Боздошти 12 тан бо гумони терроризм дар Бритониё

Пулиси Бритониё мегӯяд, дар ҷараёни як амалиёти густардаи зиддитеррор 12 ҷавонро боздошт кардааст. Ин гумонбарон аз 17 то 28 сол дошта, 5 тани онҳо аз Кардиффи Уэлс, 4 тани дигар аз Стоук ва се нафари боқӣ аз Лондон будаанд. Намояндаи пулиси зиддитеррор Ҷон Йейтс гуфт, ин афрод бо гумони “ташкил, таҳия ё таҳрики амали террористӣ” дар Бритониё дастгир шудаанд.