Сохтмони роҳ ва хатти интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз мавзӯъҳои муҳими мавриди баҳс дар мулоқоти як ҳайати баландпояи Афғонистон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбешаҳр буд. Раҳбарии ҳайати Афғонистонро Ҳазрат Умар Захивол, вазири молияи ин кишвар ба ӯҳда дорад.
Мақомоти ду кишвар бунёди роҳ ва хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба давлати ҳамсояро аз масоили муассир ва калидӣ дар истиқрори сулҳу суботи Афғонистон унвон мекунанд.
Афғонҳо ба барқи Тоҷикистон майл доранд
Ҳадафи гуфтугӯҳои ҳайати Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон низ суръат бахшидан дар сохтмони хатти интиқоли барқ аст, ки сохтмони он то марзи Афғонистон анҷом шудааст. Вале сохтмони он дар дохилӣ Афғонистон дар ин авохир ба далели бесуботиҳо ба мушкил рӯбарӯ гаштааст.
Ҳазрат Умар Захивол, вазири молияи Афғонистон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иҷрои тарҳҳои иртибототӣ, аз ҷумлаи роҳи мошингард ва оҳан, интиқоли барқ ва сохтмони зербиноҳо, ки метавонад Тоҷикистонро ба Афғонистон пайваст кунад, баррасӣ шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар бораи манобеъ ва истихроҷи газ дар қаламрави Афғонистон сӯҳбат шудааст.
Ӯ афзуд: "Барномаҳое, ки Тоҷикистон дар робита ба иртибот бо Афғонистон тарҳрезӣ кардааст, аз ҷумла роҳҳои оҳан ва мошингард, интиқоли барқ барои Афғонистон хеле аҳамият доранд. Ҳамчунин барномаҳои Афғонистон барои Тоҷикистон низ. Мо тасмим дорем, хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро, ки то марзи Афғонистон дуруст шудааст ва сохтмонаш дар қаламрави Афғонистон идома дорад, то баҳори соли оянда ба поён расонем ва аз Тоҷикистон барқ бигирем".
Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар ин бора чунин изҳори назар кард: «Ҳозир то шаҳри Қундуз ҳама симчӯбҳо васл шудааст, вале ноқил кашида нашудааст. Дар Афғонистон ду зеристгоҳ сохта мешавад, яке дар Қундуз ва дигаре дар Бағлон. Дар сохтмони он ширкатҳои эронӣ кор мекунанд. Ва мо аз вазири энержии Эрон хоҳиш кардем сохтмонро таҳти назорат бигирад ва ҳар чи тезтар корро анҷом диҳанду мо то моҳҳои март тавонем нерӯи барқро ба Афғонистон интиқол бидиҳем. Дар ҳафтаҳои ахир дар инҷо нооромиҳо буд ва шояд ин сабаби таъхир дар корҳои сохтмонӣ шуда бошад.»
Ин дар ҳолест, ки ахиран давлати Япония роҳи мошингарди Панҷи Поён дар Тоҷикистонро бо сармояи худ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро муттасил мекунанд. Ва барои афзоиши транзити колоҳо аз Ҳинд, Покистон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ва баръакс шароити муфид фароҳам шудааст.
Рақобат бар сари бозори Афғонистон
Аммо сохтмони роҳи оҳан аз марзҳои Тоҷикистон то Афғонистон ҳоло дар дасти баррасист, дар ҳоле, ки Узбакистон сохтмони роҳи оҳани Тирмиз –Ҳайратон-Мазори Шарифро дар ояндаи наздик ба поён мерасонад. Ва дар транзити колоҳо ба ин ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон пешӣ мегирад .
Зимнан Узбаакистон аз чанд сол бадинсӯ ба Афғонистон барқ содир мекунад. Ва талош дорад дар рақобат ба Тоҷикистон ин бозорро аз даст надиҳад.
Дар ҳоле, ки ба қавли бархе аз коршиносон, Афғонистон бештар ба нерӯи барқи Тоҷикистон майл дорад, ки нисбат ба барқи Узбакистон арзонтар аст. Зеро нерӯгоҳҳои Узбакистон ҳароратианд ва арзиши як киловат соат нерӯи барқ дар Узбакистон нисбат ба Тоҷикистон гаронтар аст.
Тоҷикистон низ аз чанд сол бадинсӯ ба хотири аз даст надодани бозори энержӣ, ба Афғонистон барқ интиқол медиҳад. Агарчи дар қиёс ба Узбакистон миқдори ночиз аст.