Бино бар натоиҷи як таҳқиқоти табибони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки маҷалаи мӯътабари тиббии “The Lancet” нашр кардааст, як дарсад аз ҷамъи мардуме, ки мефавтанд, ба иллати сигоркашии ғайрифаъол, яъне ҳузур дар ҷамъи мардуми сигоркаш, ба зиндагӣ падруд мегӯянд.
Ин таҳқиқот, ки соли 2004 дар 192 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст, ҳокист, ки ҳамон сол ба иллати сигоркашии ғайрифаъол 603 000 нафар, бо шумули ҳудуди 165 000 кӯдак, аз олам чашм пӯшидаанд. Ва аммо дар ҳоле, ки дар Аврупо аз ин иллат ҳамагӣ 71 кӯдак даргузаштааст, сигоркашӣ дар ҳузури атфол дар қораи Африқо, барои мисол, мунҷар ба марги беш аз 43 000 ноболиғ шудааст.
Ҳамин тавр, дар соли 2004 аз сигоркашии фаъол дар дунё 5,1 миллион нафари сигорӣ вафот кардаанд. Яъне ба иллати дуди сигор ҳамасола дар ҷаҳон зери 6 миллион нафар бо ҷони ширини худ падруд мегӯянд.
Муҳаққиқон тасвиб ва иҷрои билофосилаи Паймони мубориза бо тамоку дар чаҳорчӯби Созмони ҷаҳонии беҳдоштро ба ҳайси як роҳи ҷилавгирӣ аз маргумири бештари мардум ба иллати дуди сигор тавсия медиҳанд. Ин паймон аз ҷумла боло бурдани молиёти сигору тамоку, манъи таблиғи ин маҳсулот ва ҳам манъи кашидани сигор дар маконҳои ҷамъиятиро пешниҳод мекунад.
Гуфтанист, ки Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон ҳам ахиран қонунеро тасвиб кард, ки кашидани сигору нос дар маконҳои ҷамъиятӣ ва дар дохили муассисаҳои давлатиро манъ ва барои нақзи ин муқаррарот ҷаримаҳои ҳангуфт пешбинӣ мекунад.
Интизор меравад, ин қонун рӯзи 16 декабр дар иҷлоси навбатии Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумон ҳам баррасӣ шуда, сипас бо имзои раисиҷумҳур дар маърази иҷро гузошта шавад. Ва ба эҳтимоли ғолиб, кашидани сигору нос дар идороти давлатӣ ва маконҳои ҷамъиятии Тоҷикистон шояд алакай аз оғози соли нав манъ шавад.