Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд то поёни моҳи равон беш аз 300 донишҷӯи боқимондаи тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии хориҷӣ таҳсил мекунанд, низ ба ватан баргардонида хоҳанд шуд.
Идибек Зиёев, мудири шӯъбаи таҳсилоти динии Кумитаи дин гуфтааст, то имрӯз аз чунин мадорис ҳудуди 1000 тан пас оварда шудаанд.
Қаблан вазорати хориҷа хабар дода буд, ки аз ин шумор тақрибан 600 нафараш ба Тоҷикистон ва боқӣ ба кишварҳои дигари муштаракулманофеъ ва умдатан ба Русия баргаштаанд.
Даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои бозгашти муҳассилин
Дар зарфи се моҳи охир садҳо нафар толибилми тоҷик аз мадрасаҳои мазҳабии Покистон, Миср ва Эрон ба Тоҷикистон бозпас оварда шуданд.
Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.
Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.
Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.
Ахиран дар як филми мустанад бо номи "Масири гумроҳон", ки ҳама шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, ки чанд тан аз ҷавонҳои тоҷик дар мадрасае дар Вазиристони Покистон таълимоти террористӣ мегиранд.
Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти динӣ мегиранд.