 50 дар садро ташкил медиҳад.
Вай сабаби маҳбубияти Александр Лукашенко дар миёни бахше аз ҷомеаро ба он рабт медиҳад, ки ин кишвари Беларус “аз назари як одами оддӣ, аз лиҳози риоя шудани ҳуқуқи кас аз лиҳози адолатҳои иҷтимоӣ, амният ва муносибати полис беҳтар аст ва шароити зиндагӣ дар ин ҷо ба маротиб беҳтар аз кишварҳои Русия ё Украина мебошад. Ва ҳамин боис шуд, ки бисёри онҳое, ки дар дил мухолифи Лукашенко буданд, дар ниҳоят барои ӯ овоз доданд”.
Кирилл Шевченко мегӯяд, ки дар миёни мухолифони Лукашенко бештар интеллигенсияи милларпараст, мардуми бомаърифату таҳсилдида ва аз назари сиёсӣ огоҳу фаҳмида зиёданд, ки хостори ислоҳоти ҷиддии демократӣ дар кишварашон ҳастанд.
Боздошти раҳбари мухолифин
Бар тибқи гузоришҳо, номзади мухолифин Владимир Некляеви 64-сола, ки ҳангоми эътирозҳо аз дасти полис сахт лату кӯб шуда дар шифохона мехобид, аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ боздошт шуд.
Ҳамсари ӯ Волҳа гуфт, ки “одамони либоси мулкӣ ба бар бидуни шиносоии худ ба утоқи ӯ дар шифохона омада шавҳарамро бо ҳам бурданд”. Аз рӯи хабарҳо, дасти кам ҳафт нафар аз рақибони Лукашенко боздошт шуданд.
Интиқод аз интихобот
Хушунатҳои баъдиинтихоботии Беларус бо интиқодҳои ҷиддии давлатҳову созмонҳои демокративу нозирони интихоботӣ рӯбарӯ шуд. Кетрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо истифодаи зӯр, аз ҷумла боздошти раҳбарони мухолифин ва чанд номзади президентии Беларусро маҳкум кард ва аз раҳбарони ин кишвар даъват намуд, ки боздоштшудаҳоро озод кунанд.
Саркӯби эътирозҳоро инчунин ҳукуматҳои Литва, Полша, президенти парлумони Аврупо интиқод карданд. Дар изҳороти ҳайати нозирони САҲА интихобот ва хушунатҳои баъди он маҳкум шудааст. Тонӣ Ллойд, раиси ин ҳайат дар Минск рӯзи душанбе гуфт, “ин интихобот, ки бояд барои Беларус чун як оғози тоза хизмат мекард, шикаст хӯрд”.
Диктаторҳои маҳбуб
Дар Тоҷикистон бархе дар робита бо арзёбӣ аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус мегӯянд, “ҳеҷ чизи ғайримаъмулие барои як ҷумҳурии шӯравии собиқ рух надодааст”. Ҳарчанд ҳанӯз вокуниши давлати Тоҷикистон ба натиҷаҳои интихоботи президентии Беларус садо надод, вале бархе мегӯянд, ин пирӯзии диктотурӣ аст.
Марат Мамадшоев, сардабири ҳафтаномаи “Азия-плюс” мегӯяд, “маълум аст, ки ҷаноби Лукашенко як диктатор аст. Натиҷаи интихоботи Беларус барои СНГ-и мо як чизи оддӣ аст. Барои ман фақат ҳамин чиз ҷолиб аст бидонам, ки то куҷо ин 80 дар сади раъйҳои бурдаи вай ба воқеият наздик аст? Мутаассифона, ҳақиқат ин аст, ки дар ҷомеаҳои мисли мо ингуна диктаторҳо воқеан ҳам маҳбуби мардуманд ва бидуни талошу заҳмати зиёд баосонӣ беш аз 50 дарсади раъйи мардумашонро ба даст оварда метавонанд”.
Марат Мамадшоев афзуд, дар шароити имрӯза ҷомеаҳои шаҳрвандии тамоми ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ хеле заиф буда наметавонанд пеши роҳи густариши режимҳои диктотуриро дар кишварҳояш бигиранд. Вай гуфт, ҳафт сол пеш Гурҷистон ба унвони намунаи муваффақи кори ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат кард, вале ҳоло ин давлат ҳам камбудиҳои зиёде дар амри пешбурди низоми демократӣ дорад.
Бархе таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, дар аксар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ раҳбарони худкома тавонистанд дар зеҳни мардумашон ин андешаро ҷо диҳанд, ки мухолифон паёмбарони “душманиву адоват” ҳастанд ва беҳтар аз як нафари “ошнову шинохташудае” раҳбарии ин кишварро каси бегона ба ӯҳда гирифта наметавонад. Ва мардуми аз замони шӯравӣ одаткарда ба як низоми “аз боло” таъиншудаи раҳбарӣ ҳам интихоби беҳтаре ба ҷуз раъй додан ба нафари шинос надорад.