Фишурдаи матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе

Сарнавишти ширкати «Мовароуннаҳр» ва чашмандозе ба соли нави милодӣ, густариши фасод дар Тоҷикистон, баҳси Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, бозгашти толибилмон аз кишварҳои исломӣ аз мавзӯҳои асосии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ҳастанд.
«Азия-плюс» дар сармақолаи худ менависад, «Охунов ваъдаи баргардонидани қарзҳоро додааст». Раиси зиндонии ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" - Ҷӯрабек Охунов зимни як нома аз Додситони кулли Тоҷикистон - Шерхон Салимов хостори озодии худ шуда, гуфтааст, ки дар ҳоли озод шудан, қарзҳои ширкаташ пеши мизоҷонашро метавонад пардохт кунад. Мутахассисони ин ширкат ҳам гуфтаанд, ки бидуни озодии раис, ҳеҷ як аз сармоягузор бо ширкат ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Дар матлаби дигари ин нашрия таҳти унвони «Ёлки-палки!», мавзӯи манъи таҷлили соли нави милодӣ баррасӣ шудааст. Мақомот сарусадоҳо дар бораи манъ шудани ин идро такзиб кардаанд, аммо коршиносон гуфтаанд, ки Тоҷикистон бояд аз ду соли нав — Соли нави мелодӣ ва Наврӯз бояд якеро интихоб кунад, зеро як инсон ду модар дошта наметавонад.

«Нигоҳ» баъд аз ҳаводиси шарқи Тоҷикистон аввалин мусоҳибаро бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи мухолифини тоҷик анҷом додааст. Аҳмадов гуфтааст, ки барои пайдо кардани гунаҳкорони куштори сарбозон дар Камароб бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунад. Вай дар ин ҳамла даст доштани Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакиро, ки аз сӯи мақомоти расмӣ иддао мешавад, таъйид кардааст.

«Озодагон» сармақолаи худро «Наҳангкоррупсионерҳо фош мешаванд?» унвон гузоштааст. Дар ин матлаб омадааст, то замони коҳиш наёфтани мизони фақр, мустақил набудани додгоҳу додситонӣ ва баргузории интихоботҳои ношаффоф Тоҷикистон дар гузоришҳои созмонҳои байнулмилалӣ дар зинаҳои «фахрӣ»-и фасодзадагӣ қарор хоҳад дошт.


«Наҷот» дар матлабе таҳти унвони «Тоҷикистон «сайди» «сайёдони» аҷнабӣ» менависад, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон яке аз ниҳодҳои муҳими дастгоҳи амниятии Ӯзбакистон аст, ки дар замони шӯравӣ таҳти котроли КГБ буд ва баъд аз истиқлолият ба Тоҷикистон фиристода шуд.

«Миллат» дар матлабе таҳти унвони «Толибон бармегарданд» ба мавзӯи бозгашти толибилмони тоҷик аз кишварҳои исломӣ пардохтааст. Нашрия менависад, дар ҳоли баргардонидан ва ҷойгир кардани онҳо дар
Тоҷикистон суоле ҳам боз мемонад, ки «аз ин пас чӣ бояд кард?», зеро сӯҳбат аз як раванд аст ва аз раванд ҷилавгирӣ кардан салоҳи кор нест, бояд маҷрои онро дигар кард.

Дар мусоҳибае бо ин нашрия Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси кишвар иттиҳоми бархе гуруҳҳо тавассути расонаҳо ба унвони худро рад карда ва гуфтааст, ки шахсе, ки бо номи Абдувосит Латипов дар Русия боздошт шудааст, ҳеҷ гоҳ муҳофиз ва шогирди ӯ набудааст. Ӯ гуфтааст, ки ӯву бародаронашро ором гузоранд, то дар ватани худ оромона зиндагӣ кунанд.

«СССР» дар матлабе таҳти унвони «Ҷанги саввуми ҷаҳонӣ сар шуд» менависад, ин ҷанги иттилоотист ва матолибе, ки Викиликз нашр мекунад, бозгӯи оғози он аст. Нашрия менависад, дар Тоҷикистон ин набардро ошкоро дар расонаҳои давлатӣ бояд бурд. Ин нашрия навиштааст, «бо Қозиву бародаронаш ва Кабириву Додоҷони Атоулло «размидан» ба маънои ширкат дар ҷанги иттилоотӣ нест».