Гоми нави Тоҷикистон ба сӯи Созмони ҷаҳонии тиҷорат

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Тоҷикистон барои пайвастан ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат бо намояндагони 30 кишвари узв дар шаҳри Женева гуфтугӯ кардааст. Ин панҷумин иҷлоси гурӯҳи кории Тоҷикистон бо намояндагони кишварҳои узви ин созмон аст.
Мирзомуддин Мавлонов, узви гурӯҳи корӣ аз шӯъбаи танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар қатори масъалаҳои авлавиятноки давлати Тоҷикистон қарор дорад ва дар ду соли ахир гурӯҳи корӣ фаъол шудааст.

Ӯ афзуд: «Дар ин муддат мо гуфтугӯҳои дуҷонибаро асосан бо Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Австралия, Канада, Ҷопон, Туркия, Тайван ва дигар кишварҳо ба роҳ мондем. Гурӯҳи кории мо гуфтугӯҳоро бо Чин анҷом дода, протоколи натиҷаи онро имзо кардааст. Гуфтугӯҳо бо дигар кишварҳо ҷараён дорад».

Тақозои кишварҳои узв аз Тоҷикистон

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар тавзеҳи ин мавзӯъ гуфт, гуфтугӯҳои ҳайати Тоҷикистон дар Женева бо намояндагони кишвари узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба ин маъно нест, ки танҳо 30 кишвар аз талоши Тоҷикистон барои пайвастан ба ин созмон бохабар аст.

Ӯ афзуд, 153 кишвари узви ин созмон ба барномаи Тоҷикистон дар ин замина ошно ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, 30 кишвари узв бо пешниҳодҳои худ муроҷиат кардаанд, ки ба суолҳои аксари ин кишварҳо ҷониби Тоҷикистон посухи расмӣ додааст ва онҳо пазируфта шудаанд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар посух ба ин суол, ки талабу дархостҳои ин кишварҳо ба кадом масоил хулоса мешавад, гуфт, дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон таҷдиди назар кардан дар қонуни гумрукӣ ва кодекси андоз тақозо мешавад.

Ҷаноби Назриев афзуд: «На танҳо ду қонун, балки бисёр дигар қонунҳое, ки мо дорем, таҷдиди назар мехоҳад ва дар ин бора моро зарур аст ба тадриҷ кор кунем, зеро мо аз ин созмон берун буда наметавонем.»

Саидраҳмон Назриев бар ин назар аст, ки агар Тоҷикистон бихоҳад, молҳои тавлидкардааш дар бозор рақобатпазир бошад ва иқтисоду тиҷорати рушд кунад, бояд узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷоратро ба даст биёрад.

Иован Екич, мушовири Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон
Роҳи тӯлонӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат


Дар ин нишасти матбуотӣ, ки ба ибтикори Ассотсиатсияи тоҷирони хурду миёнаи Тоҷикистон ташкил шуда буд, аъзои гурӯҳи кории Тоҷикистон дар робита ба замони пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон посухи дақиқ надоданд.

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, ки ин раванди доманадор аст ва дар бисёре аз маворид ба талошҳои Тоҷикистон рабте надорад, балки дар ин бора кишварҳои узв тасмими ниҳоӣ мегиранд.

Ҷаноби Назриев афзуд, ҷониби Тоҷикистон тасмим дорад, масоили марбут ба таҷдиди назар дар қонунҳоро то соли 2012 ба анҷом расонад ва гуфтугӯҳо дар ин заминаро бо кишварҳои узв идома бидиҳад.

Иован Екич, мушовири Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон, низ ба гуфтаҳои муовини вазир мувофиқ аст. Ӯ гуфт: «Мо метавонем бигӯем, ки то соли 2011 ё 2012 базши фаннии талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷоратро ба поён мерасонем. Аммо контроли ояндаи ин раванд дар дасти Тоҷикистон нест. Пас аз тамом шудани ин раванд имкон дорад, яке аз кишварҳои узв тақозои бо Тоҷикистон гуфтугӯ карданро пеш биёрад ва ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки ин гуфтугӯҳо чи қадар тӯл мекашад».

Бо вуҷуди ин ҳама гурӯҳи корӣ аз натиҷаи гуфтугӯҳои Женева изҳори қаноатмандӣ карданд ва гуфтанд, ки дар ин раванд қадами ҷиддие бардоштаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон маншури байнулмилалии тағйирот ва ҳамонҳангсозии фаъолияти гумрукиро тасвиб кард, ки он соли 1973 дар шаҳри Киотои Ҷопон пазируфта шуда буд. Тасвиби ин санад аз сӯи парлумони Тоҷикистон аз як сӯ роҳро барои таҷдиди назар дар қонуни гумрукӣ ҳамвор мекунад ва аз сӯи дигар роҳи пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро кутоҳ хоҳад кард.