Номи полковники милиса Мустафоқул Рустамов дар ҳоле рӯйи забонҳо меуфтад, ки ӯ ба унвони раҳбари раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт таъйин шудааст. Вай тақрибан шаш моҳ пеш ба ноҳияи Рашт ҳамчун раҳбари шӯъбаи корҳои дохилӣ омада буд.
Ҷаноби Рустамов дар замони даргириҳои миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Мулло Абдуллову Алии Бедакӣ дар тирамоҳи имсол низ ин вазифаро ба ӯҳда дошт.
Мустафоқул Рустамов- сарбози ҳирфаӣ
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилии Точикистон, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, полковник Рустамов солҳои тӯлонист, ки дар бахшҳои мухталифи ин вазорат кор мекунад.
“Вай чанд сол ҳамчун раҳбари шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Турсунзода кор кардааст. Муовини сардори раёсати кофтукови ҷиноӣ, муовини сардори раёсати шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва охирин вазифае, ки дошт сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт буд”,-афзуд вай.
Аммо Мустафоқул Рустамов дар ҳоле ба мақоми сардори раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилӣ таъйин мешавад, ки қаблан интизор мерафт Шоҳ Искандаров ё Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин ба ин мақом соҳибӣ кунанд.
Иддае аз коршиносон ба ин бовар буданд, ки худи таъсиси раёсати минтақавии вазорати корҳои дохилӣ талаби фармондеҳони мухолифини пешин аст, то ба ин васила тавонанд ҳам барои худ ҷои кор пайдо кунанду ҳам минтақаро таҳти назар дошта бошанд.
Мисле, ки то соли 2008 Мирзохӯҷа Аҳмадов шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаро дар Рашт роҳбарӣ мекард ва ин шӯъба дар пайи кушта шудани Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН, воҳиди вижаи ВКД дар як даргирӣ бо афроди Аҳмадов дар шаҳраки Ғарм, барҳам хӯрд.
Таъйиноти ҷадид аз нигоҳи коршиносон
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, таъйин шудани як фарди ихтисосманд ба мақоми ин раёсатро дар муқоиса ба таъйини Шоҳ Искандаров ва ё Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки зодагони минтақаи Раштанд ва ба қавле минтақаро мисли панҷ панҷа хуб медонанд, интихоби дуруст меҳисобад.
Рустами Одил, як сокини нохияи Рашт, ки тақрибан ду соли ахир Мустафоқул Рустамов дар он ҷо сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ буд, мегӯяд, дар тӯли фаъолияти оқои Рустамов дар ин минтақа, аз сокинони ин маҳал дар бораи ӯ ҳарфи баде нашунидааст.
Аммо ба назари Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари тоҷик, дар ниҳоят боз ҳам аз марказ эъзом шудани як нафар ба раҳбарии ниҳодҳои умури дохилаи минтақаи ноороме чун водии Рашт аз он шаҳодат медиҳад, ки Душанбе ҳамчунон ба мухолифини пешин бо назари шубҳа нигоҳ мекунад ва сӯъиэътимодҳое дар байн ҳамчунон боқӣ монда, ки чунин симмати муҳим барои мисол, ба Шоҳ Искандаров вогузор нашавад.
Дар ҳоле, ки ба эътиқоди ин таҳлилгар, зодагони водии Рашт вазъи он минтақаро беҳтар аз нафарони эъзомӣ медонанд ва метавонистанд ба ҳаводисе, чун фаъол шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки се моҳ ба ин сӯ дар ноҳияи Рашт мушоҳида мешавад, беҳтар расидагӣ ҳам кунанд.
Ҳамсӯҳбати мо аз ҷумла ба ин нукта ишора мекунад, фаъолшавии гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов ва Абдуллоҳ Раҳимов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло, дар водии Рашт дуруст дар замони кори Мустафоқул Рустамов ва гузашта аз он, маҳз дар ноҳияи таҳти назари ӯ иттифоқ афтод.
“Натиҷаи мавҷуд набудани эътимоди комил аст. Агар эътимоди комил мебуд, Шоҳ Искандаров бо параметрҳои полковник, хатмкардаи академияи ҳарбии Русия метавонист, ки дар ин симмат таъйин шавад. Боз ҳам масъала бармегардад ба мавҷуд набудани эътимоди комил”,-илова кард ӯ.
Таҷрибаи нави як ниҳоди интизомӣ дар Рашт
Дар ҳар сурат, баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, барои нахустин бор аст, ки дар минтакаи Рашт раёсати минтақавии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ташкил меёбад. Чунин ниҳод дар водии Рашт тайи 5 соли ҷанг, ки бештар дар ҳамин минтақа мегузашт, вуҷуд дошт, вале дар пайи имзо шудани қарордоди сулҳ барҳам дода шуд.
Акнун ин раёсати минтақавӣ шӯъбаҳои милисаи панҷ ноҳияи водии Рашт —Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Ғармро таҳти назорат ва зери итоати худ мегирад ва мақоми ин идора баробар бо мақоми раёсати вилоятист.
Мақоме, ки ҳамакнун онро полковники милиса ва зодаи ноҳияи Турсунзода Мустафоқул Рустамов бар ӯҳда гирифтааст ва ҳанӯз маълум нест, ки боз чи ҳаводисе ӯро дар ин минтақаи бӯҳронии Тоҷикистон дар пеш аст.