Ҳалокати 5 нафар аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин

Дар шимолу ғарби Покистон бар асари зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дасти кам 5 гумонбари узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи хадамоти амнияии Покистон, мусаллаҳон дар водии Тира, воқеъ дар ағбаи Хайбари наздикиҳои марз бо Афғонистон, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.