Паёми Фурӯғӣ, коршиноси умури ҳуқуқ, дар Рӯзи таҷлил аз ҳуқуқи башар ба пурсишҳои Озодӣ роҷеъ ба ин ки дар як соли гузашта вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон то куҷо беҳбуд ё коҳиш ёфт, посух гуфт.
Ҷавоб: Аслан ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон масъалаи соддае нест, ки рӯяш ба роҳатӣ сӯҳбат шавад. Агар аз мушкилоти ҳуқуқи башар дар ин кишвар гӯем, бисёранд. Дар соли 2010, масалан, дар масъалаи ҳуқуқи зан ва хушунати хонаводагӣ, ки соли гузашта дафтари Авфи байнулмилал як гузориши таҳлилӣ бо тавсияҳои муҳим роҷеъ ба ин мушкили калон дошт, ё ҳуқуқи заминдорон ва кишоварзҳо, ки ба ҳуқуқҳои пахтачинҳо ва кӯдакон рабт дорад, беҳбудиҳое ба назар мерасиданд ва давлати мӯҳтарам ҳам саъй карданд ҷилави ин корҳоро бигиранд. Аммо ман, ки зиёд рӯи дастрасӣ ба зиндонҳо таҳқиқ мебарам, дар ин маврид бояд гӯям, ки дар соли 2010 дар ин самт тағйироти зиёд ба вуҷуд наомад ва мутаассифона, аз баъзе ҷиҳатҳо бадтар ҳам шудааст. Шояд ин рабт дорад ба амнияти кишвар, ки ноором буд ва зиндониҳои нав ҳам омаданду иддае ҳам фирор карданд. Мутаассифона, имсол ва солҳои пеш ҳам ба зиндонҳо дастрасии мустақил надоштем. Соли 1995 буд, ки Тоҷикистон Эъломияи мубориза алайҳи шиканҷа ва бадрафториро имзо кард ва парлумонаш ҳам ба тасвиб расонд. Аммо аз он сол ба баъд масъалаи шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон мубҳам буд, ахбори баде ҳам аз ин ҷову он ҷо гирифта мешавад. Ахбороте, ки гирифта мешаванд дақиқ нестанд, чун дастрасӣ нест.
Суол: Оқои Фурӯғӣ, Тоҷикистон ҳамасола аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ дар масъалаи ҳуқуқи башар интиқод мешавад ва хеле сахт ҳам интиқод мешавад. Ба назари Шумо, оё то куҷо барои беҳбуди вазъ ҳукумат ва худи мардум масъул ҳастанд? Манзур, ҳукуматҳо бояд мардуми худро тарбия кунанд, то тавонад аз ҳуқуқҳояш ҳимоят кунад ё мардум бояд бикӯшанд, ки ҳуқуқҳои онҳо аз сӯи кормандони ҳукумат нақз нашавад? Ё дар ҳамин сатҳ мондани фаҳмишҳои мардум ҳукумат ҳам манфиатдор аст?
Ҷавоб: Авзои Тоҷикистон аз хеле кишварҳои дигар беҳтар аст. Вале ин далели он намешавад, ки мо худро бо кишварҳое, ки дар ҳуқуқи башар хеле паст рафтаанд, муқоиса кунем. Мо бояд бо идеалҳо, кишварҳои хеле фавқулодда ва ормонҳои хеле фавқулодда муқоиса кунем. Суоле, ки пеш меояд, сабаб дар куҷост, вақте мушкилоти ҳуқуқи башарро мебинем? Оё бастагӣ ба мардум дорад, ки ҳуқуқҳои худро намедонад? Оё ба бархе мақомоти давлатӣ марбут аст, ки ҳуқуқҳои башарро поймол мекунанд? Ва ё бастагӣ дорад ба масоили иқтисодӣ? Мегӯянд, ки вазъи иқтисодии давлат ҳар қадар беҳбуд ёбад, вазъи ҳуқуқи башар ҳам ҳамон қадар хуб мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки тамоми ин омилҳо масъул ҳастанд. Намешавад гуфт, ки кадоме омили аввал ҳаст.
Суол: Шумо аз омили иқтисодӣ гуфтед, аммо масалан, Арабистони Саудӣ як кишвари дорову вазъи иқтисодиаш шояд аз бархе кишварҳои аврупоӣ хуб бошад, аммо интихобот, бигзор ношаффоф ҳам бошад, вуҷуд надорад. Аммо Тоҷикистон роҳ ба як ҷомиаи демокративу ҳуқуқбунёд дорад...
Ҷавоб: Ин нукта дуруст аст. Иқтисод ҷузъи ин нақша ва муаммо аст. Танҳо омил нест. Масъалаи донистани ҳуқуқи худамон, масъалаҳои геостратегӣ ҳам ҳастанд. Фарз кардем, агар вазъи Афғонистон беҳбуд ёбад, хеле мушкилоти Тоҷикистон ҳам ҳал хоҳанд шуд. Ҳоло тамоми кӯмаки дунё ба Афғонистон аст ва шояд таваҷҷӯҳи зиёде ба Тоҷикистон намешавад. Ҳатто он ёрдамҳои иқтисодиву ҳуқуқибашарӣ ба ин ҷо, ки ба таври бояду шояд бошанд, анҷом намешаванд. Мутаассифона, буҷаи зиёд ва кӯмакҳои кишварҳои ҷаҳон барои ҷанги Афғонистон харҷ мешавад.
Суол: Оқои Фурӯғӣ, аксари сокинони Тоҷикистон барои додхоҳӣ, барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба ҷуз мақомот, дари созмонҳои байнулмилалро низ мекӯбанд. Оё ахириҳо то куҷо барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон нақш дошта метавонанд?
Ҷавоб: Масъалаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар қабл аз ҳама ба давлати Тоҷикистон ва халқи худаш вобаста аст. Онҳо бояд дар ин фикр бошанд. Аммо азбаски ин тавр нест, созмонҳои хориҷӣ ҳам як омил ҳастанд ва таъсири худро доранд. Бояд як ҳамкорӣ бошад. Аммо нуктаи дигари муҳим ин аст, ки вазъи ҳуқуқи башар бо вазъи амнияти ҳар як кишвар сахт вобастаанд ва зиддинақиз нестанд. Мутаассифона, шояд баъзе аз мақомот фикр кунанд, ки агар озодӣ бештар шавад ва ҳуқуқи мардум бештар риоят шавад, имкон дорад амнияти кишвар ҳам камтар шавад. Ин танҳо дар Тоҷикистон нест. Ҳатто дар Амрико ҳам ба монанди қазияи Гуантанамо ва ҷойҳои дигар ҳамин гуна масъала буд. Ҳоло кишварҳои аврупоӣ, Амрико, Канада ва дар кул тамоми ҷаҳон ба ин натиҷа мерасанд, ки ҳуқуқи башар ва амнияти миллӣ бо ҳам робитаи хуб ва хеле наздик доранд. Агар ҳуқуқи башарро беҳтар кунем ва қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башарро ҳақиқатан иҷро кунем, авзои амниятии кишвар ҳам беҳтар хоҳад шуд.