Кишварҳои дастнигари пули муҳоҷирони корӣ

Коршиносон садҳо миллион доллар маблағи муҳоҷирони кории тоҷику қирғизро дар таъмини субот дар ин ду кишвари фақири Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳим мешуморанд.
Онҳо мегӯянд, агар сармояи фиристодаи муҳоҷирон барои рушди ин кишварҳо масраф гардад, барои худи муҳоҷирон дар ватанашон ҷойҳои нави корӣ ва манбаъҳои нави сармоя фароҳам меояд. Аммо то ҳол маблағҳои муҳоҷирон барои пешбурди рӯзгор ва талаботи рӯзмарра масраф мегардад.

Меҳнати сангини муҳоҷирӣ


Элнура Қодирова дар як манзили сеҳуҷра дар шаҳри Маскав ҳамроҳи даҳ нафар ҳамкишварҳояш ба сар мебарад. Вай чанде қабл дар як фурӯшгоҳи бузурги Маскав ҷойи кор пайдо кард ва акнун тамоми ҳафт рӯзи ҳафта машғули кор аст. Элнура ба ватанаш – Қирғизистон баргаштанӣ нест.

Вай мегӯяд: “Маоше, ки дар он ҷо медиҳанд, кофӣ нест. Он ҷо хеле кам маош медиҳанд. Зиёдаш – 4, 5 ҳазор сом, ҳудуди 100 доллар. Аммо дар Маскав моҳона ба маротиб зиёд аст. Масалан, ман бе истироҳат, 30 рӯзи як моҳ кор мекунам, ҳудуди 30 ҳазор рубл, яъне беш аз 1 ҳазор доллар мегирам.”

Элнура афзуд, ки ҳар моҳ аз 300 то 600 доллари дастмуздашро ба аҳли оилааш дар Бишкек мефиристад.

Ҳамин тавр, пуле, ки мардикорони қирғиз ва тоҷик аз Русияву кишварҳои дигар ба ватани худ мефиристанд, ба манбаъи аслии даромади сокинони ин кишвар табдил шудааст.


Мардикорони ноновар


Тибқи рақамҳои Бонки милии Қирғизистон, давоми моҳҳои январ – октябри соли равон мардикорони қирғиз беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ба ватани худ интиқол доданд. Ин барои як кишвари хурди мисли Қирғизистон, ки масрафи буҷааш 1.4 миллиард аст, рақами хеле бузург унвон мешавад.

Ҳамин тавр, бар пояи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, мардикорони тоҷик аз моҳи январ то кунун ҳудуди 1.8 миллиард доллар, яъне ду баробар зиёд аз мардикорони қирғизро ба хонаводаҳои худ фиристоданд. Ин 35–40 дар сади даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Аммо коршиносон маблағи фиристодаи мардикоронро аз омори расмӣ зиёд меҳисобанд, чунки ҳамаи маблағи фиристодаи мардикорони чи тоҷику чи қирғиз ҳисобу китоб намешавад.

Аксари мардикорони қирғиз, мисли тоҷикон, дар Русия кор мекунанд. Ба гуфтаи хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз моҳи январи соли равон то кунун 380 ҳазор муҳоҷири қирғиз дар ҷустуҷӯи кор вориди ин кишвар шудаанд. Вале аз рӯи тахминҳои ғайрирасмӣ, ҳудуди 600 ҳазор муҳоҷири қирғиз имсол дар Русия дар бахшҳои сохтмону кишоварзӣ, савдо ва дар корхонаҳо машғули кор будаанд. Инчунин, даҳҳо ҳазор қирғизҳо дар ҳамсоякишвари Қазоқистон кор мекунанд.

Як миллион муҳоҷири корӣ

Бар пояи маълумоти манобеъи мухталиф, аз 800 ҳазор то беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон солона барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд.

Бархе аз иқтисоддонҳои қирғиз мегӯянд, пули мардикоронро бояд дар рушди кишвар масраф кард. Чингиз Макешов – раиси иттиҳодияи соҳибкорони Қирғизистон мегӯяд, мардикорон метавонанд сармояи худро барои бизнеси хурду миёна ва бо ин роҳ рушду кишвару фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ масраф кунанд.

