Беш аз шаст нафар пизишкони ботаҷриба ва мутахассиси соҳаҳои мухталифи беҳдоштӣ ба манзури кумаки аввалияи тиббӣ ва маслиҳату машваратҳои равонӣ аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба минтақаи шарқи ин кишвар сафар кардаанд.
Боздиди ин ҳайат дар ноҳияҳои минтақаи Рашт муддати чаҳор рӯз идома пайдо хоҳад кард. Ба ҳайъати олимони намоёни соҳаи тиб, назири Ғиёсиддин Мироҷов, Тошпӯлод, Гулмуродов, Саодат Муҳаммадиева, Сами Расулов ва даҳҳо тани дигар шомил шудаанд.
Сафари ин гурӯҳи пизишкони ботаҷриба ба минтақаи Рашт, таҳти унвони «Корвони саломатӣ», ба ибтикори вазорати тандурустии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Он гуна, ки Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, ки ҳамроҳи ин корвон аст, дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти ин гурӯҳ баробари расидан ба минтақа дар рӯзи панҷшанбе шурӯъ шуда ва қарор аст, муддати чаҳор рӯз мардуми ноҳияҳои мухталифи Рашт аз кумаку маслиҳат ва машваратҳои онҳо бархӯрдор шаванд.
Ҷаноби Мирзоев, ҳадафи аслии сафари ин гурӯҳро чунин шарҳ дод: «Мақсади асоии ин гуна корвонҳо пеш аз ҳама дастрасии кумаки аввалияи тиббӣ дар сатҳи сифатан аъло, яъне аз мутахассисони ботаҷриба, профессорону академикҳо дар маҳалли зист расондани кумак аст. Зеро албатта норомиҳо таъсири психологӣ ба рӯҳияи мардум мерасонад ва яке аз мақсади асосии «Корвони саломатӣ» ин аст, ки ба мардуми минтақаи Рашт кумаки равонӣ расонда шавад».
Камароб - нахустин истгоҳи корвони пизишкон
Гурӯҳи пизишкон кори худро барои кумак ба мардум аз дараи Камароби ноҳияи Ғарм шурӯъ карданд ва танҳо дар нимаи рӯзи панҷшанбе ҳудуди 500 нафар аз сокинони ин мавзеъ кумакҳои аввалияи тиббӣ ва машварату маслиҳати психологиро дарёфт карданд. Камароб, мавзеъее дар шарқи Тоҷикистон аст, ки авоили тирамоҳ нооромиҳои минтақаи шарқ аз ин ҷо сар ззада буданд.
Сокинони минтақаи Рашт, ба думболи нооромиҳои ахир, аз сафари гурӯҳи пизишкони тоҷик ба шарқи Тоҷикистон истиқбол карданд. Камоли Бек, як сокини ин минтақа, ки аз маслиҳату мавшарати гурӯҳи пизишкон баҳравар шудааст, дастрас шудани таҷҳизоти ташхиси бемории силро барои аҳолии шарқи Тоҷикистон муҳим медонад:
«Мушкилоти асосии мо ин бемори сил аст ва мошини махсуси ташхиси сил бисёр зарурист. Хуб аст, ки ин гурӯҳ бо худ ин мошинро овардааст, вале беҳтар мебуд, ки Рашт низ соҳиби чунин мошин мешуд».
"Малҳаме барои дардҳои мардум" пас аз нооромиҳо
Ин дар ҳолест, ки Меҳромуддин Султонов, сокини ноҳияи Ғарм, мегӯяд, вазъи ба амаломада дар чанд моҳи ахир дар ин минтақа дар воқеъ ироаи кумаки пизишкӣ ба мардумро зарурӣ кардааст ва аҳолӣ аз ҳарвақта бештар ба маслиҳату машварати ва равонӣ ниёз дорад.
Ӯ гуфт: «Вақте, ки минтақа ноором шуд, бархеҳо дар таъсири ҳаводис аз худ бехуд шуданд ва мардум низ худро аз лиҳози психикӣ ноҳинҷор ҳис карданд. Ба ин хотир вақте, ки як олим, як донишманд ба назди онҳо меояд ва бо онҳо мулоқот ва машварат медиҳад, ин малҳаме барои дардҳои онҳо мешавад».
Зеро он гуна, ки бархе аз сокинони Раштонзамин гуфтанд, пас аз ҷанги дохилии панҷсола дар даҳаи 1990, ки минтақаи Рашт маҳалли аслии даргириҳо буд, ҳодисаҳои ахир бори дигар дарди кӯҳнаи мардумро бедор ва ғаму ғуссаи зиёд аксари мардумро ба бемориҳои гуногуни асаб мубтало кардааст.
Шарқи кишвар рӯ ба оромӣ меорад
Соҳибназарон сафари гурӯҳи пизишкон ба ноҳияҳои водии Рашт, ба хусус Нуробод, Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол, дар нисбати боздиди ҳайати ҳунармандону овоххонон, ки ба ибтикори вазорати фарҳанг чанде пеш сурат гирифт, муфид ва муаассиртар медонанд. Зеро ба эътиқоди ин соҳибназарон, мардуми минтақаи Рашт, ки пайомади номатлуби нооромиҳои ахирро чашидааст, дар маслиҳату машварати пизишкон малҳами дардҳои худро хоҳанд дарёфт.
Ҳамакнун бо он ки масъулони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон мегӯянд, амалиёти фаврӣ—ҷустуҷӯи барои кашфу ошкор кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар Рашт идома дорад, сафари гурӯҳи бузурге аз пизишкони ботаҷриба ба ин минтақа далолати рӯ ба оромӣ овардани шарқи Тоҷикистон аст. Аъзам Мирзоев, муъовини вазири тандурустии Тоҷикистон, низ мегӯяд, вазъ ором буда ва мардум низ пайи созандагиву бунёдкорист.
Зимнан, вазъи минтақаи шарқи Тоҷикистон дар пайи ҳамла ба корвони мошинҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар 19 сентябри соли ҷорӣ, ки ба кушта шудани 25 сарбозу афсари ин вазоратхона мунҷар шуд, ноором гардид. Аз оғози амалиёти неруҳои давлатӣ зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф то кунун дар ин минтақа, тибқи ҳисобҳо беш аз 60 тан аз нирӯҳои давлатӣ ҷон бохтаанд. Ҳамзамон манобеъи вазорати умури дохилӣ мегӯянд дар ҷараёни амалиёт дар минтақаи Рашт дар ин муддат 20 нафар аз силоҳбадастон низ ба қатл расида ва 30 тани дигар ба неруҳои давлатӣ пайвастанд.