Шикояти соҳибкорони эронӣ аз тақаллубкориҳо дар Тоҷикистон

Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон

Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, сармояи соҳибкорони эронӣ дар Тоҷикистон аз сӯи шариконашон дар ин кишвар аз худ карда шудааст.
Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар як нишасти матбуотӣ гуфт, сафорат мақомоти Тоҷикистонро аз ҳолатҳои тақаллубкорӣ бо ширкатҳои Эронӣ дар ҷараён гузошта, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст.

Оқои Баёнӣ гуфт: «Ҷониби эронӣ сармояро ин ҷо оварда, то як ҳудуде кор карда, пас шарики тоҷикаш ва дӯстони дигар якҷониба амволи ширкатро ба нафъи худ мусодира кардаанд».

Фиреби ду ширкати бузурги эронӣ


Оқои Баёнӣ аз ҳамкории «Никудеж», яке аз зерширкатҳои «Лиёнковон кониҳо» - ширкати бузурги эрониро мисол овард, ки мебоист барои поксозии роҳҳои мумфарши Душанбе 200 ҳазор доллар музд мегирифт. Аммо ширкатҳои тоҷикии «Идеол-сервис» ва «Роҳсоз» ин маблағро, ки аз шаҳрдории Душанбе ба даст омада буд, ба «Никудеж» надодаанд. Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки маблағи мазкур сарфи молиёт шудааст. Натиҷа ин шудааст, ки ширкати эронӣ аз ҳамкорӣ бо ҳамтоҳои тоҷики худ ҳамагӣ чаҳор ҳазор доллар дарёфт кардааст.

Ба гуфтаи Аббос Баёнӣ, ин ҳодиса намунаи бади ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷик буд, ки ба татбиқи лоиҳаи бузургтар аз ин таъсири манфӣ гузошт. Қарор буд, ширкати «Лиёнковон кониҳо» барои сохтмони як корхонаи семент бо иқтидори 2 миллион тонна дар сол 400 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Аммо нобоварии эрониҳо ба ширкатҳои тоҷикӣ татбиқи онро ба таъхир гузошт.

Масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз чанд мавриди тақаллуб намуна овард, ки ба гуфтаи ӯ, сармоягузоронро аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ дилсард кардааст. Ӯ гуфт, ширкати муштараки «Ориён-Коттон» дар соҳаи пахтакорӣ ҳудуди се миллион доллар сармоягузорӣ кард, вале мутаасифона, то ҳол натавонистааст пахтаи ваъдагиро дастрас кунад.

Абдулмуҳаммади Ҳақсифат, намояндаи «Ориён—Коттон», мегӯяд, моҳи июл ба чанд хоҷагии пахтакор дар Масчоҳи нав, Ёвон ва Қурғонтеппа созишномаи харидории ҳудудан 6 ҳазор тонна пахтаро имзо кард ва маблағро дар ихтиёри хоҷагиҳои пахтакор гузошт. Аммо то имрӯз танҳо ҳазору сад тонна пахта ба даст овард. Мушкил дар ин аст, мегӯяд оғои Ҳақсифат, ки раҳбарони хоҷагиҳо на тоннаҳои пахтаро медиҳанд ва на дилашон мешавад, ки маблағро баргардонанд. Вай афзуд, қазия ба мақомоти тафтишотӣ кашидааст.

Ҷаноби Ҳақсифат гуфт: «Намедонем мушкиламонро бояд ба кӣ бигӯем. Ба ҳар ҳол чун шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон ҳастем, маҷбур будем ба сафорат мушкиламонро бигӯем ва чун дар Душанбе сабти ном шуда, як ширкати тоҷикии иборат аз кормандони тоҷику эронӣ ҳастем, ба додситонии шаҳри Душанбе ҳам муроҷиат кардем ва хоҳиш кардем, ки ба вазъият расидагӣ кунанд».

