Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни боздиди ғайричашмдошт аз Афғонистон гуфт, нерӯҳои ИМА дар ин кишвар дар мубориза бо шӯришиёни Толибон ба пешрафтҳои муҳиме даст ёфтаанд. Ӯ сафари худро ба Афғонистон аз пойгоҳи низомии ИМА дар Багром оғоз кард.
Барак Обама, ки дар сафари аз пеш эъломнашуда аз пойгоҳи Багром – пойгоҳи аслии нерӯҳои Амрико дар Афғонистон дидан кард, дар ҷамъи чаҳор ҳазор низомии амрикоӣ гуфт: «Имрӯз метавонем ба ин мавзӯъ ифтихор кунем, ки манотиқи камтаре дар дасти Толибон аст».
Ба гуфтаи мақомоти Кохи сафед, қарор аст Барак Обама дар чаҳорчӯби сафар ба Афғонистон бо Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури ин кишвар, гуфтугӯ кунад.
Раисиҷумҳури ИМА дар ҳоле ба Афғонистон сафар кард, ки интизор меравад стратегияи Амрико дар Афғонистон то поёни моҳи декабр мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Ин сафари Обама ҳамчунин тавъам бо нашри гузоришҳое дар сомонаи баҳсбарангези «Викиликс» сурат мегирад, ки дар ин гузоришҳо қудрати Ҳомиди Карзай дар идораи умури Афғонистон мавриди шакку шубҳа қарор гирифтааст.
Феълан беш аз 100 ҳазор нафар аз сарбозони амрикоӣ дар чаҳорчӯби эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ба ҷанг бо Толибон машғуланд.
Бар тибқи барномаи аввалияи Барак Обама, қарор буд нерӯҳои амрикоӣ дар соли 2011 хуруҷ аз Афғонистонро шурӯъ кунанд.
Вале пас аз пирӯзии ҷумҳурихоҳон – мухолифони Обама дар интихоботи миёндавраии Амрико ва мухолифати онҳо ба таъини замони хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон, давлати Барак Обама низ мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо дертар аз соли 2011 оғоз хоҳад шуд.
Ин дуввумин сафари Барак Обама ба Афғонистон аз замони шурӯи раёсатҷумҳури ӯ ба шумор меравад.