Дар ҳоле, ки дар шаҳри Маскав нишастҳои Шўрои раҳбарони кишварҳои узви ИДМ, СПАД ва АврОсиё идома дорад, бархе аз коршиносони минтақаӣ аз номуассирии ин созмонҳо ёд мекунанд ва мегӯянд, ин нишастҳо ба маҳфилҳои дидорбинӣ табдил шудаанд.
Интизориҳо аз натоиҷи ҳамоишҳо дар шаҳри Маскав мавзӯи меҳвари сӯҳбати Радиои Озодӣ бо Аркадий Дубнов, коршиноси масоили сиёсии минтақа, буд. Ҷаноби Дубнов гуфт: “Аз нишастҳои ИДМ чизи муҳимеро интизор будан кори беҳуда аст. Зеро аз касе пӯшида нест, ки ин нишастҳо танҳо имконест барои мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони кишварҳо. Қарору тасмимҳои ИДМ умдатан татбиқ намешаванд. Президенти муваққати Молдова ба ин далел, ки дар он ҷо ягон қарори муҳим қабул намешад, аз ширкат дар нишаст даст кашид. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердиумҳаммедов низ дар тӯли солҳои ахир бори нахуст ба мулоқоти кишварҳои ИДМ ҳозир нашуд. Ӯ саргарми омодагӣ ба имзои қарордоди бунёди хати лӯлаи гази трансмиллӣ тавассути Афғонистон аст. Ҳосили қарордод барои Бердимуҳаммадов болотар аз ширкат дар шишасти беҳосили маскав аст"
Озодӣ: -Аммо нишасти ОДКБ чи? Раҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар ин чаҳорчӯб низ дар Маскав Мулоқот мекунанд.
А. Дубнов: -Ба назари ман, дар ин нишаст масълаҳои воқеитар мавриди муҳокима қарор мегирад. Масъалаи аввал ба такмили механизми вокуниши сареъи изтирории ОДКБ марбут аст. Вале гап сари он аст, ки ин механизм замони ҳодисаҳои моҳи июни Қирғизистон корношоямии худро ба намоиш гузошт. Барои он ки истифода аз нерӯҳои ОДКБ тавассути консессус, яъне ризояти тамоми кишварҳои ин созмон ба даст меояд. Аммо чунин консессус то ҳол ҳосил нашудааст. Аммо ин навбат ба шакли нармтар мехоҳанд ин корро имконпазир кунанд. Батарзе, ки акнун аз ҳама кишварҳо ризоят талаб намешавад, танҳо муқобил набудан кофӣ аст. Ва ман намедонам аз ин чӣ ҳосил мешавад. Ва ин ҳам месозад, ки миёни кишварҳои мухталифи узви ОДКБ зиддиятҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки корбурди неруҳои ин паймонро дар ҳолатҳои изтирорӣ зери савол мебарад.
Озодӣ: -Бисёр коршиносон СНГ–ро аз кайҳо як созмони фалаҷ меҳисобанд. Пас, дар чунин вазъ чаро кишварҳои узви ин созмон домани онро раҳо намекунанд. Сабаб чист?
А. Дубнов: -Медонед, аз рӯи як мақол, ин созмон мисли ҷомадони бедаста аст, ки истифода аз он роҳат нест ва партофтанаш низ ҳайф аст. ИДМ ҳам ҳамин тавр аст. Ба ҳар ҳол, ин беҳтар аз ҳеҷ чиз аст, мефаҳмед? Барои он ки ин созмон, ба ҳар ҳол, имконоти мулоқотҳои раҳбарони кишварҳо ва баррасии масъалаҳоро ба таври муназзам фароҳам меорад. Дар ҳоле ки инчунин созишҳо бо сафарҳои расмӣ ба даст меояд, ки ташвишу тараддуд ва имзои санадҳои зиёдеро дорад. Вале созмони ИДМ чунин имконотеро фароҳам меорад, ки соле як маротиба ё бештар раисҷумҳурҳо ҷамъ омада, дар бораи масъалаҳои муҳими худ суҳбат кунанд. Ин мисли як маҳфили дӯстон аст, ки масалан, моҳе як бор ба ҳам меоед, ва сари як истакон оби ҷав сари масъалаҳои доғи миёни худ суҳбат мекунед. Ин ҷо ҳам ҳамин тавр аст.
Озодӣ: - қарори фаъол кардани фазои ягона иқтисодӣ миёни “кишварҳои сегона” - Русия, Беларус ва Қазоқистон сар аз соли 2012 як дастоварди муҳимти саммити ИДМ хонда мешавад ва ҷалби Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ба иттиҳоди ягонаи гумрукӣ ҷараён дорад . Дар ин бора чӣ назар доред?
А. Дубнов: -Ман дар ҳоли ҳозир имконоти пайванди кишварҳои дигар ба иттиҳоди ягона гумрукиро намебинам. Биёед, нахуст бубинем, ки худи ҳамон иттиҳоди ягонаи гумрукӣ чӣ гуна фаъолият хоҳад кард.