Оқои Макешов меафзояд: “Агар он миллиард доллар маблағи муҳоҷирон барои рушди иқтисоди кишвар сармоягузорӣ шавад, ин боиси ппешбурди иқтисоди мо мегардад. То кунун пули фиристодаи мардикорон танҳо барои хароҷоти рӯзмарраи оилаи онҳо масраф мешавад. Аммо онҳо ин пулро сармоягузорӣ кунанд, барои худ манбаъҳои сармоя фароҳам месозанд.”

Миллиардҳои муҳоҷирон


Вале Нурбек Машбеков, иқтисодшинос аз пажуҳишгоҳи “Бозори озоди Осиёи Марказӣ” аз Бишкек, мегӯяд, беэътимодӣ ба давлат ва суботи кишвар монеӣаест, ки аз сармоягузории муҳоҷирон ба ба рушди иқтисоди кишвар ҷилавгирӣ мекунад. Бахши умдаи муҳоҷирон маблағҳои бо заҳмат датрасшударо барои сохтани манзил ва ё харидории мошину ҷиҳози хона сарф мекунанд. Ғайр аз ин мегӯяд ӯ, Қирғизистон як кишвари олудаи фасод аст.

Созмони “Шаффофияти байнулмилалӣ” ё “Транспаренши интернашнл” дар гузориши ахираш Қирғизистонро дар сафи 15 кишвари фасодзадатарини ҷаҳон гузошт. Зимнан, Тоҷикистон тибқи радагузории ин созмон, соли 2010 миёни 10 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

Муҳоҷирони кории тоҷик тақрибан ду баробар бештар аз мардикорҳои қирғиз ба кишвари худ маблағ мефиристанд. Бархе аз иқтисодшиносон ва коршиносони тоҷик мегӯянд, истифодаи ин сармоя барои пешбурди иқтисоди кишвар, роҳандозии тиҷорати хурду миёна, бунёди корхонаву неругоҳҳои хурд дар кишвар метавонад ба эъҷоди ҷойҳои корӣ ва дарёфти маоши муназзами коргарон мусоидат кунад.

Ҷӯроби бобоӣ ё бонкҳои давлатӣ?

Муҳоҷирони корӣ на танҳо ба сармоягузор дар иқтисод шавқ надоранд, балки маблағҳои худро низ дар бонкҳо низ ҳифз намекунанд. Ба сурати умум маблақҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон ё тавассути бонкҳои интиқоли маблағҳо ба дасти хешу табори онҳо мерасад ё ба воситаи муҳоирони дигар фиристода мешавад.

Сокинони Қирғизистонро бештар вазъи бесуботи кишвар аз ҳамкорӣ бо давлат дилсард кардааст. Онҳо итминон надоранд, ки дар сурати маблағгузорӣ ба ин ё он лоиҳаи иқтисодӣ битавонанд сармояии худро бозпас бигиранд. Ҳар ду раисҷумҳури ахири ин кишвар дар пайи нооромиву майдоннишиниҳо аз сари қудрат барканор шуданд. Баъди шикасти ҳукумати Қурманбек Боқиев дар моҳи апрел кишвар то кунун аз ҷониби ҳукумати муваққатӣ идора мешавад. Вале аз интихоботи 10 октябр то кунун як ҳуқумати эътилофӣ ҳанӯз таъсис нашудааст.

Нақши созандаи мардикорон дар иқтисод

Дар ин вазъ аксари коршиносони масоили иқтисодии минтақа бар ин боваранд, ки дар чанд соли оянда ин ду кишвари фақири Осиёи Марказӣ ҳамчунон вобастаи пули мардикорон боқӣ хоҳанд монд.

Аммо ин ҳам осон ба даст намеояд. Аксари муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Русия корҳои сиёҳу вазнини ҷисмониро иҷро мекунанд. Қисми зиёди онҳо ғайрирасмӣ кору зиндагӣ мекунанд ва ҳифзи иҷтимоӣ надоранд. Ин ҳолат онҳоро водор месозад ба пулиси рус ришва диҳанд ва мисли дигар мардикорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз зери ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол мусоҳиби авваламон – Элнур Қодирова, ҷавонзани қирғиз мегӯяд, зиндагиву кор дар Русия сабуку осон нест, вале интихоби дигар надорад. Ягона ноновари хона худи уст ва оилааш низ дар вобастагии шадид аз муҳоҷирати ӯ қарор дорад. Мисли Элнур қисме аз мардикорони тоҷик, ки дар Русия кори доимӣ доранд, зимистон низ ба ватан барнамегарданд, то ҷойи кори ба сахтӣ пайдо кардаро аз даст надиҳанд.