Хайрулло Ҳусайнов, намояндаи ширкати "Витана"-и Эрон
"Риэлтерҳои сиёҳ"-и тоҷик


Хайрулло Ҳусайнов, намояндаи ваколатдори ширкати «Витана»-и Эрон аст, ки чанд соли пеш беш аз як миллион доллар, бо шумули таҷҳизоти истеҳсоли маводи ғизоӣ ворид карда, аммо ба хотири надоштани сабти ном дар вазорати молия фаъолияташ қатъ шуд. Оқои Ҳусайнов мегӯяд, 60 дарсади амволи ширкат ба ҷониби эронӣ дахл дошт, аммо ҷониби Тоҷикистон ин амволро ба «Ориёнбонк» фурӯхта, ҳаққи шарикашро надодааст.

Вай афзуд, бо он вуҷуд ки тамоми аснод мавҷуданд, додгоҳ муомиларо ба нафъи ширкатҳои маҳаллӣ ҳал кард. Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон низ аз боз кардани парванда бар пояи ин қазия даст кашидааст.

Ӯ гуфт: «Онҳо одамоне доранд, ки дар мақомоти қудратӣ ва дигар ҷойҳо, ки манфиатҳои инҳоро ҳимоят мекунанд. Яъне онҳо манфиатдоранд. Инҳоро «риэлтерҳои сиёҳ» мегӯянд, яъне бо истифода аз мақомоти давлатӣ молу амволи ғайрро бо ҳуҷҷатҳои сохта аз худ мекунанд ».

Таҳдид ва латтукӯби сармоягузорон


Аббос Баёнӣ ҳамчунин аз фишорҳо ба Ҷаводи Обидиён Муқаддам, сармоягузори ширкати «Технологияи асри 21» сӯҳбат кард, ки бо ворид кардани сармояе ба маблағи 541 ҳазор доллар, бо коркарди санги мармар машғул будааст. Аммо ахиран мавриди фишори ҳамтоҳои тоҷикаш қарор гиифтаст. Дар натиҷа духтари оқои Муқаддам дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе латукӯб шуда, худи ӯ ҷиддан таҳдид шудааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ ба далели беиттилоотӣ худдорӣ кард. Аммо Абдураҳим Абдулҳасанов, муовини аввали раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон мавҷудияти як шикоят аз сӯи шаҳрванди эрониро таъйид кард ва фақат гуфт, ки ин намунаи дар маҷмӯъ бад будани вазъи сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон нест.

Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик
Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик, ки ин мавзӯъро таҳқиқ мекунад, мегӯяд, бархӯрдҳои ғайриқонунии соҳибкорони тоҷик ба ҳамтоёни эрониашон заминаҳои мусоид дорад.

Ӯ гуфт: «Худи иқтисоди мо, низоми қабули қарорҳо ва иштирокчиёни асосии тамоми бозорҳои Тоҷикистон, чӣ пахта ва чӣ ғизо ва ҳама, дар зери нуфузи гурӯҳҳои мафиёӣ ва наздик ба онҳо қарор доранд. Албатта, дар чунин ҳолат вақте як соҳибкори эронӣ ё русу дигар хориҷиҳо бо соҳибкорони тоҷик рӯбарӯ мешаванд, бо чунин мушкилот дучор меоянд. Зеро Тоҷикистон қонунҳои хуб ҳам дошта бошад, онҳо амалан хуб кор намекунанд. Ва низоми додгоҳии Тоҷикистон, ба шумули додгоҳи иқтисодӣ наметавонанд адолати додгоҳиро дар ин соҳа таъмин кунад».

500 миллион сармояи Эрон дар Тоҷикистон


Эрон яке аз кишварҳои сармоягузори Тоҷикистон аст ва сафорати Эрон мегӯяд, кишвараш то ҳол беш аз 500 миллион доллари Амрикоро ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва «Нақби истиқлол» аз бузургтарин иншоотҳои эронӣ дар ин кишвари Осиёи Марказианд. Тибқи ин манбаъ, танҳо дар нимаи соли 2010 гардиши мол байни ду кишвар, дар қиёс бо соли гузашта 60 дарсад афзуда, ба ҳудуди 300 миллион доллар баробар шудааст.

Баҳсҳои иқтисодии ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар гузашта низ вуҷуд доштанд, вале роҳи ҳалли онҳо ба дарозо намекашид. Ҳолатҳои фиреб додани тоҷирони тоҷик аз сӯи ҳамтоёни эронӣ низ ҷо доштаанд, ки бар пояи даъво бар сари маблағҳои начандон бузург анҷом мешуд.