Медведев хостори муҷозоти ошӯбгарон шуд

Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ваъда дод, ки омилони хушунатҳои рӯзҳои шанбеву якшанбеи Маскавро муҷозот хоҳанд кард. Дар пайи ошӯбҳои ахир дар пойтахти Русия дастикам 30 нафар маҷрӯҳ шудааст.
Ин бенизомиҳо, ки бо баҳонаи куштори як ҳаводори футбол шурӯъ шуд, ба раҳпаймоиҳои эътирозии ҷавонҳои миллатгаро ва нажодпараст бадал гашт, ки зидди ғайрирусҳову қафқозиҳо шиор баланд мекарданд. Шабакаҳои телевизионии Русия тайи чанд рӯзи ахир ин ошӯбҳоро ба намоиш гузошта инчунин ҳушдор медиҳанд, ки эҳтимолан хушунатҳо рӯзҳои дигар ҳам идома кунад.

Ҳушдори Медведев ба ошӯбгарон

Медведев рӯзи душанбе гуфт, ки омилони хушунатҳои ахир бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд:

“Ба вижа амалҳое хатарноканд, ки душманиву адоватро бар пояи тафриқаҳои милливу нажодӣ, милливу мазҳабӣ доман мезананд. Ингуна амалҳо ба пойдории давлат таҳдид мекунанд. Дар ҳолати муқовимат бо ингуна амалҳо, милиса метавонад ва ҳақ ҳам дорад, ки аз ҳама роҳҳои қонунии муҷозот истифода кунад”.

Дар гирдиҳамоие, ки ба нишони эътироз аз кушта шудани як ҳаводори футбол ташкил шуд, дастикам панҷ ҳазор нафар аз ҳисоби ҳаводорони футболу нажодпарастон иштирок карданд.

Вале аз рӯи рафтор, шиорпартоиҳо ва хушунатҳое, ки ин эътирозҳо дар пай дошт, маълум буд, ки назар ба тарафдорони футбол дар миёни ин тӯдаи эътирозгарон, бештар аъзои ҳаракатҳои нажодпарасту миллатгаро ҳузур доштанд, ки зидди хориҷиҳо ва ба вижа қафқозиҳо шиор медоданд.

Латма ба обрӯи мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2018

Таҳлилгарони зиёд хушунатҳои ахирро чун амали нангин ба ҳайсияти кишвари мизбони ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 арзёбӣ карданд.

Дар оғоз гуфта шуд, ки ин издиҳом бо талаби мунсифона ва ҳамаҷониба таҳқиқ шудани ҳодисаи куштори Егор Свиридов, як ҳаводори тими “Спартак”-и Маскав дар рӯзи 5 декабр ба хиёбонҳо рехтааст.

Баъдан маълум шуд, ки Свиридов худ як узви гурӯҳи тундгарои рус буд, ки аз ҷониби як ҷавони қафқозӣ кушта шуд. Сокини Кабардино-Балкария Аслан Черкесов, ки дар ин куштор айбдор мешавад, дар як мусоҳиба аз боздоштгоҳ гуфт, ки дар паи ҳамлаи гурӯҳи ҷавонҳои нажодпараст ва латтукӯби ваҳшиёнаи ӯву дигар ҳамроҳонаш маҷбур шуд аз туфангча ба Свиридов тир холӣ кунад. Ҳамроҳони вай баъди бозпурсии аввал озод шуданд.

"Русия барои русҳо"

Гирдиҳамоии ҷавонҳои рус дар майдони Манеж базудӣ ба хушунат гаравид ва ширкатдорони он шиорҳои нажодпарастонаву хушунатзоро ба забон оварда бо сангу шиша, чӯбу пораҳои ях ба нирӯҳои полис дарафтоданд. Дар атрофи қасри Кремлин cадҳо ҷавон шиори “Русҳо, ба пеш!” ва “Русия барои русҳо”-ро ба забон меоварданду дар хиёбонҳову дохили метро ба ҷавонҳои ғайрирус дастаҷамъона ҳамла мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои пуштибони футбол зуд талош карданд аз гурӯҳҳои нажодпараст худро канор гирифта масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши онҳо вогузор кунанд. Амир Хуслуддинов, раҳбари фан-клуби “Спартак”-и Маскав гуфт:

“Ман бо тамоми масъулият мегӯям, ки ҳаводорони клубҳои Маскав дар ҳодисаҳои майдони Манеж иштирок надоштанд”.

Мақомот гурӯҳҳои тундравро айдор мекунанд

Дар изҳороти худ, вазири умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев масъулиятро ба дӯши гурӯҳҳои тундрави миллатгаро вогузор кард. Вай гуфт, дар паи он ҳодисаҳо 13 нафар, аз ҷумла ходимони полис бо ҷароҳатҳои мухталиф ба шифохона интиқол дода шуданд. Баъзе хабаргузориҳо аксҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки дар онҳо ширкатдорони ошӯбҳои ахир шабеҳ ба тарафдорони нозӣ даст боло мекарданд.

Полис мегӯяд, ки дар робита ба ошӯбҳои ахир 65 нафарро боздошт кардааст. Дар изҳороти полис инчунин гуфта мешавад, ки дар пайи бенизомиҳои ҳамсони Санкт-Петербургдар рӯзи шанбе, 60 нафар дастгир шуданд.

Дар пасманзари ин ҳодисаҳо, рӯзи якшанбе аз Маскав хабар доданд, ки як марди қирғизтабор аз зарби корд кушта шуд. Интерфакс мегӯяд, ки Алишер Шамшиеви қирғизистонӣ, ки 37 сол доштааст, аз ҷониби гурӯҳи 15-нафараи ҳамлагарон ба ҳалокат расид.

Ҳушдори ҷиддӣ барои мақомоти Русия

Гаррӣ Каспаров, яке аз раҳбарони мухолифини ҳукумати Русия гуфт, ки хушунатҳои миллатгароён бояд барои мақомоти Русия ҳушдори хеле ҷиддӣ бошад:

“Мақомот бояд дарк кунанд, ки муборизаи беамони онҳо зидди тазоҳуроти сулҳомез натиҷа нахоҳад дод. Дирӯз мо дидем, ки натиҷаи танишҳои сартосарӣ, харобкориву хушунатҳои дастаҷамъона чӣ мешавад. Кас бовар кардан мехоҳад, ки мақомоти Русия як қадре вазъияти имрӯзаи кишварро дарк карда метавонанд”.

Дар ҳоле, ки полис ба таҳқиқи ҳодисаҳои ахир машғул буда наворҳои видеоии мухталифро барои мушаххаскунии чеҳраи ҷавонони ҳамлагар мавриди омӯзиш қарор додааст, ҳеҷ хабаре дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита бо хушунатҳои гурӯҳҳои нажодпараст дар даст нест.